Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти мардони “сабукпо” – Далели тарафдорон ва мухолифон. ВИДЕО


Назари сокинон ба муҷозоти мардони "сабукпо"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардони ба истилоҳ “сабукпо” дар кишвар баҳси гармеро миёни тарафдорону мухолифони ин мавзуъ ба по кард. Бархе аз корбарони торнамои Радиои Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин тасмимро муҳим шумурдаанд. Аммо бархеи дигар гуфтаанд, ин пешниҳод дар сурати расмӣ шудан як роҳи дигари афзоиши фасоди молӣ дар кишвар хоҳад шуд. Онҳо мегӯянд, ба ҷойи ин қонун, беҳтар аст, занон бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шаванд.

Видео: Назари бархе аз сокинони Душанбе дар ин бора

Абдуқодири Рустам, нависандаи тоҷик, низ дар пайи ин матлаб дар Фейсбук пешниҳоди Додситонии кулро “сабуксорона” дониста, барои тақвияти фикри худ чаҳор далел овардааст.

Абдуқодири Рустам
Абдуқодири Рустам

Ӯ навишт, “1) Руспигарӣ ҳамеша буд ва хоҳад буд. 2) Фоҳишагӣ чанд сабаби асосӣ дорад ва яке аз сабабҳояш омили иҷтимоӣ аст, яъне фақр. 3) Ин моддаи қонуни ҷазоӣ низ боис ба густариши порахӯрӣ мешавад ва бештар аз онки руспигариро маҳв бикунад, майдони амали густарда ба пулис медиҳад, ки бар суди хеш истифода хоҳанд кард. 4) Ин амр боис мешавад, ки фоҳишаҳои Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя бираванд ва боиси шармандагии бештари миллат бишаванд. Ҳанӯз ки дер нашуда, ин пешниҳод бозпас гирифта шавад.”

Ҷунайдулло Худоёров, корбари дигар дар саҳифаи расмии Радиои Озодӣ дар Фейсбук гуфтааст, ки ин роҳи ҳалли мушкилот нест. “Барои онки танфурӯшӣ кам шавад, бояд барои занҳои бекору бесарпараст ҷои кор ва маоши хуб ташкил намуд. Аксари занҳое, ки даст ба танфурӯшӣ мезананд, аз рӯи камбағаливу қашшоқӣ чунин мекунанд. Агар не, онҳо низ мехоҳанд зиндагии тозаву муътадил дошта бошанд”, - хулоса кардааст ӯ.

Шараф Идиев менависад, ки “ман тарафдори ин пешниҳод ҳастам. Аммо вакилони порлумон як бор шабона ба кӯча баромада бинанд, чӣ кадар аз занон ба танфурӯшӣ машғуланд. Дар роҳ бо кӯдаки хурдсол меистанд. Чаро барои ҳамин занон ягон имтиёз ё ҷои кор фикр намекунанд?”

Аммо баробари ин даҳҳо тани дигар аз пешниҳоди Додситонии кул истиқбол карда, онро зарурӣ хондаанд. Раҷабмоҳ Ҷалилова, як корбари торнамои Радиои Озодӣ гуфтааст, “шукри Худо, бояд ин корро барвақт мекарданд”. Дилшод Азизов ҳам менависад, “беҳтарин кор мешавад. Мо ҳам тарафдорем. Рахмат ба шахсоне, ки чунин қонунро мебароранд.”

Собир Вазиров дар як паёми кӯтоҳ онро “дуруст ва саривақтӣ” дониста, Лоиқ Миров пешниҳод кардааст, ки “аввал меҳмонхонаҳои арзон ва хонаҳои иҷора барои як шабро назорат кунанд.”

Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кард, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад. Ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, қарор аст, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол гардад.

Фаррух Рауфов, муовини сардори як раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин лоиҳа барои пешгирӣ аз фоҳишагӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа равона шудааст. Ҷарима ва ҳабси маъмуриро дар назар дорад.”

Соли 2015 порлумон қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод ва ба онҳое, ки ба танфурӯшӣ машғул мешаванд, аз 10 то 20 нишондиҳанда, яъне аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима таъйин кард. Ҳоло маълум нест, ки тарҳи пешниҳодӣ барои таъйини ҷазо барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд, дар порлумон қабул мешавад, ё не аммо бидуни шак, пешниҳоди мазкур аз тарафи ҳомиёни ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон истиқбол хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG