Агар феҳрасти калимаҳои серистифода миёни мардум ва матбуоти Тоҷикистон дар соли 2017 таҳия шавад, “танзим” дар ин раддабандӣ ба эҳтимоли зиёд мақоми аввалро касб хоҳад кард. Дар ин сол назорат дар ду бахши муҳими зиндагӣ – шодӣ ва мотами сокинон – шадидтар шуд.
Мехостам, писарамро хатнасур кунам, аммо мегӯянд, ки мумкин нест. Чӣ гуна мумкин нест? Ин аз қадим омадааст. Хурсандӣ чаро манъ шавад?
Тобистони имсол ба 10 банди қонуни танзим, яке аз баҳсбарангезтарин қонунҳои Тоҷикистон, тағйирот ворид шуд. Дар баробари сару либоси занон дар тӯю маросим эҳсосоти мардум ҳам тибқи ин қонун танзим шуд ва ин ҳам баҳсҳоро атрофи қонун бештар кард. Тибқи ин қонун дигар хатнасур танҳо дар ҳудуди оила бояд таҷлил шавад. Бархе ин ҳамаро як навъ дахолат ба зиндагии шахсӣ ва маросими хушиву ғами худ медонанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Замира, ки мехоҳад писарашро хатнасур кунад, рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, чаро бояд як ҷашни хурсандӣ мамнӯъ шавад? “Мехостам, писарамро хатнасур кунам, аммо мегӯянд, ки мумкин нест. Чӣ гуна мумкин нест? Ин аз қадим омадааст. Хурсандӣ чаро манъ шавад?” – суол гузошт ӯ.
Қонуни нави танзим хатнасурро танҳо дар доираи оила иҷоза додааст. Муаллифони ин тарҳ мегӯянд, мардум аз қонуни қаблӣ, ки таҷлили хатнасурро барои 60 нафар ва дар тарабхона иҷоза медод, сӯистифода карда, ҷашнҳои дигаре мисли “Чойгаштак”-у зодрӯз ва зиёрати ҳоҷиҳоро ҳам бо ин ном таҷлил мекарданд.
Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, дар таҳияи лоиҳаи тағйирот ба қонуни танзим ширкат кардааст. Ӯ гуфт, маҳз ба хотири камхарҷ шудани чунин маъракаҳо зарур омад ба қонун ислоҳ ворид шавад. “Ҳамасола дар кишвар беш аз 20 ҳазор хатнасур амалӣ мешуд, ки ба ҳисоби миёна ҳар кадоме аз аонҳо 8-9 ҳазор сомонӣ хароҷот дошт. Пас аз тағйири қонун тибқи таҳлил барои баргузор кардани як маърака дар доираи оила 10 баробар хароҷот кам шудааст”, - гуфт ӯ.
Ба иддаои муаллифон, то замони ин ислоҳот агар барои иҷрои маросими дафни як нафар то 6-7 ҳазор сомонӣ сарф мешуд, ҳоло бо як ҳазор сомонӣ тамоми ин маросимро мешавад иҷро кард.
Аммо онҳое, ки аз назорат ва маҳдудиятҳо дар ҷашни шодиву хурсандии мардум норозиянд, бовар надоранд, ки ин манъсозиҳо ба зиндагии мардум сабукӣ оварда бошад. Далер Шарипов, таҳлилгари ҷавони тоҷик, бо овардани чанд мисол мегӯяд, дар бархе маврид баръакс назорату танзим хароҷоти сокинонро бештар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки мехоҳанд маъракаҳои хешро бо хости дили худ баргузор кунанд, аз роҳҳои дигар истифода мебаранд.
Ӯ гуфт, “баъзе нафарон маъракаҳои оши худоияшонро шаб мегузаронанд, масалан, соати 11-и шаб. Имрӯз ақиқаро манъ карданд, вале ҷавонҳои мусалмон, ки мехоҳанд аз суннати паёмбар пайравӣ кунанд, маъракаро ба чанд қисм ҷудо карданд. Як рӯз барои хешу табор, як рӯзи дигар барои рафиқон. Медонед, ин ба зиндагии мардум бисёр халал мерасонад, дар баъзе ҳолат хароҷотро даҳчанд мегардонад.”
Далер Шарипов афзуд, дахолат ба дегу дастархон ва либосу эҳсосоти мардум дар ҳеч давру замон созанда ва муассир набудааст. Ӯ мегӯяд, “беҳтар буд, аз роҳҳои дигар истифода шавад, на фишору боздошту ҷарима.”
Муаллифони лоиҳаи қонуни танзим ҳам мегӯянд, онҳо роҳҳои дигарро даҳ соли пеш, ҳанӯз қабл аз қабули қонуни танзим таҷриба карданд. Аммо мувафақ нашуданд. “Бо дастури президент як гурӯҳ таъсис ёфта буд, 22 узв дошт ва ҳама он дастуру тавсияҳое, ки дар ин маврид дода мешуд, хусусияти тавсиявӣ дошт. Аммо давоми 8 сол таҷриба нишон дод, ки мардум ба тавсияҳо аҳамият намедиҳанд ва мо ба натиҷа нарасидем. Чизе, ки пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифт, зиёд намудани ҷарима ва эҳтимоли аз вазифа озод шудани хидматчиёни давлатӣ буд”, - гуфт Азизулло Мирзозода.
Яке аз пурбаҳстарин бахши қонун танзим либоси занон дар маъракаҳо ё манъи пӯшидани либоси “бегона” аст. Ин нукта дар моддаи 14-и қонун ба таври уҳдадорӣ таъкид шудааст. Вале масъалаи ҳатмӣ ё тавсиявӣ будани пӯшиши либос барои занон дар тӯю маъракаҳо, барои мардум ва ҳам худи масъулин ҳанӯз зиёд рӯшан нест. Ҳоло дар бархе аз тарабхона ва хонаҳои ақди никоҳ, занону духтарон бо либосе ба мисли рӯйсарӣ ва ё нимаурён роҳ дода намешаванд. Аммо масъулини Кумитаи дин мегӯянд, ҳифзи либоси миллӣ хусусияти тавсиявӣ дорад.
Фазила Қознаврӯзова, ки ба тӯйи як дугонааш омодагӣ мебинад ва бояд пироҳани тӯёна интихоб кунад, мегӯяд, ӯ дар чунин маъракаҳо ба либоси аврупоӣ бартарӣ медиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳаққи интихобро ҳам набояд касе аз ӯ бигирад: “Бояд ҳар як духтари тоҷик куртаи миллӣ пӯшад, лекин ҳар чиз вақту макони худро дорад. Вақте ки ягон ҷашн аст ё фасли баҳор, мо либоси атлас мепӯшем. Аммо ҳоло ки фасли зимистон асту сардӣ ҳукмфармост, наметавонем, ки атлас пӯшем. Бояд ҳар кас ҳуқуқи интихоби худашро дошта бошад, маҷбур накунанд.”
Масъулин мегӯянд, ҳадаф аз ин тағйирот ҳам арҷгузорӣ ба фарҳанг ва ҳифзу муаррифии либоси миллӣ аст. Аз сӯйи дигар онҳо либоси сафеди арӯсон ё фатаро мисол меоранд, ки барои чанд соат ва бо нархи гарон гирифта мешавад. Аммо мусоҳиби мо Нозанин мегӯяд, ҳар наварӯс орзуи бо либоси сафед ба хонаи бахт гусел шуданро дорад. Нозанин мегӯяд, занон бидуни ин қонуну манъсозиҳо ҳам дар рӯзҳои мухталифи зиндагии худ, ҳатто дар рӯзи арӯсӣ ҳам миллӣ ба бар мекарданд, вале талаби ин либос ба ҷойи либоси сафеди арӯси дигар чандон дуруст нест.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин баҳсу нигарониҳо аз ҳатмӣ шудани либоси миллӣ дар тӯю маросим, бархе аз тарроҳони тоҷик ҳоло талош доранд дар омезиш бо ду фарҳанг барои наварӯсон як либоси замонавӣ ва ҳамзамон миллии арӯсӣ таҳия кунанд.
Қонуни танзими расму оинҳо дар Тоҷикистон соли 2010 бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳадафи коҳиши харҷу хароҷоти маърака, миллӣ ё умумисозии расму оинҳои дар манотиқи мухталиф аз ҳам фарқкунанда ҷорӣ шуд. Вале даври навбатии таҳриру иловаҳо ба қонун, ки моҳи августи соли ҷорӣ анҷом гирифт, тартиби баргузории маросимҳоро боз ҳам шадидтар кард. Мунтақидон мегӯянд, ҳадафи ниҳоии қонуни танзим назорат аз фаъолиятҳои мазҳабии мардум дар Тоҷикистон аст.