Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, баъди сахттар кардани ҷазо барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон шароити зиндагии занону духтарони машғули ин кор бадтар шудааст. Дар як гузорише, ки ду созмони ҳомии ҳуқуқ барои баррасӣ ба Созмони Милал пешниҳод кардаанд, омадааст, “азияту озори танфурӯшон, нақзи ҳуқуқ ва хушунат ба зидди онҳо ҳамчунон зиёд аст” ва “назар ба ҳар каси дигар танфурӯшон аз дасти маъмурони милиса ранҷ мекашанд”.
Аввал ба танфурӯшон таҳдид мекарданд, ки онҳоро ба идораи милиса мебаранд. Ҳоло мегӯянд, агар шарташонро иҷро накунанд, то 15 рӯз паси панҷара мешинанд.
Таҳдиду тамаъҷӯӣ, дашном... ва боздошти худсарона
Яке аз муаллифони гузориш “Шабакаи Шоҳ-Oим” аст, ки гурӯҳе аз танфурӯшони Тоҷикистону Қирғизистон ва Русияро ба ҳам меорад ва дар Қирғизистон қароргоҳ дорад. Яке аз ҳомиёни ҳуқуқи созмон, ки дар таҳияи гузориш ширкат кардааст, рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аҳволи танфурӯшҳо дар Тоҷикистон ҳамеша бад буд ва солҳои ахир бадтар шудааст.
“Солҳои ахир дар кишвар на танҳо танфурӯшҳо, балки созмонҳое зери фишор қарор доранд, ки бо онҳо кор мекунанд. Ҷазо барои танфурӯшҳоро соли 2015 ва баъд аз он сахттар карданд, ки Кумитаи Созмони Милал оид ба маҳви хушунат ба зидди занон аз Тоҷикистон хост, ҷазо барои танфурӯширо аз байн бардорад. Сахттар кардани ҷазо сабаби бадтар шудани вазъи танфурӯшҳо, риояи ҳуқуқи инсон ва хушунат ба зидди занони танфурӯш шуд”, - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Кормандони “Шабакаи Шоҳ-Оим” баъди сӯҳбат бо танфурӯшон ва намояндагони теъдоде аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ маълум кардаанд, ки таҳдиду тамаъҷӯӣ, дашном ва боздошти худсаронаи танфурӯшон дар Тоҷикистон як чизи маъмулӣ шудааст.
"Агар шарташонро иҷро накунанд..."
Дар ин гузориш омадааст: “Маъмурони милиса ҳангоми боздошти танфурӯшон бо ваъдаи онки онҳоро ба идораи милиса намебаранд, аз онҳо ошкор пул меситонанд. Дар баъзе маврид, маъмурони милиса аз баъзе танфурӯшон пайваста пул мегиранд ва ҳангоми амалиёти боздошт ба онҳо намерасанд”.
Ба қавли муаллифони гузориш, баъди сахттар кардани ҷазои маъмурӣ барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015, мақомот дасти кормандони милисаро барои таҳдид ба занону духтарони танфурӯш бозтар кардаанд. Дар ин гузориш мехонем, ки маъмурони милиса “аввал ба танфурӯшон таҳдид мекарданд, ки онҳоро ба идораи милиса мебаранд, ҳоло мегӯянд, агар шарташонро иҷро накунанд, то 15 рӯз паси панҷара мешинанд. Агар танфурӯш пул надошта бошад, бояд нафси шаҳвонии маъмури милисаро қонеъ кунад ва ё дар бораи мизоҷони сарватмандаш ба ӯ маълумот бидиҳад.”
"Бисёр хуб медонем, Шумо ба чӣ кор машғулед”
Мисли солҳои пеш ҳамчунин духтарону занони танфурӯшро метарсондаанд, ки дар бораи ин пешаашон ба хешовандонашон хабар медиҳанду онҳоро беобрӯ мекунанд. Муаллифони гузориш маъмурони милиса дар Тоҷикистонро ба он муттаҳам кардаанд, ки танфурӯшонро дашномҳои қабеҳ медиҳанд ва нисбат ба онҳо аз алфози зишт истифода мебаранд. Гузашта аз ин, ҳар вақте ки хостанд, бо сӯистифода аз мақом ба назди танфурӯшон мераванд ва бо таҳдиду зӯргӯӣ нафси шаҳвонии худро қонеъ мекунанд.
Боздошти худсарона, аксбардорӣ ва гирифтани нақши ангуштон яке дигар аз нақзи ҳуқуқи танфурӯшон аст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ пайваста такрор мешавад. “Амалиёти маъмурони милиса бо номи “мубориза ба зидди танфурӯшӣ” аксаран бо қонуншиканиҳо сурат мегирад. Ҳангоми амалиёт, танфурӯшонро худсарона дар кӯчаҳо, клубҳои шабона ва бе ҳеҷ аломати нақзи банди 130-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (танфурӯшӣ) боздошт мекунанд. Агар танфурӯш сабабҳои боздошташро бипурсад, афсарони пулис мегӯянд, ки “мо бисёр хуб медонем, Шумо ба чӣ кор машғулед” ва ё “одамони дуруст шабона дар сари кӯча намегарданд”.
Агар гуноҳи занҳои боздоштшуда собит шавад, маълумотро ба волидонашон мерасонанд
"Эътирофоташонро дар видео сабт мекунанд"
Яке аз онҳое, ки шоҳиди айнии амалиёт барои мубориза бо “ҷиноятҳои ахлоқӣ” будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони милиса дар як шаб то 40 зани ҷавон ва духтаронро аз клубҳои шабона дар Душанбе дастгир карда, ба идораи милиса бурданд. Ӯ тасвир кард, кӣ чӣ гуна афсарони милиса ба ин занон муносибати дағал доштанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, “яке аз онҳо духтаронро навор мебардошт ва суолҳои зиште медод, ки бо чанд кас ва чӣ гуна ҳамхоба шудаӣ.”
Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки бо танфурӯшон зиёд сӯҳбат кардааст, дар бораи чунин беэҳтиромӣ нисбат ба онҳо гуфт: “Пеш аз ҳама танфӯрушонро маҷбур мекунанд, ки барои маълум кардани бемориҳои ҷинсӣ ва вируси норасоии масунияти бадан аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Дар бораи онҳо ба ҷамоату волидонашон хабар медиҳанд. Онҳоро ба феҳрасти «фоҳишаҳо» ворид мекунанд ва «эътирофоташонро» дар видео сабт мекунанд.”
Боздошти 80 танфурӯш дар як моҳ
Танҳо дар моҳи январи ҳамин сол баъди боздошти 80 танфурӯш ҳамаи онҳоро маҷбур аз ташхиси тиббӣ гузаронидаанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, асосан танфурӯшони ноболиғро бозпурсӣ карда, ба дасти наздиконашон месупориданд ва онҳоеро, ки бузургтар буданд, баъди таҳқиру тавҳини зиёд ҷавоб медоданд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин ба масъалаи риояти ҳуқуқи бунёдии танфурӯшон пардохта, гуфтаанд, ки ин қишри аҳолӣ дар инзиво қарор мегиранд ва аз ошкор шудани корашон дар назди аъзои хонавода бисёр метарсанд. Вале мақомот баъди боздошту муайян кардани ҳувияти бахусус духтарону занони танфурӯш, хешовандони онҳоро аз кори онҳо огаҳ мекунанд ва онҳо зери азияту озори зиёдтар аз тарафи аъзои хонавода мемонанд.
Дар гузориш аз як амалиёт ба зидди танфурӯшон дар соли 2016 дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ёд оварда ва гуфтаанд, ки дар он сол маъмурони милиса 182 танфурӯшро дастгир кардаанд, ки аз ноҳияҳои атроф омада буданд. Баъди ин маъмурони милисаи Бохтар ба хешовандони 182 зан нома фиристодаанд, ки “агар духтаронашонро ба роҳи рост ҳидоят накунанд, ҷарима мешаванд”.
Кумитаи умури занон ҳам гуфтааст, ки “агар гуноҳи занҳои боздоштшуда собит шавад, маълумотро ба волидонашон мерасонанд”.
"Дарси ахлоқ"
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин мегӯянд, кормандони раёсати кор бо занон дар вилоят ба чанде аз занони танфурӯш “дарси ахлоқ” дода ва гуфтаанд, ки ҳадаф аз ин корашон ҳидояти занон ба зиндагии дуруст ва роҳи рост аст. Аммо гуфтаанд, муаллифони гузориш, чунин насиҳату дарсҳо зоҳиран натиҷа намедиҳанд, зеро “аксари ин занон ноновари хона ва таъмикунандаи асосии фарзанд ва ё волидонашон ҳастанд”.
Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд, аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дигар барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд, ӯро ба 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд. Қонунҳои Тоҷикистон ҳаргуна табъиз ба зидди занро манъ мекунанд, аммо ҷазо барои танфурӯшӣ фақат барои занон пешбинӣ шудааст.
Айни замон ба гуфтаи онҳо, бо иддаои “мубориза ба зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ” мақомоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳро аз масоили муҳими иҷтимоии дигар ба мисли дастрасӣ ба таҳсили муносиб, никоҳҳои бармаҳал, камбизоатӣ, муҳоҷирати корӣ, ки занонро танҳо мегузорад, дигар тараф мекашанд.”
Давраҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ: “Ҷазо барои танфурӯшӣ дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон ба ҳадафаш нарасидааст. Ҷазо барои танфурӯшон фақат ба ришвахорӣ ва беҳуқуқии танфурӯшон мусоидат мекунад. Масалан агар барои ҷаримаи танфурӯш шарт нест, ӯро ҳангоми «кораш» дастгир кунанд, балки фақат шубҳа кофист, ки ӯ замоне ба ин кор машғул будааст. Мақомоти интизомӣ далелро фақат бояд аз забони касе бишнаванд, ки аз хидмати танфурӯш истифода кардаанд. Яъне агар корманди милиса чунин шуморад, ки касе ба танфурӯшӣ машғул будааст, метавонад, ӯро дастгир кунад, ё ӯро ҷарима бандад.”
Ӯ афзуд, Кумитаи кор бо занон дар байни танфурӯшон корҳои таблиғотӣ мебарад, ё давраҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ пешниҳод мекунад, вале таҷриба нишон медиҳад, ки ингуна шева ҳеҷ натиҷа намедиҳад. “Ин корҳо ба занон имкон намедиҳад, ки фарзандон ва волидонашро таъмин намояд. Давраҳои омӯзишии касб осон аст, вале мушкил амиқтар аст ва он ҳам дар нобаробарии занон, ки наметавонанд, дониши муносиб бигиранду, интихоби васеътар дошта бошанд» - гуфт, ӯ.
Вазорат: Касе танфурӯшонро азият намекунад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иддао дар бораи бадрафторӣ ва азияту озори танфурӯшонро рад мекунад ва мегӯяд, ҳадаф аз боздошти занону духтароне, аз ин роҳ рафтаанд, ҳидояти онҳо ба роҳи рост ва ҳамингуна пешгирӣ аз касод шудани ахлоқ дар ҷомеа аст. Дар Тоҷикистон бино ба омори тахминӣ беш аз 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғуланд. Бисёре аз онҳо занони танҳо ҳастанд ва ё духтароне, ки дар овони ҷавонӣ издивоҷ карда, сипас, бехонаву танҳо мондаанд.