Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари СММ ва президенти собиқи ИМА аз шурӯи ҷанг бо Сурия ҳушдор доданд


Дар паи таҳдиди президенти ИМА Доналд Трамп ба анҷоми ҳамлаи мушакӣ болои Сурия, дабири кулли СММ ва президенти собиқи ИМА аз шурӯи ҷанг дар Сурия ҳушдор доданд. Доналд Трамп рӯзи 11 апрел ба Русия, ҳампаймони Сурия гуфт, ки ба “мушаки ҷавобӣ” омода шавад. Раҳбари СММ Антонио Гутерреш шоми дери 11 апрел ба сафирони кишварҳои дорои ҳақи вето дар Шӯрои амнияти СММ – ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин аз “хатари вазъи баамаломада нигаронии амиқи худро” баён кардааст.

Гутерреш гуфт, вазъ набояд аз назорат хориҷ шавад. Дар ҳамин ҳол, президенти собиқи ИМА Ҷиммӣ Картер дар як мусоҳибааш бо оҷонсии Ассошейтед пресс дар муроҷиат ба Трамп тақозо кардааст, ки “кишварро дар ҳолати сулҳу субот нигоҳ дорад” ва “дар робита бо чолишҳое, ки аз Кореяи Шимолӣ, Русия ё Сурия бармеояд, бидуни воҳима ва шиддат бахшидани эҳсосот” амал кунад.

Субҳи рӯзи чоршанбе Трамп ишора кард, ки дар посух ба истифодаи силоҳи кимиёӣ алайҳи афроди мулкӣ дар шаҳри Думаи Сурия рӯзи 7 апрел, ба ин кишвар бо партоби мушак посух медиҳад. Русияву Сурия истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Думаро комилан рад карда гуфтаанд, ки ҳама гуна ҳамла зидди нирӯҳои ҳукумати президент Башор Асад, бепосух намемонад.

XS
SM
MD
LG