Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи парвандаи зане шурӯъ кард, ки барои ба фоҳишагарӣ маҷбур кардани як зан дар хориҷи кишвар муттаҳам мешавад. Нисбат ба ин зан, ки 49-сола ва сокини Кӯлоб будаааст, аз рӯи моддаи 130, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуд.
Рӯзи 16-уми май вебсайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навишт, ин сокини Кӯлоб ҳамроҳи “Расмия” ном зан моҳи июли соли 2017 ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даромада, ваъда намудаанд, ки ӯро ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба кор мебаранд.
"Вале баъди расидан ба Дубай бо пули билети ҷониби фиристанда, рӯзи 29-уми июли соли 2017, ин сокини Душанбе “ба асорати қарзӣ” гирифта шуд ва гӯё ба хотири пардохти қарз ҷабрдидаро аз роҳи зӯроварӣ ва таҳдид ба марказҳои дилхушии шаҳри Дубай бурданд", - навишта шудааст дар вебсайти ВКД.
Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки ин занро маҷбур карданд танфурӯшӣ кунад ва “бо ин роҳ ба манфиати худ 5 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овардаанд”.
Агар додгоҳ гуноҳи ин занро исбот кунад, ба ӯ аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон бо мусодираи молу мулк ҷазо пешбинӣ мешавад.
Одамрабоӣ ва маҷбур кардани касе ба танфурӯшӣ аз қабили ҷиноятҳои сангин ба шумор меравад ва барои мубориза бо ин гуна ҷиноятҳо полиси байналмилалӣ ва ҳам ташкилоти имдодрасоне ба мисли Созмони ҷаҳонии муҳоҷират кор мекунанд.
Дар гузоришҳои СҶМ гуфта мешавад, дар кишварҳое ба мисли Русия, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва дигарҳо ҳодисаҳои ба танфурӯшӣ водор кардани занони тоҷик ба қайд гирифта шудааст. Дар як ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид моҳи августи соли 2017 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, дар як соли охир 191 парвандаи қочоқи инсонро таҳқиқ кардаанд, ки 133 ҳолати он дар хориҷи кишвар сабт шудааст.