Кохи Сафед эълон кард, ки нишасти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо аъзои Шӯрои амнияти он кишвар дар бораи Сурия баргузор шуд, вале вай ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар бораи вокуниш ба ҳамлаи кимиёвӣ дар шаҳри Думоро нагирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", сухангӯи Кохи Сафед дар баёнияе гуфтааст, "ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар бораи Сурия гирифта нашудааст. Мо ба арзёбӣ ва баррасии маълумот ва ҳамчунин гуфтугӯҳо бо муттаҳидони худ идома медиҳем". Доналд Трамп шоми панҷшанбе бо Тереза Мей, нахуствазири Бритониё телефонӣ сӯҳбат кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Думо дар минтақаи Ғутаи шарқӣ дар рӯзи шанбеи гузашта, даҳҳо нафар кушта шуданд.
Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", вазири дифоъ, раиси Идораи истихбороти миллии Амрико, сафири Амрико дар СММ ва раиси Ситоди муштараки артиши он кишвар дар нишасти рӯзи панҷшанбеи Кохи Сафед ҳузур доштаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп субҳи рӯзи панҷшанбе бо ишора ба баргузории нишаст дар бораи Сурия дар Кохи Сафед гуфта буд, ки "ба зудӣ" тасмимҳои бештаре рӯи даст гирифта хоҳад шуд.
Дар ҳамин замина, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки санадҳое дар ихтиёр доранд, ки нишон медиҳад, ҳукумати марказии Сурия масъули ҳамлаи кимиёвии ахир дар шаҳри Думо будааст. Бритониён ҳам эълон кард, ки аз иқдоми эҳтимолии Амрико дар баробари Сурия ҳимоят мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Думо дар минтақаи Ғутаи шарқӣ дар рӯзи шанбеи гузашта, даҳҳо нафар кушта шуданд. Шуморе аз созмонҳои нозир дар Сурия ҳукумати Башор Асадро сабабгори ин ҳамла медонанд. Аммо ҳукумати Сурия ҳар гуна дахолат дар ин ҳамларо радд кардааст.
Мақомоти амрикоӣ дар ин бора гуфтаанд, таҳқиқоти ибтидоӣ ва намунаҳое аз ҳамлаи кимиёвӣ ба Думо нишон медиҳад, ки аз газҳои заҳрогин истифода шудааст. Аммо ҳанӯз ниҳодҳои истихборотии Амрико баррасии худро тамом накардаанд ё ба натиҷаи ниҳоӣ дар ин бора нарасидаанд.
Ҳамзамон Русия эълон кардааст, ки дар пайи тасарруфи комили шаҳри Думо аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Сурия, нерӯҳои пулиси низомии худро дар ин шаҳр ҷобаҷо кардааст. Вазорати дифои Русия эълом кардааст, "нерӯҳои пулиси низомӣ дар шаҳри Думо вазифаи барқарории назм ва қонунро бар ӯҳда доранд."
Гуфтугӯи телефонии Трамп ва Мей
Дафтари нахуствазири Бритониё гуфтааст, Тереза Мей ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ ба зарурати як посухи байналмилалӣ ба истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия таъкид карданд. Ин гуфтугӯ пас аз он анҷом шуд, ки аъзои баландпояи кобинаи Тереза Мей аз иқдоми низомии эҳтимолии Амрико ва Фаронса дар вокуниш ба истифода аз силоҳи кимиёвӣ "аз сӯи ҳукумати Башор Асад" ҳимоят карданд.
Дафтари нахуствазири Бритониё дар баёнияе эълом кардааст, "Доналд Трамп ва Тереза Мей тавофуқ доштанд, ки истифода аз силоҳи кимиёвӣ набояд бепосух бимонад ва зарурӣ аст, ки қудрат ва тавоноии ҳукумати Башор Асад барои истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар оянда аз байн биравад". Ин баёния изофа кардааст, "ҳар ду тавофуқ карданд, ки ба ҳамкории наздик барои як посухи байналмилалӣ идома диҳанд."
Нигаронӣ аз ҷанг
Дар ҳамин ҳол Василий Небинзия, сафири Русия дар СММ рӯзи панҷшанбеи 12-уми апрел аз Амрико ва муттаҳидонаш хост аз иқдоми низомӣ дар Сурия худдорӣ кунанд. Вай таъкид кардааст, "авлавияти фаврӣ дар ҳоли ҳозир ин аст, ки хатари вуқӯи ҷанг рафъ шавад."
Ин дар ҳоле аст, ки коршиносони Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ озими Сурия ҳастанд, то нишонаҳо ва санадҳо дар бораи ҳамлаи кимиёвӣ ба Думоро ҷамъоварӣ кунанд. Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, маълум нест, ки оё Амрико ва муттаҳидонаш барои иқдом алайҳи ҳукумати Сурия мунтазири натиҷаи ин таҳқиқот мешаванд ё не.