Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодихони Ҷамшед: Баъд аз ҷарроҳии мо Амирҷон 4 рӯз зинда монд


Шодихони Ҷамшед
Шодихони Ҷамшед

Бо марги Амирҷони ноболиғ шумори қурбониҳои як моҷарои хонаводагӣ бар сари мерос дар Шуғнон то ду нафар афзоиш ёфт. Амирҷон Ниятбекови 14-сола, ки ҳафтаи гузашта аз тири силоҳи амакаш Некрӯз Ниятбеков, корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ, шадидан захмӣ шуда буд, дар бемористон даргузашт. Назридод Назридодов – тағои Амирҷон – 13-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷиянаш ду рӯз қабл ҷон дод ва ба хок супурда шуд.

Ин баҳс пас аз даргузашти Далер Ниятбеков, бародари Некрӯз сар задааст.

Ҳамлаи мусаллаҳонаи Некрӯз Ниятбеков ба хонаи Назридодовҳо дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон шаби 5-уми октябри имсол сурат гирифт. Ин корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ бо таппонча хушдомани бародараш Оламгул Девлоховаро кушт ва Мубориз Назридодов, ҳамсари бародараш Ганҷина Назридодова ва писари бародараш Амирҷони 14-соларо захмӣ намуд. Амирҷон, ки аз сараш тир хӯрда буд, тақрибан як ҳафта дар ҳолати беҳушӣ буд ва тавассути дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирифт.

Як ҳафта пеш мақомоти вилояти Бадахшон аз ҷарроҳии муваффақонаи ин наврас аз тарафи раиси вилоят хабар дода буданд. Онҳо гуфтанд, ки амалиёти Амирҷонро баъди захмӣ шуданаш шахсан Шодихони Ҷамшед, табиби ҷарроҳ анҷом дод. Раиси вилояти Бадахшон рӯзи 13-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз рӯзи аввали ин ҳодиса шонси зинда мондани Амирҷон зиёд набуд, онҳо ба хотири сиҳҳатиаш паи табобати ӯ шуданд.

Шодихони Ҷамшед гуфт, тири таппонча сари кӯдакро шикофта, имкони зинда монданашро камтар карда буд. “Тир дар косахонаи сари кӯдак монда буд ва мо ҷарроҳӣ карда, онро гирифтем. Майнаи сар захм бардошта буд. Мо ҳар чизе дар доираи ин ҷарроҳӣ аз дастамон омад, анҷом додем”, - гуфт ӯ.

Мақомот гуфтанд, ки баҳси миёни Некрӯз ва Назридодовҳо пас аз даргузашти бародараш Далер Ниятбеков сар задааст. Додгоҳ баҳси ду тарафро дар мавриди соҳибӣ ба манзили Далер Ниятбеков ба манфиати ҳамсари ӯ ҳал карда, хашми Некрӯзро барангехтааст. Худи Ниятбеков дар навори бозпурсии мақомот, ки тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, гуфт, ҳадафаш танҳо тарсондани ҳамсари бародар ва хонаводаи онҳо буд.

“Аммо баъди онки мо ба хона даромадему онҳо доду вой карданд, худро гум кардам ва тир холӣ кардам”, - нақл кард ӯ.

Ҳоло ҳамроҳи ӯ Восеъ Агибзода, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ боздошт шудааст. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ду нафар бо истифода аз таппонча, корд, норинҷаки дастӣ ва ниқоб ба чаҳор узви хонаводаи Назридодовҳо ҳамла карданд. Феълан додситонии ноҳияи Шуғнон алайҳи ин ду нафар бо иттиҳоми “қасди ҷиноят” ва “куштор” парванда боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Дар ду ҳафтаи ахир бори севум аст, ки дар пайи баҳсҳои хонаводагӣ, сокинон кушта мешаванд. Рӯзи дуюми октябр Маҷид Бердиев, сокини шаҳри Истаравшан, Нигора Қулиева, ҳамсари собиқашро бо 19 зарби корд ба қатл расонд. Шаби 4 ба 5-уми октябр низ Абдураҳмон Бадиев, як сокини 71-солаи ноҳияи Бохтар ҳамсари 45-сола ва духтари 16-солаашро захмӣ намуд ва худкушӣ кард.

Дастрасӣ ба манзил ва порчаи замин аз мушкили рақами яки Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 93 дар садаш кӯҳистон мебошад ва аз 7 дарсади боқимондаи қаламрав танҳо сеяки он нисбатан ҳамвор ва барои кишоварзӣву бунёди манзил қобили истифода аст. Бинобар як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ба як нафар дар кишвар тақрибан 6 сотих рост меояд. Оҷонсии омор мегӯяд, ба ҳисоби миёна ҳар як хонавода дар Тоҷикистон 31 метри кватдратӣ бинои зист дорад. Солҳои истиқлолияти Тоҷикистон шумори даъвоҳои судиву ҷанҷолҳои авлодиву хонаводагӣ барои дастрасӣ ба манзил ва замин торафт бештар мешавад.

Садҳо ҳазор нафар даҳсолаҳо дар навбати замин қарор доранд ва бо сабаби камии маош (мизони миёна маош дар Тоҷикистон 118 доллар аст) аксар ниёзмандон тавони харидории манзилҳои омодашударо надоранд. Қимати миёнаи як манзили духонагӣ дар нуқоти мухталифи Тоҷикистон аз 30 ҳазор доллар боло аст ва на ҳама метавонад барои худ хонаи ҷудогона бихарад. Коршиносон мегӯянд, мизони миёнаи қарзи бонкӣ барои харидории хона ҳудудан 30 дар сад аст ва қарзи бонкӣ ҳам барои мӯҳлати фавқулода кӯтоҳи аз 2 то 5 сол дода мешавад.

XS
SM
MD
LG