Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 сол ҳабси як тоҷик - барои омодагӣ ба амали террористӣ дар Маскав


Яке аз муттаҳамон дар таркиши метрои Санкт-Петербург
Яке аз муттаҳамон дар таркиши метрои Санкт-Петербург

Додгоҳи шаҳри Маскав чаҳор нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро барои “омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ” дар соли 2016 дар пойтахти Русия айбдор кард. Ин ҳукм рӯзи 16-уми май содир шуд.

Азимовҳо тавонистанд баъди муддате тавассути вакилони дифоъ ба матбуот бирасонанд, ки онҳо гунаҳкор нестанд

Шаҳрванди Тоҷикистон Ҳисматулло Наимов ба 16 соли зиндони низомаш шадид, Виктор Федорович ба 18, Тамерлан Тсечоев ба 16 ва Аброр Ҳайдаров ба 15 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд. Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки Аброр Ҳайдаров низ зодаи Тоҷикистон буда, шаҳрвандии Русияро қабул кардааст. Додгоҳ гуфт, гуноҳи чаҳор нафар тасдиқи худро ёфтааст.

Дар ҳоле ки намояндаи додситонӣ Павел Емелянов аз ҳукм изҳори қаноат кард, маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Моҳи декабри соли 2017 Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, чаҳор узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро боздошт кард, ки мехостанд бо истифода аз маводи худсохти тарканда дар пойтахти Русия амали террористӣ анҷом диҳанд. Муфаттишон гуфтанд, маводи сохташуда “пурқудрат” будааст.

Тафтишот инчунин мушаххас кардааст, ки чаҳор нафар бо амри як узви “Давлати исломӣ” амал мекарданд ва ин нафар гӯё тоҷик буда, дар Туркия қарор дорад. Ӯро, ба қавли тафтишот, мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷӯ доранд.

Дар ҳоле, ки тасдиқи дурустии иттиҳомот ва ҳам мунсифона ҷараён гирифтани тафтишот амри маҳол аст, дар лаҳзаҳои аввали боздошт Аброр Ҳайдаров дар додгоҳи Мешанскии шаҳри Маскав гуфта буд, “як инсони оддӣ аст ва чизе харида ё нафурӯхтааст”. Аброр Ҳайдаров гуфт, ӯ ба ҳайси ронандаи таксӣ пул ба даст меовард ва ҳеҷ гоҳ тарафдори гурӯҳи “Давлати исломӣ” набуд.

“Назари ман ба ин гурӯҳ манфӣ аст”, - гуфта буд Ҳайдаров дар додгоҳ. Вале Федорович он замон гуфта буд, автоматро барои шахсе бо исми Муҳаммад харидааст, ки бо ӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуд.

Эҳтимол аст, мақомоти тафтишотӣ дар Русия қазияи маҳкумшудаҳоро бозбинӣ кунанд. Иттиҳоми ширкат дар амали террористӣ ваё нияти анҷоми амали террористӣ аз қабили ҷиноятҳои сангин ба шумор меравад. Русия гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ғайриқонунӣ эълон карда, бо аъзои эҳтимолии он муборизаи шадид мебарад.

Аброр Азимов
Аброр Азимов

Яке аз мудҳиштарин ҳодисаҳои ду соли охир – таркиши метро дар моҳи апрели соли 2017 дар Санкт-Петербург буд. Дар ин ҳодиса 16 нафар кушта ва 126 нафар осеб дид. Масъулияти ҳамларо мақомоти рус аввал ба дӯши гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва баъдан ба як созмони то ҳол ношиноси дигаре вогузор карда, шаҳрвандони Қирғизистон – бародарон Азимовҳоро дар ташкилу анҷоми ин ҳамла гунаҳкор карданд.

Вале Азимовҳо тавонистанд баъди муддате тавассути вакилони дифоъ ба матбуот бирасонанд, ки онҳо гунаҳкор нестанд, балки ширкати онҳо дар ҷиноят сохта ва туҳмат аст.

XS
SM
MD
LG