Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Пӯлодӣ: Баъди Аҳмад Зоҳир, Кароматулло Қурбоновро куштанд. ВИДЕО


Парвиз Пӯлодӣ ҳангоми ба наворгирии филм
Парвиз Пӯлодӣ ҳангоми ба наворгирии филм

Коргардони рус Павел Лунгин дар наворгирии филми охирини худ роҷеъ ба амалиёти низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон (1979-1989) ҳунармандони тоҷикро ҳам ба иҷрои нақшҳое даъват кардааст.

Ин филм аз амалиёти берун рафтани як дивизияи низомии шӯравӣ тавассути гузаргоҳи Соланг қисса мекунад. Яке аз ҳунарпешаҳое, ки дар нақши афсари амниятии афғон дар ин филм кор кардааст, овозхони тоҷик Парвиз Пӯлодӣ аст.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон замоне ба қуллаи авҷ расид, ки Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи афғон кушта шуд. Айни чунин ҳодиса дар Тоҷикистон баъд аз қатли Кароматулло Қурбонов рух дод.

Дар сӯҳбат бо Парвиз Пӯлодӣ нахуст аз ӯ пурсидем, чӣ сабаб шудааст, ки коргардонҳои рус ҳунарманди тоҷикро барои иҷрои ин нақш даъват карданд?

Парвиз Пӯлодӣ: Соли гузашта барои дидорбинӣ бо дӯстонам ба Маскав сафар карда, сипас, барои иҷрои нақше дар филми ҳунарии “Амалиёти Муҳаббат” даъват шудам. Ин филм дар бораи қиссаи ишқи писари яке аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ бо духтаре, ки ба Амрико муҳоҷират кардааст, қисса мекунад. Баъд аз дидори ин ду ҷавон дар Афғонистон хадамоти махсуси Амрико талош мекунанд, тавассути ин писари фармондеҳи низомӣ ба Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ барои гирифтани тасмими ихроҷи нерӯҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистон таъсир расонанд. Дар арсаи синамои Русия чунин одате вуҷуд дорад, ки коргардоне як филмро тамошо карда, барои иҷрои нақше дар филми худ ин ҳунармандро даъват мекунад. Бо ман ҳам чунин ҳодиса рух дод ва коргардони машҳури рус Павел Лунгин маро барои иҷрои нақше дар филмаш даъват кард. Ба ин тартиб дар як сол нақши ду қаҳрамон дар филмҳои сохти Русияи марбут ба мавзӯи Афғонистонро иҷро кардам.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Парвиз Пӯлодӣ: Баъди Аҳмад Зоҳир, Кароматулло Қурбоновро куштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Се ҳунарпешаи тоҷик дар филми Лунгин

Радиои Озодӣ: Таҳияи ин филм анҷом ёфт ва дар куҷо метавон онро тамошо кард?

Парвиз Пӯлодӣ: Марҳилаи наворбардории ин филм анҷом шуд ва ҳоло таҳиякунандаҳо машғули изофа кардани оҳангҳо ба ин филм ҳастанд. Павел Лунгин дар мусоҳибаҳои матбуотиаш хабар дод, ки дар семоҳаи аввали соли оянда нахустнамоиши ин филм баргузор мешавад. Дар аввал номи кории ин филм “Братство” («Бародарӣ») унвон шуда буд, вале бо эҳтимоли зиёд дар ниҳоят номи филм “Роҳи бозгашт ба хона” гузошта мешавад. Ба хотири масоили амниятӣ лаҳзаҳои ин филм на дар Афғонистон, балки дар Доғистон наворбардорӣ шуданд. Ҳунармандони тоҷикро ба ин филм ба хотири муштаракоти забонии афғонҳову тоҷикон

Парвиз Пӯлодӣ

Овозхон ва ҳунарманди тоҷик, соли 1970 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Хатмкардаи донишкадаи ҳунарии ба номи Шепкини шаҳри Москва. Баъд аз хатми донишкадаи ҳунарӣ тӯли чанд сол дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба унвони ҳунарманд ва коргардон кор карда, сипас дар намоишномаҳое дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нақшҳо офаридааст. Сипас, муддате овозхони гурӯҳи ҳунарии “Сипар”-и ВКД Тоҷикистон низ будааст. Дар тӯли солҳои фаъолияташ Парвиз Пӯлодӣ овозхонӣ карда, ҳудуди сад оҳанг эҷод кардааст, ки бештаре аз онҳоро худаш ва писараш Ромизи Парвиз иҷро мекунанд.

Аз соли 2008 Парвиз Пӯлодӣ мудири Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор мебошад. Дар соли ҷорӣ Парвиз Пӯлодӣ дар ду филми ҳунарии коргардонҳои Русия нақши калидӣ иҷро кардааст, ки ин ду филм ба мавзӯи ҳузури нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон ва ихроҷи онҳо аз қаламрави ин кишвар рабт мегиранд.

даъват карда буданд. Дар баробари ман боз се ҳунарманди тоҷик, аз ҷумла Раҷаби Ҳусейн дар ин филм нақшҳоеро иҷро карданд.

Радиои Озодӣ: Аммо, чаро дар Доғистон ин филм наворбардорӣ шуд, на дар Тоҷикистон?

Парвиз Пӯлодӣ: Фикр мекунам, таҳиякунандаҳои ин филм натавонистанд бо мақомоти тоҷик дар мавриди гирифтани иҷозатнома ва пардохти хидматрасонӣ ба тавофуқ бирасанд. Вале манзараҳои Доғистон низ шабеҳи Афғонистон буданд ва барои коргардону ҳунармандони рус таҳияи филм дар як ҷумҳурии Русия муносиб буд, зеро арзи хориҷӣ сарфа шуду омаду рафти ҳунармандон бамаротиб арзонтар афтод.

Радиои Озодӣ: Метавонед барои мо мӯҳтавои асосии ин филмро бигӯед?

Парвиз Пӯлодӣ: Ин филм дар бораи ҳодисаҳои ихроҷи дивизияи 108-и Русия аз Афғонистон тавассути ағбаи Соланг қисса мекунад. Ман дар ин филм нақши Маҷид, як сардор ё афсари маҳаллии пулиси Афғонистонро иҷро мекунам. Ба эътиқоди коргардони “Роҳи бозгашт ба хона” ин филм навъи узрхоҳии Русия аз мудохила ба умури Афғонистон ва бетавофутии мақомоти ин кишвар ба сарнавишти афғонҳои собиқи ҷонибдоронаш мебошад. Қаҳрамони ман аз ихроҷи нерӯҳои шӯравӣ нигарон аст. Зеро вай низ аз такрори сарнавишти Наҷибулло, раиси ҷумҳури он вақтаи Афғонистон ҳарос дорад. Наҷибулло баъд аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз сӯи муҷоҳиддин ба дор кашида шуд.

Дар ин филм як ҳодисае ба навор омадааст, ки корманди интизомии Афғонистон бо таассуф ба низомиёни Русия мегӯяд, ки “боз моро кидат карден” ва афсари рус дар посух мегӯяд, ки “бубахш, вале ин тасмими Маскав аст”. Ҳамзамон дар ин филм ҳодисаҳои инфиҷор додани кӯмакҳои башардӯстонаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба мардуми Афғонистон нишон дода шудаанд. Ман дар ин филм дар ҳамаи лазҳазаҳои хатарнок нақшамро худам бидуни каскадер иҷро кардаам.

Радиои Озодӣ: Пас лаҳзаҳои тирпарронӣ ҳама воқеӣ набуданд?

Парвиз Пӯлодӣ
Парвиз Пӯлодӣ

Парвиз Пӯлодӣ: Дар бархе ҳолатҳо коргардон аз тирҳои ҳақиқӣ истифода мекард, аммо манзури ман дар ҷаҳишҳову даргириҳо бо муҷоҳидин аст. Яъне, дар муҳорибаҳои тан ба тан ман нақшамро худ иҷро мекардам, на каскадер. Аммо дар ҳолатҳои тирпарронӣ аз эҳтиёт кор мегирифтем.

Таъсири ҳаводиси Афғонистон ба таҳаввулоти Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст, вале чаро то ҳол коргардонҳои тоҷик дар ин мавзӯъ филми ҳунарие таҳия накардаанд?

Парвиз Пӯлодӣ: Тоҷикистон коргардонҳову ҳунармандони қавие дорад, ки метавонанд филми ҳунарии хубе таҳия кунанд. Аммо мушкили аслӣ ба маблағ рабт дорад. Коргардонҳо барои наворбардории филмҳо пул надоранд. Дар Русия тиҷорати ҳунарӣ хеле рушд карда, аммо дар Тоҷикистон ин вазъ мушоҳида намешавад. Ҳарчанд ҳанӯз солҳои 1980-ум дар телевизиони Тоҷикистон Бобоҷон Икромов дар бораи сарнавишти сарбози тоҷик дар ҷанги Афғонистон филми хуби телевизионӣ таҳия карда буд, ки коргардонаш Соҷида Ғуломова буданд. Аммо ҳоло коргардонҳои тоҷик танҳо дар фикри пайдо кардани маблағ ҳастанд ва бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ мутмаинам Тоҷикистон низ дар бораи ҳодисаҳои Афғонистон филмҳои арзишманде таҳия хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Шумо дар ду филми марбут ба ҳодисаҳои Афғонистон нақш иҷро кардаед. Оё миёни ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ин ду кишвар умумиятҳое вуҷуд доранд?

Парвиз Пӯлодӣ: Сарнавишти 40 соли ахири Афғонистон ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонидааст. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон замоне ба қуллаи авҷ расид, ки Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи афғон кушта шуд. Айни чунин ҳодиса дар Тоҷикистон баъд аз қатли Кароматулло Қурбонов рух дод. Ҳанӯз ҳам таъсири Афғонистон ҷангзада ба зиндагии сокинони Тоҷикистон бузург аст. Ман мутмаинам, ки ифротгароӣ дар миёни ҷавонони тоҷик асосан ба далели нооромӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон сурат мегирад. Ба ин далел мо набояд азияти мардуми афғонро нодида гирем ва ба иштибоҳҳои онҳо роҳ диҳем.

XS
SM
MD
LG