Қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон, ки соли 2018 дар Русия баргузор мешавад, таркиби ҳамаи гурӯҳҳоро маълум кард. Маросими қуръакашӣ шаби 1-уми декабр дар толори консертии Қасри давлатии Кремлини Маскав баргузор шуд.
- Дар доираи иқдоми «Трофи Тур» 5-уми феврали соли оянда барои аввалин бор дар таърих ҷоме, ки ба ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон тақдим мегардад, ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Дар ин маросим президенти Русия Владимир Путин ҳузур дошт. Ӯ гуфт, мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи ҷаҳон бузургтарин иди варзишӣ хоҳад шуд. "Кишвари мо бесаброна ин мусобиқотро интизор аст ва омода аст, ки онро дар сатҳи баланд баргузор намояд. Бовар дорем, мусобиқот ба онҳое, ки ба Русия меоянд, таассуроти фаромӯшнопазир боқӣ мегузорад”, - иброз дошт Путин.
Бар асоси қуръакашӣ 32 дастаи ширкаткунандаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 дар Русия ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуд.
Таркиби гурӯҳҳо:
гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай;
гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон;
гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания;
гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия;
гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия;
гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ;
гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия;
гурӯҳи H: Лаҳистон (Полша), Сенегал, Колумбия, Ҷопон.
Бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз 14-уми июн то 15-уми июли соли оянда дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград - баргузор мешаванд.
Бозии кушодашавии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 миёни мунтахаби Русия, мизбони мусобиқот ва тими миллии Арабистони Саудӣ 14-уми июни соли оянда дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи «Лужники», барпо мегардад.
Дар доираи иқдоми «Трофи Тур» 5-уми феврали соли оянда барои аввалин бор дар таърих ҷоме, ки ба ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон тақдим мегардад, ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ин ҷом дар Душанбе ба маърази умум гузошта хоҳад шуд.
Ба иттилои мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд Ҷоми расмии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳонро, ки ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мегузаронад, бубинанд ва бо ин ҷоизаи афсонавӣ аксбардорӣ кунанд.
Дар доираи ташрифи ҷоизаи аслии ҷаҳонии футбол ба пойтахти Тоҷикистон меҳмонони чорабинӣ, инчунин имкон доранд, ки дар барномаи дилхушӣ ширкат варзанд.
9-уми сентябри соли равон дар Маскав саёҳати нави Ҷоми ҷаҳон бо дастгирии ширкати Coca-Cola шуруъ шуд. Хатсайри ин саёҳат то моҳи декабри соли 2017 дар ҳудуди Русия доир мешавад. Баъдан ҷом ба саёҳати 50 кишвари 6 қитъа баромада, моҳи майи соли 2018 боз ба Русия бармегардад, ки дар онҷо тобистони соли оянда мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 барпо мегардад.
Ҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон ҷоизаи аслиест, ки ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон супурда мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА мемонад. Ҷом аз тиллои холис сохта шудаааст ва 6,175 кг вазн дорад. Он аз ду пайкараи инсонӣ, ки кураи заминро болои дастҳояшон бардоштаанд, иборат аст. Бо чунин намуд Ҷоми расмӣ аз соли 1974 вуҷуд дорад.
Бар асоси қоидаҳои ФИФА, ба Ҷоми расмӣ метавонанд танҳо ғолибони мусобиқот ва сарони давлатҳо даст бирасонанд. Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ касе ҷовид супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахаби ғолиби мусобиқот бар ивази он нусхаи Ҷоми ғолибони қаҳрамонии футболи ҷаҳонро мегирад.
Дидани ҷоизаи аслӣ ва ягона имконияти беназирест, ки ба ҳамаи хоҳишмандон ҳангоми сафари Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон, ки онро ширкати Coca-Cola ташкил кардааст, пешниҳод карда мешавад.