Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси собиқи Русия дар Бритониё заҳролуд шуд. ВИДЕО


Сергей Скрипал
Сергей Скрипал

Сергей Скрипали 66-сола, полковники пешини истихбороти Русия, дар бахши вижаи бемористоне дар Бритониё нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти бритониёӣ таҳқиқ доранд, ки чаро ин мард ва зани ҳамроҳаш ба шиддат бемор шуданд.

Скрипал дар моҳи декабри соли 2004 дар Маскав боздошт ва дар моҳи августи соли 2006 “барои хиёнати бузурги ҷосусӣ” ба 13 сол зиндон маҳкум шуд.

"Якҷо бо ниҳодҳои дигари амниятӣ, дар ҳоли анҷоми таҳқиқоти густурдае ҳастем. То дақиқ кунем, чӣ чиз боис шудааст, ки онҳо беҳуш шаванд", - гуфт Крайг Ҳолден, як масъули пулиси Бритониё рӯзи 6-уми март.

Сергей Скрипал дар як мубодилаи ҷосусии Амрико ва Русия озод шуда, баъдан ба Бритониё интиқол ёфта буд. Он вақт Маскав чаҳор ҷосуси худро бо 10 ҷосуси Амрико иваз кард. Крайг Ҳолден гуфт, бемории ин полковники рус "натиҷаи бозии нопок аст".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

ВАО: Афсари заҳролудшудаи истихбороти Русия аз амнияти худ нигарон буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Пулис гуфт, ин мард ва як зани тақрибан 30-соларо рӯи нимкате дар як маркази савдо дар шаҳри Солсбери, воқеъ дар ғарби Бритониё ёфтанд. Онҳо ба бемористони Салисбур интиқол дода шуданд ва пулис ба дунбол чанд нуқта дар маркази шаҳрро ба рӯи мардум баст. Мошинҳои пулис дар атрофи маҳалли зисти Скрипал дар шаҳри Солсбери дида шудаанд.

Сергей Скрипал, полковник ё сарҳанги бознишастаи истихбороти аскарии Русия мебошад ва дар соли 2006 ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Бритониё ба 13 сол зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ба он муттаҳам мешуд, ки шахсияти шуморе аз ҷосусҳои махфии Русия дар Аврупоро ба Созмони истихборотии Бритониё MI-6 додааст. Сергей Скрипал барои он маълумот, ки аз оғози солҳои 90-уми қарни гузашта дода буд, 100 ҳазор доллар дарёфт карда буд.

Скрипал дар моҳи декабри соли 2004 дар Маскав боздошт ва дар моҳи августи соли 2006 “барои хиёнати бузурги ҷосусӣ” ба 13 сол зиндон маҳкум шуд. Хадамоти федералии амнияти Русия иддао дорад, ки вай солҳои 90-ум, замоне ки дар артиш хидмат мекард, бо MI6 ҳамкориро оғоз карда буд.

Бемории Скрипал ба хотирҳо ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги ҷосуси собиқи ФСБ дар Лондон дар соли 2006 Александр Литвиненкоро ба ёд меорад. Мақомоти тафтишотии Бритониё дар пай Андрей Луговой, узви порлумони Русияро дар заҳролуд кардани Литвиненко дар як меҳмонхона дар маркази Лондон гунаҳкор карданд.

Таҳқиқот гуфт, ки Литвиненко заҳри полониум 210-ро бо чой нӯшонда шудааст. Аммо Маскав натиҷаҳои ин тафтишро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Худи Андрей Луговой ва шарики ӯ Дмитрий Ковтун даст доштани худ дар марги мармузи Литвиненкоро рад карданд.

Бисёре аз коршиносон дар Русия ва Бритониё хавф доранд, ки Скрипал охирин қурбонии талоши террор аст. Аммо Игор Сутягин, ки дар ҳоли ҳозир дар Муассисаи хадамоти салтанатии Бритониё дар Лондон кор мекунад, ба “Ассошиэйтед Пресс” гуфтааст, далелҳои кофӣ барои ангушти ишораи Бритониё ба Маскав вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG