Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Русияро дигар дӯст намедоранд” – Лилия Шветсова


Лилия Шветсова
Лилия Шветсова

Навиштаи Лилия Шветсова, таҳлилгари сиёсӣ

Ҷаҳон дигар Русияро дӯст намедорад. Ҳатто он миллатҳое, ки як замон ба мо муҳаббат доштанд, аз ҷумла олмониҳо, дигар надоранд. Русия муҳаббати ҷомеаи ҷаҳониро дар ду даҳсолаи охир нисбат ба худ аз даст дод. Аммо як чархиши бузург ба сӯи нобудии ишқ пас аз ишғоли Қрим сурат гирифт.

Танҳо дар Танзанияву Юнон, Ветнам ва Филиппин ниме аз пурсидашудаҳо ба фаъолияти Путин баҳои мусбат додаанд.

Як назарсанҷӣ миёни беш аз 40 ҳазор аҳолии 37 кишвари ҷаҳон дар соли гузашта нишон дод, ки муносибати тақрибан ниме аз онҳо ба Русия хуб нест. Ин назарсанҷиро созмони PEW Research Center баргузор кард. Аз 54 то 84 дарсади пурсидашудаҳо дар қораи Аврупо гуфтаанд, ки нисбат ба Русия эҳсоси мусбат надоранд. Эҳсоси манфӣ нисбат ба Русия беш аз ҳама дар Лаҳистону Ҳолланд, Шветсия, Фаронса ва Олмону Бритониё баён шудааст.

Соли гузашта 63 дарсади назардиҳандаҳо дар Амрико бо Русия бархӯрди манфӣ доштанд. Ин рақам ҳоло ба 72 дарсад расидааст.

Дар Ховари Миёна эҳсоси манфӣ нисбат ба Русия бештар дар Урдун ва Туркия мушоҳида мешавад. Дар Исроил беш аз шаст дарсади пурсидашудаҳо нисбат ба Русия ибрози нобоварӣ кардаанд. Танҳо дар се кишвар – Вйетнаму Юнон ва Филиппин – гуфтаанд, ки эҳсосашон нисбат ба Русия мусбат аст.

Дар ҷаҳон ба президент Владимир Путин чӣ гуна муносибат мекунанд? Дар Аврупо 78 дарсади пурсидашудаҳо нобоварии худро ба Путин баён доштанд. 89 дарсад лаҳистониҳо, 88 дарсад испаниҳо, 87% ҳолландиҳо, 87% шведҳо ва 80% фаронсавиҳо ба ин назаранд, ки Путин дар равобити байналмилалӣ дуруст рафтор намекунад.

Танҳо дар Танзанияву Юнон, Ветнам ва Филиппин ниме аз пурсидашудаҳо ба фаъолияти Путин баҳои мусбат додаанд. Дар соли 2018 танҳо 13 дарсади амрикоиҳо дар бораи раиси ҷумҳури Русия мусбат гуфтаанд. Ин рақам дар соли 2002 42 дарсад будааст.

Владимир Путин
Владимир Путин

Олмониҳо, ки ҳамеша ба Русия таваҷҷуҳ доштанд, чанд сол пеш ноумед шуданд. Соли 2016 панҷоҳ дарсади олмониҳо бовар доштанд, ки Русия мутааллиқ ба Аврупо нест ва 64 дарсади онҳо гуфтанд, ки президент Путин шарики қобили эътимод барои Олмон намебошад. Бовари олмониҳо ба Путин аз 75 дарсади соли 2003 ба 25 дарсад дар соли 2017 коҳиш ёфт. Эътимоди фаронсавиҳо ба Путин дар ин давра аз 48 дарсад ба 18 дарсад, бритониёиҳо аз 53 ба 19 дарсад ва амрикоиҳо аз 41 ба 23 дарсад поин омад. Зоҳиран ин раванд имрӯз идома дорад.

Ҷаҳон, ки аз ишқу алоқа ба Русия даст кашидааст, бо хайрхоҳӣ ва эҳтироми зиёде бо Чин муносибат мекунад. Дар ҳоли ҳозир масири тавсеаи ҷаҳонро дақиқан Амрико ва Чин мушаххас менамоянд. Аллакай бидуни Русия. Ба ҷои мусобиқаи сегона, ки дар Кремл орзуяшро доранд, ҷаҳон дар саҳнаи байналмилалӣ тангоро мушоҳида мекунад, ки нақше барои Русия дар онҷо вуҷуд надорад.

Дар зимн, Чин ин "шанс"-ро дорад, ки аз рӯи меъёрҳои эътимод ва эҳтиром аз Амрико ҳам пеш бигузарад. Натиҷаи назарсанҷиҳои созмони PEW нишон додааст, ки дар чанд соли охир маҳбубияти Амрико дар муқоиса ба Чин дар чанд кишвар кам шуда, аз 25 ба 12 фаромадааст.

Дар посух ба суоли онки кадом миллат дар ҷаҳон соҳиби эҳтиром зиёд аст, понздаҳ дарсади ҳолландиҳо, 27 дарсади олмониҳо ва 36 фоизи фаронсавиҳо аз Русия ном бурдаанд. Ва аммо тақрибан панҷоҳ дарсади ҳолландиҳо, 34 дарсади олмониҳо ва 44 дарсади фаронсавиҳо Чинро миллати аз ҳама соҳибэҳтиром гуфтаанд. Дар Австралия 64 дарсад гуфтаанд, ки Чин миллати соҳибэҳтиром аст. Дар ҳоле ки 37 дарсад дар ҳамин кишвар Русия ва 48 дарсад Амрикоро миллати соҳиби эҳтирмо унвон кардаанд.

Албатта, мо метавонем адами ишқу алоқа аз тарафи ҷаҳони беруниро нодида гирем. Бигӯем, ки бар асоси қоида бозигарони билқувваро дӯст намедоранд. Аммо метавонанд эҳтиром кунанд. Русия дар ин майдон низ қобили рақобат нест. Бахусус бо Чин.

Дар мо баъзеҳо мегӯянд, ки бигзор дӯст надоранду ҳурмат накунанд. Мегӯянд, Русия қудрати худ ва истиноӣ буданашро исбот мекунад ва бо истифода аз нерӯ аз дигарон талаб мекунад, ки ба ҳаққаш эҳтиром гузоранд.

Аммо Ғарб бо ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи Русия дасти Кремлро барои истифода аз абзорҳои таъсиррасонӣ, бахусус, нерӯ бастааст. Кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин ҳам муштоқи кумак ба Маскав нестанд, то аз ин ботлоқ берун ояд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Илова бар ин, Кремл бо таваҷҷуҳ ба посухҳои нави Ғарб омода нест, нерӯяшро нишон бидиҳад. Аз ҷумла, маҷбур аст, аз ваъдаи додааш ба курдҳои Сурия даст бикашад, то хашми Раҷаб Таййиб Эрдуғонро наорад. Ночор аст, ҳангоме ки Эътилофи Ғарб ба муттаҳидаш Башор Асад зарба мезанад, пушт бигардонад. Маскав афзал медонад, ки ҳамлаҳои мушакии Исроилро ба муттаҳидони эронӣ ва суриягиаш "набинад". Ва маҷбур аст, аз дӯстии баъзе дӯстонаш, ба мисли Қазоқистон, бо Амрико чашм бипӯшад...

Кремл ночор аст, қудрат ва ҳавобаландиро ба рафторҳои баръакси он, яъне сияҳкориҳои хурд ба мисли таҳдиди шикастани тирезаи ҳамсоя иваз кунад. Усули бисёр оқилонаи бурунрафт аз инзивоъ!

Албатта, метавон ба нақши як кишвари танҳо розӣ шуд. Аммо ин радди комил на фақат аз қудратмандӣ, балки аз мушорикати Русия дар рӯйдодҳои ҷаҳонӣ аст. Аз ҳама муҳим: сутуни асосии қудрат он аст, ки натанҳо тавассути сокинонаш, балки тамоми ҷаҳон эътироф шавад. Вале то ба кай бо сутунмуҳраи шикаста метавон гашт?

XS
SM
MD
LG