Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фосилагирии мақомот аз варақаи таҳқиромези муҳоҷирони тоҷик дар Маскав. ВИДЕО


Департаменти нақлиёти шаҳри Маскав мегӯяд, ширкати «Московский транспорт» ба варақаҳое, ки дар он шеъри таҳқиромезе дар мавриди тоҷикон чоп ва нашр мешавад, ба ин сохтори ҳукуматӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Алена Еремина, сухангӯи Департаменти нақлиёти шаҳри Маскав рӯзи 30-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «на идораи нақлиёт ва на ширкати «Московский транспорт» ба навиштаҷоти ин варақа ҳеҷ рабте надоранд».

Алена Еремина дар мавриди ин ки чаро маъмурони нақлиёт иҷоза доданд, ки ин варақа дар нақлиёт пахш шавад, посух надод ва аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикистониён, ки дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, шурӯъ аз рӯзи 27-уми октябр

Дар шеъри ин варақа дар нисбати муҳоҷирони тоҷик калимаю ибораҳои таҳқиромези мисли «аблаҳ ва ифлос», «халқи чиркини тоҷик» ва «пур аз маводи мухаддири манфур» истифода шудааст

дар дохили нақлиёт, аз ҷумла автобусу трамвай ва истгоҳҳои автобуси шаҳри Маскав варақаҳое дидаанд, ки як шеъри 16-мисрагии таҳқиромез дар бораи тоҷикҳо ва фаъолони ҳуқуқи инсонро нашр кардааст. Дар зери ин варақа тамға ва бланки расмии ширкати давлатии «Московский транспорт» дарҷ шудааст.

"Аблаҳ ва ифлос"

Дар шеъри ин варақа дар нисбати муҳоҷирони тоҷик калимаю ибораҳои таҳқиромези мисли «аблаҳ ва ифлос», «халқи чиркини тоҷик» ва «пур аз маводи мухаддири манфур» истифода шудааст. Акси ин варақаҳо баробари роҳ ёфтан дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳси тунде миёни корбарон шуд, ки ҳамагӣ хашму норизоятии хешро аз он баён мекунанд.

Ҳанӯз маълум нест, масъулияти нашр ва паҳн кардани ин варақа бо шеъри пур аз таҳқир кори дасти кӣ аст ва то куҷо ин қазия барои полиси маҳаллӣ ва дигар ходимони ҳифзи қонун маълум аст.

Ҳуқуқдонҳои мустақил мегӯянд, чоп ва пахши матнҳои мазмуни таҳқиромездошта баҳонаи шурӯи таҳқиқ ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои «Барангехтани киноаю адовати қавмӣ» бошад.

Иброҳим Аҳмадов, намояндаи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод айни замон «аз куҷо пайдо шудани ин варақаҳоро омӯхта истодааст».

Каримҷон Ёров, як фаъолии ҷамъиятӣ дар Русия мегӯяд, дар гузашта низ паҳкунии чунин варақаҳо ҷой доштанд. Ӯ гуфт:

«Дар матни ин шеър ҳамаи аломатҳои ҷиноят тибқи ҳамон моддаи «барангехтани кинаву адовати қавмӣ дида мешавад» .

Ёров афзуд дар худи шаҳри Маскав ва Русия интихоботи раиси шаҳр ва президент наздик мешавад ва бо наздик шудани ин маърака сиёсатмадорони сатҳи гуногун аз мавзӯи муҳиҷират ба манфиатҳои хеш ва барои ба даст овардани раъйи мардум сӯистифода мекунанд.

Ҳомии ҳуқуқ: "Озору азияти муҳоҷирон зиёдтар мешавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Чопи "Роҳнамои муҳоҷирон" дар Сантк-Петербург зери чатри ҳукумати маҳаллӣ

Зимнан дар гузашта низ борҳо муҳоҷирони тоҷик дар варақаву брошураҳои чопшуда дар Русия мавриди таҳқир қарор гирифта буданд, ки аз ҷониби фаъолон ва матбуоти мустақил маҳкум шудааст.

Моҳи октябри соли 2012 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия созмони ҷамъиятии «Взгляд в будущее» дар чаҳорчӯби барномаи рамзии “Толерантность” як китобча нашр карданд, ки «Роҳнамои муҳоҷири корӣ» ном дошт ва бо теъдоди 10 ҳазор нусха пахш шуд. Дар бораи нашри ин брошюра ба Интернет ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург хабар дод.

Дар он муҳоҷирон дар симои «ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва андовачӯбу ғелак» тасвир шуда буданд. Баробари қоидаҳои вуруд ба Русия ва дарёфти кор дар ин кишвар, ноширони "роҳнамо" ба муҳоҷирон тарзи гуфтору рафторро нишон додаанд. Аз ҷумла, дар дастурамал ба муҳоҷирон тавсия шуда буд, ки либосҳои миллӣ напӯшанд, бо либосҳои варзишӣ нагарданд, баланд гап назананд. Ин раҳнамо, ки ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст, мавриди маҳкумияти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва худи муҳоҷирон дар Русия шуд. Зоҳиран баъди ин китобча барчида ва дигар нашр нашуд.

Русия солҳои истиқлолият ба макони кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст, ки бо сабаби бекории шадид ба ин кишвар дунболи кор мераванд. Тоҷикистонро баробар бо хориҷиҳои дигар, аз ҷумла шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон, Чин, Вйетнам ва дигар давлатҳо дар Русия нирӯи аслии кории муҳоҷиронро ташкил медиҳанд. Вале ҳузури хориҷиҳо, бахусус нирӯи арзони корӣ дар ин қаламравро бархе гурӯҳҳои миллатгаро хуш надоранд ва борҳо шудааст, ки ба онҳо ҳамла карда инчунин аз роҳи матолиби нашаротӣ эҳсосоти бадбинонаи худро пахш кардаанд.

XS
SM
MD
LG