Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – рӯзи 11-уми апрел ишора кард, ки ҳамлаи мушакӣ болои Сурия ногузир аст. Ӯ бо пахши изҳороте дар саҳифааш дар Твиттер ба Русия – муттафиқи Сурия ҳушдор дод, ки “бояд омода бошад”, чунки мушак “партоб мешавад”.
- Дар ин паёмаш Трамп Русияро барои пуштибонӣ аз Сурия ва президент Башор Асад танқид карда гуфт, Маскав “як ҳайвонеро, ки даст ба қатли инсонҳо мезанад, пуштибонӣ мекунад”.
Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Амрико бояд террористонро ҳадаф қарор диҳад, на Асадро.
"Мушакҳо базудӣ мерасанд, зебо, нав ва "доно"
Трамп дар ин изҳороташ ба ҳушдорҳое ишора кардааст, ки мақомоти низомӣ ва дипломатҳои Русия аз ин пеш гуфтанд, дар сурати ҳамлаи мушакӣ ба ҳадафҳо ваё киштӣ, ҳавопаймо ё ҳар чизи дигаре, посухи он дода мешавад. “Русия таҳдид мекунад, ки ҳама мушаки ба сӯи Сурия партобшударо мезанад”, - навиштааст Трамп. Вай, инчунин, гуфтааст: “Русия, омода бош. Мушакҳо базудӣ мерасанд, зебо, нав ва “доно”. Шумо набояд бо як Қотили Ҳайвоне ҳамкорӣ кунед, ки бо газ мекушад ва аз ин чиз роҳат мекунад”.
Ин ишора ба Башор Асад буд, ки ахиран барои истифодаи силоҳи кимиёӣ зидди мардум дар шаҳри Думои канори Димишқ муттаҳам шуд. Гурӯҳҳои наҷотбахш гуфтанд, ки дар ҳамлаи рӯзи 7-уми апрел афроди мулкӣ ва кӯдакон кушта шуданд.
"Ҳамааш аз ҳамлаи рӯзи 7-уми апрел шуруъ шуд"
Дар як изҳороташ Пентагон гуфт, “дар масъалаи амалиёти эҳтимолии низомӣ” шарҳе намедиҳад. Эрик Паҳон, сухангӯи Пентагон дар посух ба изҳороти рӯзи 11-уми апрели Трамп гуфт: "Тавре президент рӯзи 8-уми апрел гуфта буд, ҳамлаи силоҳи кимиёии режими Асад зидди афроди бегуноҳи мулкӣ даҳшатнок буд ва посухи билофосилаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад”.
Дар вокуниши нахустинаш ба ин изҳорот сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ИМА бояд “террористҳо”-ро ҳадаф қарор диҳад, на ҳукумати Асадро. Ӯ тахмин зад, ки эҳтимол мушакҳои амрикоӣ барои нобуд кардани шаҳодати набуди ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ партоб мешаванд. Русия вуқӯи ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро қотеона рад мекунад.
“Мушакҳои доно бояд ба сӯи террористон, на ҳукумати қонуние партоб шаванд, ки дар қаламрави худ чандин сол аст бо терроризми байналмилалӣ мубориза мебарад”, - навишт Захарова дар саҳифаи худ дар Фейсбук. Русия бори дигар такрор кард, ки ҳадафи аслии Амрико дар Сурия аз қудрат дур кардани Асад аст, на мағлуб кардани гурӯҳи “Давлати исломӣ”. Ин иддаоро Вашингтон рад мекунад.
"Вазъи бе ин ҳам ҳассоси Ховари Миёнаро бесубот мекунад"
Чанд соат пеш аз пахши паёми Трамп дар Твиттер, сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфт, ки ҳамла ба Сурия “вазъи бе ин ҳам ҳассос дар Ховари Миёнаро бесубот мекунад”.
Оҷонси расмии Сурия – SANA ба нақл аз вазири умури хориҷии он кишвар навишт, Димишқ "аз чунин изҳороти беақлонаи тавсеадиҳандаи ихтилофҳо, ки аз ҷониби режиме мисли ИМА дар ҳайрат нест. Ин режим дар Сурия ҳамоно пуштибонии терроризмро идома медиҳад".
Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим гуфт, ИМА ва Русия мисли "авбошҳои кӯчагӣ" даъво мекунанд ва аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба ҷои ин дар фикри "бахшидани даво ба захмҳои минтақа" бошанд.
Изҳороти Трамп рӯзи 11-уми апрел, тахминан соатҳои 7 субҳи Вашингтон пахш шуд. Дар паёми дуюмаш, ки тахминин 40 дақиқа баъд нашр шуд, Доналд Трамп гуфт, робитаҳо бо Русия "бадтар аз ҳар вақти дигар аст», дар ҳоле ки "ҳеҷ сабабе барои ин вуҷуд надорад". Трамп гуфт, Русия "ба мо аз назари кумакҳои иқтисодӣ ниёз дорад ва ин кор ҳеҷ мушкил надорад. Сабқати силоҳҳоро хотима бидиҳем?" - суолгузорӣ кардааст Трамп.
Дар ҳамлаи Думо 40 нафар кушта шуд
Аз ин пеш Русия аз Амрико даъват кард, ки зидди Сурия амалиёти низомиро шурӯъ накунад. Ин даъват аз забони Василий Небензя шоми 10-уми апрел дар СММ ва баъди он садо дод, ки Шӯрои амният тарҳи қатъномаи анҷоми санҷиши ҳамлаи кимиёӣ дар канораҳои Димишқро рад кард.
Амрико ва Русия дар заминаи иттиҳоми як ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Думои Сурия, ки рӯзи 7-уми апрел рух додааст, вориди баҳс шуданд. Дар ин ҳодиса 40 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд ва аломати онки ИМА барои ҷазо додани ҳукумати Димишқ посух хоҳад дод, бештар шуд.
Оҷонсиҳои Reuters ва ТАСС рӯзи 10-уми апрел навиштанд, ки оҷонси Аврупоии назорати парвозҳо аз ҳавопаймоҳо даъват кардааст, дар ҳарими ҳавоии канораҳои шарқии баҳри Миёназамин “дар 72 соати наздик бо сабаби эҳтимоли сар задани ҳамлаҳои аз замин ба ҳаво болои Сурия аз эҳтиёт кор гиранд”.
Артиши Сурия ба мӯҳлати се рӯзи наздик ба ҳолати омодабош гузаштааст. Дар соҳилҳои ин кишвар дар баҳри Миёназамин киштии ҷангии зиддимушакии Амрико Donald Cook қарор дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт Димишқ барои анҷоми ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Думо қимати гароне пардохт мекунад, сафари барномарезишудааш ба Амрикои Ҷанубиро бекор кард.
Навори видео:
Бо инки равобити миёни Маскаву Вашингтон баъди пирӯзии навбатии Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пуршиддат шудааст, марҳилаи аслии рӯ ба таниш овардани муносибатҳо ба соли 2014 бармегардад. Он сол Русия нимҷазираи Қримро забт карда, аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар пуштибонӣ кард. Дар ҷанги инак 7-солаи Сурия Маскав аз ҳукумати Башор Асад пуштибонӣ кард. Дар паи интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА дар соли 2016, Амрико Маскавро дар мудохила ба интихобот гунаҳкор кард. Мунтақидон мегӯянд, ҳадафи Русия сари қудрат овардани Трамп буд.
Худи Трамп борҳо гуфтааст, ки хостори равобити беҳтар бо Кремл аст ва баъди он ки Путинро бо пирӯзӣ дар интихоботи моҳи марти имсол табрик кард, мавриди интиқоди мухолифонаш қарор гирифт. Мунаққидон мегӯянд, Трамп бояд Путинро барои он интиқод мекард, ки имкони дар интихобот ширкат кардани номзадҳои воқеии мухолифи ҳукуматро надод, вале аз пуштибонии Асад танқид кард.