Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ: Гуфтаҳои Маҳмуди Аҳмадинажод “болотарин хиёнат” аст


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод

Содиқ Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон, изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод алайҳи ниҳоди раҳбарии ӯро “болотарин хиёнат” номид ва раиси ҷумҳури собиқро муттаҳам кард, ки алайҳи “низом шамшер кашидааст”.

Баҳори имсол Шӯрои нигаҳбон номзадии Маҳмуди Аҳмадинажодро барои сабқат дар интихоботи президентии моҳи май рад карда буд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии ИРНА, Содиқ Лориҷонӣ рӯзи 3-юми декабр дар як суханронӣ гуфт, "мутаассифона, иддае дар дохил ба осиёби душман об мерезанд ва аз пушти кишвар ханҷар мезананд". Ӯ афзудааст, "оқое, ки худ замоне дар кишвар масъул буд, тайи чанд дақиқа алайҳи қувваи қазоия 50 дурӯғ гуфтааст."

Содиқ Лориҷонӣ таъкид кардааст, ки "ин афрод мутаваҷҷеҳ намешаванд, ин иқдомот хиёнат ба ҷумҳурии исломӣ ва ормони инқилоб аст". Ҳамчунин, ба гузориши хабаргузории “Тасним”, раҳбари қувваи қазоияи Эрон гуфтааст, "иддае барои дифоъ аз ҳамроҳони худ низомро зери суол мебаранд".

Содиқ Лориҷонӣ
Содиқ Лориҷонӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон, қаблан дар як гуфтугӯи видеоӣ қувваи қазоияро ба нақзи Қонуни асосӣ муттаҳам кард ва гуфт, "агар қарор буд диктатурии қувваи қазоияро дошта бошем, инқилоб намекардем."

Интиқоди шадиди Маҳмуди Аҳмадинажод ва наздикони ӯ аз қувваи қазоия пас аз ташкили додгоҳ барои Ҳамид Бақоӣ ва эҳзори Исфандиёр Раҳими Машоӣ оғоз шудааст. Дар ҳоле ки ҷаласаҳои додгоҳи Бақоӣ ба сурати пӯшида баргузор шуд, вай бо интишори филмҳое иттиҳомоти алайҳи худро рад кард. Ҳамид Бақоӣ аз ҳалқаи муҳофизакорони Эрон аст.

Радду бадали Маҳмуди Аҳмадинажод бо мақомоти қувваи қазоия дар ҳолест, ки баҳори имсол Шӯрои нигаҳбон номзадии Маҳмуди Аҳмадинажодро барои сабқат дар интихоботи президентии моҳи май рад карда буд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Аҳмадинажод дар ҳоле барои иштирок дар интихоботи моҳи майи президентӣ дар Эрон худро сабти ном карда буд, ки соли гузашта раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ хоста буд, то номзадиашро нагузорад. Хоманаӣ гуфта буд, “ширкат накарданаш ба нафъи худи ӯст ва агар дар интихобот иштирок кунад, боис ба эҷоди фазои дуқутбӣ дар Эрон хоҳад шуд”.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 дар ҳоле раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои чаҳор сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро “афсона” ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро “мармузу торик” хонд.​

Ҳамид Бақоӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ
Ҳамид Бақоӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ

Аҳмадинажоди 59-сола баъд аз хатми давраи президентиаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш ҳам дар донишгоҳ дарс мегуфт.

XS
SM
MD
LG