Шикояти Мавҷуда Воҳидова, сокини 24-солаи Душанбе, аз шавҳар ва муллое, ки онҳоро никоҳ кардааст, ҳарсеи онҳоро дар маркази баҳсҳои ҳуқуқӣ ва бозпурсии муфаттишон қарор дод. Бино ба қонунҳои Тоҷикистон никоҳи мусалмонӣ танҳо дар сурате баста мешавад, ки навхонадорон ақди никоҳи расмиро гузашта бошанд. Мақомоте, ки солҳои гузашта ба ташдиди ҷавобгарӣ дар ин замина пофишорӣ карданд, вуҷуди оилаҳои зиёди ғайрирасмӣ, нақзи ҳуқуқи занону фарзандони онҳо дар сурати азҳампошии хонаводаҳо ва ҷилавгирӣ аз бисёрҳамсариро далел оварданд.
Мавҷуда: Падари фарзанди ояндаам масъулият дошта бошад
Мавҷуда рӯзи 18-уми октябр гуфт, ки пас аз чаҳор моҳи зиндагӣ бо ҳамсараш Беҳрӯз Ризозодаи 26-сола ба додситонӣ шикоят кардааст. Вай иддао дорад, ки Беҳрӯз Ризозода ва рӯҳонӣ Асрориддин Хоҷаев ӯро бо роҳи фиреб никоҳ карданд.
"Ҳоло ҳомила ҳастам. Танҳо пас аз як ҳафтаи хонадорӣ дарк кардам, ки гапҳои ҳамсарам дар бораи вуҷуди талоқи расмии ӯ бо зани аввалааш беасос буда, додгоҳ қарори ҷудошавии онҳоро содир накардааст", - гуфт ӯ. Дар шикояти расмии худ ба додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Мавҷуда Воҳидова гуфтааст, қабл аз хонадорӣ бо ҳамсар зиёд пофишорӣ мекард, ки бояд никоҳи расмӣ кунанд, аммо шавҳараш гуфтааст, “тамоми ҳуҷҷатҳо барои никоҳи расмӣ дуруст аст ва ягон мушкил пеш нахоҳад шуд”.
Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи масъулияти худи ӯ ҳамчун ҳамсар дар ин қазия, ки бояд бо шавҳар никоҳашро расмӣ карда, баъдан никоҳи мусалмонӣ мебаст, Мавҷуда Воҳидова гуфт, "дар ин қазия фиреб хӯрдам. Ба ба ҳарфи ҳамсарам бовар кардам, ки ин расмиётро ҳатман дар наздиктарин фурсати баъд аз шурӯи зиндагии муштарак ба ҷо хоҳем овард."
Мавҷуда Воҳидова гуфт, пойфишориҳои ӯ ҳам барои қайди расмии издивоҷаш бо ҳамсар як баҳонаи дигари сард шудани робитаҳои заношӯӣ ва даъвоҳои оилавӣ бо волидону дигар аъзои оилаи Беҳрӯз Ризозода шудааст. Ин зан ҳоло нигарон аст, ки баъди талоқаш тифле, ки қарор аст баъд аз ним соли дигар дида ба дунё кушояд, беҳуқуқ, бепадар ва бидуни пуштибон мемонад.
Барои додгоҳҳои Тоҷикистон баррасии баҳсҳои заношӯӣ як кори маъмулӣ аст. Соли 2016 ҳудудан 9 ҳазор хонавода ва соле аз ин қабл беш аз 8 ҳазор оила аз ҳам пошидааст. Вале ин ҳодисаи камназир аст, ки як зан ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамсар ва ҳам муллои никоҳкардаро тақозо мекунад. Беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд ва дар зеҳни аксарият ақди никоҳи мусалмонӣ назар ба ақди никоҳи расмӣ аз назари ахлоқиву маънавӣ авлотар аст. Аммо баъд аз як тағйирот ба қонуни оила, ҳеҷ як рӯҳонӣ ҳақ надорад бидуни дидани санади ақди никоҳи расмӣ дар ЗАГС зану шавҳарро никоҳ кунад.
Мулло: Хатои ман ин шуд, ки ба ҷавонҳо бовар кардам
Асрориддин Хоҷаев, рӯҳоние, ки хутбаи никоҳи Мавҷуда ва шавҳарашро хондааст, рӯзи 18-уми октябр гуфт, қабл аз онки Мавҷуда ва Беҳрӯзро никоҳи мусалмонӣ кунад, аз домод пурсидааст, оё санади расмии никоҳ доранд, ё не. Ба қавли Асрориддин Хоҷаев, Беҳрӯз ӯро мутақоид кардааст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои ақди никоҳи расмии онҳо дуруст аст ва метавонад бидуни ягон шубҳа хутбаи никоҳро бихонад.
"Лаҳзае, ки сӯҳбат мекардем, амаки арӯс ҳам он ҷо буд ва ӯ ҳам гуфт, ки ягон мушкил нест. Баъд ман ҳам никоҳ кардам", - афзуд Асрориддин Хоҷаев. Ин рӯҳонӣ гуфт, дар бораи издивоҷи аввали Беҳрӯз ва аз ҳам пошида шудани оилаи аввалаш хуб огоҳ буд. Вале хато ин буд, ки бояд на ба ҳарфи ӯ, балки ба санад бовар мекард.
Беҳрӯз: “Барои талоқи расмӣ дар додгоҳ як моҳ монда буд”
Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Ризозода, шавҳари собиқи Мавҷуда, ки аз шикояти ҳамсараш огоҳ аст, мегӯяд, ҷанҷолҳои пайвастаи оилавӣ ӯро аз хонадорӣ бо ҳамсари аввалааш дилсард карда буд. Аризаи онҳо барои талоқи расмӣ дар додгоҳ буд ва дар қарори ниҳоии он тобистони соли ҷорӣ додрас ба Беҳрӯзу ҳамсари аввалааш муҳлати созиш додааст.
Беҳрӯз мегӯяд, дар ин миён ба хотири бемории модараш тасмим гирифт, бо Мавҷуда пеш аз расмӣ шудани талоқаш оила бунёд кунад. “Дар аввал ҳатто худаш намегуфт, ки ЗАГС-и расмӣ кунем. Вале вақте ман ӯро талоқ додам, акнун ба додситонӣ шикоят бурдааст, ки ман ӯро бо болои занам гирифтам, фиреб кардам ва чанд баҳонаи дигар”, - гуфт Беҳрӯз.
Ҳоло баррасии шикояти Мавҷуда аз рӯи шавҳар ва рӯҳониро додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баррасӣ дорад. Дар додситонӣ гуфтанд, ҳанӯз қазия ниҳоӣ нашуда, парванда ба додгоҳ нарафтааст. Як муфаттиши ошно бо парванда дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, қазия нахуст санҷида ва нақшу масъулияти ҳар як нафари дахил дар ин қазия баҳогузорӣ мешавад. Феълан муфаттишон нисбат ба ҳеҷ як нафар, аз ҷумла Беҳрӯз Ризозода иттиҳоме пеш нагузоштаанд.
Бар асоси моддаи 170-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон, чандҳамсарӣ дар кишвар мамнӯъ буда, барои бисёрзанӣ аз ҷарима то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Солона ба додгоҳҳои Тоҷикистон садҳо ариза ворид мешавад, ки дар онҳо занҳо барои рӯёндани “алимент” аз ҳамсарони собиқ кумак мехоҳанд. Аксари ин занҳо мисли Мавҷуда никоҳи расмӣ надоранд ва бачаҳои худро ҳамчун исботи зиндагии муштарак пешниҳод мекунанд. Ин талоши Мавҷуда дар ҳолест, ки собиқ шавҳараш ҳамсари аввалаи худро бо ду фарзанд ба хона оварда, бо онҳо зиндагӣ дорад.
Бо гузашти беш аз 80 сол аз таъсиси Тоҷикистон ҳамчун як ҷумҳурии низомаш дунявӣ ин баҳс, ки никоҳи расмӣ муҳим аст ё никоҳи динӣ - ҳанӯз хотима наёфтааст. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, никоҳ амали маҷбурӣ нест. Фарқ танҳо дар ин аст, ки бо доштани никоҳи расмӣ дар идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ, дар сурати вайрон шудани оила зану кӯдак таҳти ҳимояи қонунҳои давлат қарор мегиранд, вале дар сурати доштани танҳо никоҳи мазҳабӣ, занҳо танҳо ба инсофи ҳамсари собиқ умед мебанданд ва метавонанд дар кӯча бимонанд.