Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – фармони "ҳамлаҳои дақиқ" алайҳи корхонаҳои ҳукумати Сурияро, ки ба сохтани аслиҳаи кимиёвӣ истифода мешаванд, содир кард. Трамп шоми 13-уми апрел дар як суханронӣ гуфт, ин ҳамлаҳо якҷо бо Фаронсаву Бритониё оғоз шуда, то замони даст кашидани Сурия аз истифодаи чунин силоҳҳои куштори дастҷамъӣ идома хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, "як амалиёти муштарак бо нирӯҳои мусаллаҳи Фаронса ва Бритониё дар ҳоли иҷрост. Мо аз ҳарду кишвар ташаккур мекунем."
Навори ҳамлаи ҳавопаймоҳои Фаронса болои Сурия:
Доналд Трамп шаби гузашта дар ҷараёни суханронӣ хитоб ба мардум гуфт, ин ҳамлаҳо дар вокуниш ба ҳамлаи кимиёвии рӯзи 7-уми апрел дар шаҳраки Думои Сурия анҷом мешавад. Бино ба гузоришҳо дар он ҳамла ба камияш 43 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Иёлоти Муттаҳид бовар дорад, ки ин ҳамларо ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия анҷом додааст.
Мей: Ҳадаф табдили режими Сурия нест
Раиси ҷумҳури Амрико дар ин суханрониаш аз Русияву Эрон, ду муттаҳиди режими Сурия низ хост, ки аз ҳимояти, ба қавли ӯ, “режими қотил” ва “ваҳшатнок”-и Башор Асад даст бардоранд. "Ҳеч кишвар бо тақвият додани ҳукуматҳои саркаш, ситамгарони ваҳшӣ ва диктаторҳои қотил дар дарозмуддат муваффақ шуда наметавонад", - гуфт Трамп.
Тереза Мей, нахуствазири Бритониё, гуфт, ҳадафи ин ҳамлаҳо тағйири режим нест, балки нобудсозии аслиҳаи кимиёвист, ки дар Сурия ғайринизомиҳоро мекушад. Ӯ гуфт, "ба нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё салоҳият додам, то ҳамлаи ҳамоҳанг ва ҳадафмандро анҷом бидиҳанд, ки зарфияти режими Сурия дар мавриди аслиҳаи кимиёвӣ коҳиш ёбад. Мо бо муттаҳидони амрикоӣ ва фаронсавии худ якҷо амал мекунем. Ҳақиқати ин ҳамла бояд ҳеҷ касро ба ҳайрат наорад. Режими Сурия таърихчаи истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ алайҳи мардумро дорад."
"Ҳамлаҳои бештар аз рафтори Сурия вобаста аст"
Расонаҳои Сурия ҳамлаҳои муштараки се кишварро қонуншикании ошкори байналмилалӣ хонда, гуфтаанд, ки артиши Сурия сездаҳ мушакро сарнагун кардааст.
Вазорати дифои Бритониё гуфт, бар асоси нишонаҳои ибтидоӣ, ҳамлаҳои муштараки Амрикову Фаронса ва Бритониё дар мавриди нобудсозии ҳадафашон дар сурия муваффақиятомез буд. Ҷеймз Меттис, вазири дифои Амрико, гуфт, ҳамлаҳои бештаре тарҳрезӣ нашудааст. Метис гуфтааст, иқдоми низомии бештар ба идомаи истифодаи режими Сурия аз силоҳҳои кимиёвӣ бастагӣ дорад.
Садои тирпарронӣ ва таркишҳо дар пойтахти Сурия:
Аз ин пештар
Ники Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, режими Башор Асад дар ҳафт соли даргирӣ дар он кишвар ҳадди ақал 50 бор аз силоҳи кимиёвӣ истифода кардааст. Ҳейлӣ гуфт, “биёед, возеҳ бошем, ки истифодаи гази заҳрогин аз тарафи режими Асад алайҳи мардуми Сурия аввалин, дувумин ё севумин ва ҳатто 49-ум дафъа ҳам набуд. Иёлоти Муттаҳида тахмин мекунад, ки Асад аз силоҳҳои кимиёвӣ дар ҷанги Сурия ҳадди ақал 50 дафъа истифода кардааст. Тахминҳои ом ҳатто 200 мартабаро хабар медиҳад.”
Нишасти рӯзи ҷумъаи Шӯрои амнияти Созмони Милал бо тақозои Русия баргузор шуд. Маскав баргузории ин нишастро замоне талаб кард, ки Амрико ҳушдор дод, дар вокуниш ба ҳамлаи кимиёвии рӯзи 7-уми апрел дар шаҳраки Думои Сурия иқдомоти низомиро рӯи даст хоҳад гирифт.
Сафири Сурия: Ин таҳдид не, тааҳҳуд аст
Дар ҳамин ҳол, Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар Созмони Милал гуфт, дар сурати иқдомоти низомии Ғарб, Димишқ интихоби дигаре ба ҷуз аз дифои худ надорад. Ӯ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт, «ин як таҳдид не, балки тааҳҳуд аст, ки Сурия мекунад.»
Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милал, дар ин нишаст иддао кард, ки Амрикову Фаронса ва Бритониё талош доранд, то Башор Асад ва муттаҳиди он Русияро аз миён бардоранд. Намояндаи Русия гуфт, «далелҳои хубе барои бовар кардан дорем. Ҳатто маълумот дорем, ки онҷо иқдомоти таҳрикомез аз сӯи хадамоти вижаи баъзе аз кишварҳои дахил будааст.»