Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷоми ҷаҳонии футбол" муҳоҷирони тоҷикро ба ватан баргардонд


Созмони ҷамъиятии "Тонг Ҷаҳонӣ" дар Русия мегӯяд, дар моҳи май, пеш аз оғози бозиҳои "Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018" ҳадди аққал 300 муҳоҷири тоҷик ихтиёран тарки ин кишвар кардаанд.

Инҳо муҳоҷироне будаанд, ки ё мӯҳлати патенташон тамом шуда дубора тамдид нашудааст ва ё бо хоҳиши кор фармоён розӣ шуданд то анҷоми бозиҳои футбол дар 11 шаҳри Русия, муввақатан кор ва зиндагӣ дар инкишварро тарк кунанд.

"Ҳоло тафтиш хеле зиёд шудааст"

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқии муҳоҷирон, ки бо созмони "Тонг Ҷаҳонӣ" ҳамкорӣ мекунад рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин шумор муҳоҷирон қабл аз бозгашт ба ватан аз онҳо машварати ҳуқуқӣ пурсиданд.​

Ба гуфтаи ӯ, бархе корхонаҳо дар Русия ба хотири тафтишҳои зиёд қабл аз оғози бозиҳои "Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018" коргарони муҳоҷири худро муваққатан аз кор озод карданд ва бархе муҳоҷирони дигар, ки мӯҳлати патенташон дар моҳи май тамом шуда буд, дубора натавонистанд, патенташонро тамдид кунанд.Каримҷон Ёров гуфт, ки онҳо талош карданд, то ба ин муҳоҷирон ба хотири мондан дар Русия кӯмак кунад, вале худи онҳо аз тарси ихроҷ нахостанд дар ин кишвар бимонанд.

"Ҳоло тафтишу санҷиш хеле зиёд шудааст ва рӯзе созмони мо то 100 занги телефонӣ аз боздошти муҳоҷирон дар пайи ин санҷишҳо қабул мекунад. Бархе корфармоён ба хотири дарди сар нашудан коргарони муҳоҷири худро мувақаттан аз кор ҷавоб додаанд. Ин муҳоҷирон беҳтар медонанд, ки тарки Русия кунанд", - гуфт ӯ.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 14-уми июн то 15-уми июли имсол дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Калининград, Нижний Новгород, Қазон, Самара, Саранск, Волгоград, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург баргузор хоҳад шуд.

"Корфармо ба хубӣ гуфт, ки равед"

Анвар Турдиев, сокини 34-солаи ноҳияи Фархор ҳафтае пеш аз Русия баргашт. Ӯ се моҳи пеш барои кор ба шаҳри Екатеринбурги Русия рафта буд ва қарор буд, як сол он ҷо бимонад.

Ин ҷавони муҳоҷир рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як корхонаи коркарди чӯб бо маоши 35 ҳазор рубл кор мекард, аммо аввали моҳи май корфармо ба ӯ ва 10 муҳоҷири тоҷику узбек гуфт, ки корхонаашро то анҷоми бозиҳо мебандад.

"Ҳама ҳуҷҷатҳо дуруст буд, лекин корфармо ба хубӣ бароямон гуфт, ки "на ба шумо ва на ба худам дарди сар оварданӣ нестам. Тафтишҳо зиёд шудаанд ва мумкин аст, бо баҳонаи ночиз ҳам корхонаи маро банданд ва ҳам шуморо ихроҷ кунанд". Вазъият камтар мушкил буд, барои ҳамин сарфи роҳро кор накарда, баргаштем. Бозиҳо тамом шавад, бармегардем",-гуфт ӯ.

Чораҳои шадиди амниятӣ дар Русия

Муҳоҷирони дигари тоҷике, ки дар 11 шаҳри Русия кор мекунанд, аз афзоиши тафтишҳо ва мушкили дастрасии иҷозаи кор шикоят мекунанд. Шаҳрҳои мизбони бозиҳои футбол аз маконҳои аслии ҷойи кори муҳоҷирони тоҷик ҳам маҳсуб мешаванд.

Русия ба хотири таъмини амният дар ростои баргузории "Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018" назорат дар 11 шаҳрро тақвият бахшидааст. Қаблан, мақомоти Русия эълон карданд, ки охири моҳи май то моҳи июл дар ин шаҳрҳо бояд муҳоҷирон дар як рӯз худро дар идораи пулси сабти ном кунанд. Баъдан мӯҳлати сабти ном то се рӯз тамдид шуд. Бо ин вуҷуд, муҳоҷирон мегӯянд, хавфи ихроҷ аз Русия ба мӯҳлати тӯлонӣ дар ин шабу рӯз бештар аст.

Бархе муҳоҷирон ба хотири аз даст надодани даромад, макони кору фаъолияти худро муваққатан дигар кардаанд. Худойназар Раҳматов мегӯяд, ба хотири озодтар шудан аз тафтишҳо, ҷойи корашро тағйир дода аз Санкт-Петербург ба вилояти Калугаи Русия барои кор рафтааст. Ӯ гуфт, "дар Калуга тафтишҳо камтар аст".

Даҳҳо муҳоҷири тоҷики дигар, ки дар ин шаҳрҳо кор мекунанд, мегӯянд, бо вуҷуди тафтишҳои зиёд корашонро идома медиҳанд. Ҷаъфар Юнусов, як муҳоҷири дигари тоҷик дар Маскав гуфт, "агар ҳуҷҷатҳоят сад дар сад дуруст бошад, касе кор намегирад". Ӯ гуфт, дӯстони муҳоҷираш дар ҳамин моҳ бидуни мушкил патент гирифтанд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи дақиқи муҳоҷироне, ки дар ин шабу рӯз бо далели мушкили дарёфти патент, ба ватан бармегарданд, руйи даст нест. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин шумора дар қиболи онҳое, ки бе мушкили патент мегиранд, ночиз аст.

"Дар ҳамин моҳ ҳазорон шаҳрванди мо бе мушкил патент гирифтанд. Албатта, дар миёни шаҳрвандони мо ҳастанд, нафароне, ки бо далелҳои гуногун патент намегиранд, вале шумораи онҳо дар қиёс ба онҳое, ки патент мегиранду кор мекунанд, бисёр кам аст. Гузашта аз ин, ҳукумати Русия талош дорад, ки бозии Ҷоми ҷаҳониро дар сатҳи хуб баргузор кунад. Барои ин мо аз муҳоҷирон хоҳиш карда будем, ки санадҳояшонро дуруст кунанд ва дар ин шабу рӯзи ҳасос эҳтиёт кунанд”-гуфт ӯ.

Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон расман аз шаҳрвандони кишвар хоста буд, ки аз 25-уми май то 25-уми июли имсол аз сафар ба 11шаҳру вилояти Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Ё агар кори муҳиме доранд, масъалаи сабти ном ё ба қайдгузории худро аз қабл тарҳрезӣ намоянд.

Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, қабл аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол шароити кору зиндагии муҳоҷирон мушкилтар шудааст.

XS
SM
MD
LG