Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, ҳамла ба Сурия "ба зудӣ мешавад, ё..."


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар Твиттер навишт, ҳамла ба Сурия "ба зудӣ ва ё на ба ин зудиҳо" сурат мегирад. Ӯ рӯзи 12-уми апрел дар саҳифааш навишт, "ҳеҷ гоҳ нагуфтаам, ки ҳамла ба Сурия кай сурат мегирад. Мумкин ба зудӣ бошад ва ё умуман ба ин наздикиҳо набошад."

Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, "ба ҳар сурат, Амрико дар замони ҳукумати ман бо аз байн бурдани гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар минтақа кори бузурге кард. Ташаккур ба Амрико куҷост?"

Баёнияҳои Доналд Трамп дар ҳолест, ки зоҳиран раҳбарони кишварҳои ғарбӣ барои ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Сурия омода мешаванд. Онҳо гуфтаанд, ки Сурия бояд барои ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар шаҳри Думои зери назорати шӯришиён посух бигӯяд.

Аз ин пештар Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, мушовирони амниятии Доналд Трамп дар посух ба ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ "баъзе аз гузинаҳоро" баррасӣ кардаанд, вале қарори ниҳоӣ дар ин замина қабул нашудааст.

Сурияву Русия мегӯянд, ки ҳеҷ гуна ҳамлаи кимиёвӣ набуд ва дар сурати ҳамла бо мушак ба нерӯҳои Сурия ва таъсисоти он, посухи баробар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG