Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори манъи хондани ақди никоҳ аз тарафи рӯҳониёни ғайрирасмӣ шуданд. Онҳо пешниҳод доранд, ки масъулияти бастани никоҳи шаръӣ пурра ба ихтиёри имом-хатибони масоҷид дода шавад.
Тайи солҳои гузашта чанде аз рӯҳониён ва сокинон барои никоҳи ноболиғон, ҳамсарони дувум ва никоҳи бидуни хатти ЗАГС боздошт шудаанд.
Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин, рӯзи 10 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи пешниҳод аллакай ба порлумон ва Додситонии кулл фиристода шудааст. “Барои риоя накардани қоидаи нав хостем, ё ҷавобгарии ҷиноӣ ё ҳадди ақалл ҷавобгарии маъмурӣ таъин шавад", - афзуд ӯ.
Шокиров гуфт, тасмими онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз никоҳи ноболиғон ва никоҳҳоест, ки дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ба қайд гирифта нашудаанд. Вай афзуд, “имом-хатибони масоҷид чун масъулият доранд, аз навхонадорон ҳатман хатти ЗАГС-ро пурсида ва сипас никоҳ мекунанд. Онҳо дафтари алоҳида ҳам доранд, ки никоҳҳои кардаашонро сабт мекунанд. Аммо баъзе аз рӯҳониён бе вуҷуди никоҳи расмӣ навхонадоронро зану шавҳар эълон карда ва аз паёмади корашон фикр намекунанд."
Пешниҳоди мақомот барои муҷозоти рӯҳониёни ғайрирасмӣ ҳангоми хондани хутбаи никоҳ бо вокунишҳои мухталиф рӯ ба рӯ шудааст. Агар бархе онро ҷонибдорӣ кунанд, бархеи дигар ин тасмимро маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандон ва зери “монополияи” рӯҳониёни расмӣ қарор додани никоҳ аст.
Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, ки бештар масоили мазҳабиро пайгирӣ мекунад, рӯзи 10 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз соли 1929 ба ин тараф дар Тоҷикистон ақди никоҳи динӣ мисли ақди никоҳи давлатӣ ба расмият шинохта намешавад. Дар инҷо ягон мантиқро намебинам, ки ӯро устодаш ё ягон нафаре, ки ба ӯ ихлосманд аст, никоҳ кунад. Бисёре аз сокинон ба пири солхӯрда ё як нафари ботақво эътимод доранд ва мехоҳанд хутбаи никоҳашон аз тарафи онҳо хонда шавад.”
Сайҳомид Наҷмиддинов, як нафари огоҳ мегӯяд, баъди маъракаи боздошти баъзе рӯҳониён бо иттиҳоми амалҳои шавҳонӣ аксари онҳо аз хондани хутбаи никоҳ худдорӣ мекунанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, афроде, ки хутбаи никоҳро медонанд, ба таври хеле пинҳонӣ ва эҳтиёткорона онҳоеро никоҳ мекунанд, ки ҳамсари дувум мегиранд.
“Ҳарчанд дар қонун барои никоҳ кардан ҷавобгарие пешбинӣ нашудааст, аммо чандин рӯҳонӣ бозпурсӣ шудаанд. Барои ҳамин, рӯҳониён ба таври хеле пинҳонӣ танҳо дӯстону одамони наздикашонро никоҳ мекунанд”, - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсади аҳолиашро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, ақди никоҳи шариатӣ дар баробари никоҳи давлатӣ амри муҳим аст. Қаблан, моҳи январи соли 2011, вақте ба Кодекси оилаву никоҳ тағйирот ворид мешуд, ба тамоми ходимони динӣ дар Тоҷикистон дастур шуда буд, ки бидуни санади сабти расмии никоҳ дар идораи давлатии сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ касеро никоҳ накунанд.
Тайи солҳои гузашта чанде аз рӯҳониён ва сокинон барои никоҳи ноболиғон, ҳамсарони дувум ва никоҳи бидуни хатти ЗАГС боздошту муҷозот шудаанд.