Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонхонов барои иҷрои мадҳия дар бораи Путин касеро наёфт


Толибҷон Қурбонхонов
Толибҷон Қурбонхонов

Чанде аз сарояндаҳои машҳури Русия дархости Толибҷон Қурбонхонов, зодаи Тоҷикистонро барои иҷрои суруди нав дар васфи Владимир Путин рад кардаанд. Баъди посухи радди овозхонҳои рус, Қурбонхонов дар ниҳоят таронаи навашро дар васфи Путин ба танҳоӣ иҷро кард.

  • Ӯ таронаи нави худро бо номи "Номер 1 - президент Путин" дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия нашр кард.
Вақте матнро диданд, гуфтанд, ки сиёсӣ асту намехоҳем бо сиёсат олуда шавем. Ё ки тарсиданд, намедонам...

Интихоботи президентии Русия рӯзи якшанбеи 18-уми март сурат мегирад ва Владимир Путин яке аз номзадҳои аслии ин сабқат аст. Дар ин тарона Қурбонхонов бо ибораҳое мисли "Баҳри наҷоти кишвари мо аз осмон фиристоданд" ва "Ба кишвари бузург – роҳбари бузург" Путинро васф мекунад. Дар нимаи дувуми тарона ӯ хитоб ба мухолифони Путин мегӯяд, "Куҷо ҷадал мекунед, ин курсиро ба Пунин Худо додааст".

"Розӣ нашуданд"

Ҳашт номзади интихоботи президентӣ дар Русия
Ҳашт номзади интихоботи президентӣ дар Русия

Толибҷон Қурбонхонов рӯзи 17-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар остонаи ин интихобот дар васфи номзади мавриди назараш - Путин таронаи наве навишт ва хост, онро бо нафаре аз сарояндагони маъруфи Русия бисарояд.

Ӯ гуфт, "беш аз як моҳ ба овозхонҳои зиёди Русия муроҷиат кардам, ки биёед, ҳамин таронаро якҷо бисароем. Розӣ нашуданд. Вақте матнро диданд, гуфтанд, ки сиёсӣ аст ва намехоҳем бо сиёсат олуда шавем. Ё ки тарсиданд, намедонам... Гуфтанд, матни дигаре бошад, ҳамроҳат месароем, аммо на инро. Баъд, худам ба матн оҳанг баставу иҷро кардам."

Қурбонхонов нагуфт, кадом овозхони саршиноси рус ин пешниҳоди ӯро рад кардааст, аммо гуфт, дар ду рӯзи аввали нашри таронааш дар Ютуб 130 ҳазор нафар онро тамошо карданд.

Муаллифи "ВВП"

Дар остонаи интихоботи қаблии президентии Русия дар соли 2012 Толибҷон Қурбонхонов дар васфи Владимир Путин се тарона иҷро карда буд. Исми Толибҷон Қурбонхонов нахуст бо таронаи “ВВП” маъруф шуд. Баъдан ду таронаи дигар и ӯ “Спасибо тебе, Боже, за Владимира” ва “С юбилеем, господин президент” нашр шуданд. Мунтақидон нашри ин таронаҳоро бахше аз маъракаи таблиғотии қаблан тарҳрезишудаи Кремлин медонанд.

Толибҷон Қурбонхонов
Толибҷон Қурбонхонов

Толибҷон Қурбонхонов мегӯяд, ӯ сидқан ҳаводори Путин аст ва то ба ҳол аз ҳисоби таронаҳои сароидааш фоидаи молӣ надидааст. “Ҳар кас дар зиндагӣ улгуи худро дорад. Улгуи ман президент Путин аст. То ба ҳол аз таронаҳои сароидаам ягон сӯм фоида надидаам. Дар инҷо, дар Маскав бисёриҳо ӯро танқид мекунанд, ба қадри хидматҳояш намерасанд. Аммо баъди 15- 20 сол мефаҳманд, ки Путин чӣ шахсияти бузург аст”, - мегӯяд Қурбонхонов.

Барои тавсифу тамҷиди Путин Толибҷон Қурбонхоновро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр танқид мекунанд. Мегӯяд, бархе аз ошноҳояш дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ низ аз васфи бепоёни ӯ дар ҳаққи Путин норозигӣ баён мекунанд.

"Чӣ ҷои айб дорад?"

Қурбонхонов мегӯяд, сидқан аз Путин ситоиш мекунад ва пайи манфиати молӣ нест. Ӯ гуфт: “Тамоми шоирони маъруфи адабиёти классики мо дар ҳаққи амирону подшоҳон мадҳия навиштаанд. Ин ҷои айб надорад. Мо-ку шоиронаморо эҳтиром мекунем. Ман ҳам ба мисли онҳо тарона эҷод кардаву мерсароям”.

Аз Қурбонхонов мепурсем маҳз дар замони раёсати Путин вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бадтар шуд ва садҳо ҳазори дигар ихроҷ шуданд, чаро ӯ ҳамоно ҷонибдори сиёсати ӯ аст? Қурбонхонов мегӯяд, натанҳо муҳоҷирони тоҷик, балки узбекҳову қирғизҳо ва дигарон низ айни шароити тоҷиконро доранд.

"Мардуми рус муҳоҷиронро дӯст намедоранд"

"Ин сиёсати Путин нест, ки муҳоҷирон шароити хуб надоранд. Балки мардуми рус каме муҳоҷиронро дӯст намедоранд. Муҳоҷирон аз кишварҳои гунонгун зиёданд ва ҷои кори русҳоро танг мекунанд", - афзуд ӯ.

Ин сарояндаи тоҷик, ки аз соли 2010-ум шаҳрвандии Русияро пазируфтааст мегӯяд, дар асл харҷи рӯзгорашро ҳоло аз ҳисоби тиҷорати молҳои истеҳсоли Белорус дар Русия таъмин мекунад. Ҳанӯз издивоҷ накардааст ва мегӯяд ният дорад дар фурсатҳои наздик оила бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG