Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбар дар қатли Фирӯз Одинашоев


Намое аз шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ.
Намое аз шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гумонбар дар қатли Фирӯз Одинашоеви 33-соларо боздошт кардааст. Ин сокини Хоруғ ҳафтаи гузашта дар пайи як муноқиша миёни ҷавонон дар маркази вилояти Бадахшон, ба ҳалокат расида буд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғ Орзу Боймамадов, сокини маҳаллаи Носири Хусравро боздошт кардаанд, ки дар қатли Одинашоев Фирӯз Асановичи 33-сола гумонбар дониста мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз истифодаи силоҳ дар "разбор"-ҳои Бадахшон нигаронӣ карда, дар чанд соли гузашта ба ҷамъоварии силоҳи сокинон дар минтақа пардохтанд.

"Соати 12:30-и рӯзи 9 октябр дар маҳаллаи беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ байни ҷавонони маҳаллаи “Беморхонаи марказӣ” ва маҳаллаи “Носири Хусрав”-и шаҳри мазкур, баҳсу мунозира ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷа шаҳрванд Боймамадов Орзу, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Хоруғ бо истифода аз таппончаи тамғаи “Макаров” ба тарафи шаҳрванд Одинашоев Фирӯз, соли таваллудаш 1983, сокини ҳамин шаҳр тир холӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Далели шайъӣ таппончаи тамғаи "ПМ", бе рақам, бо тирдон ва тирҳояш гирифта шуд", - гуфт ӯ.

Ба қавли суханӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Орзу Боймамадов ҳамакнун дар боздоштгоҳи муваққатии Хоруғ нигоҳдорӣ мешавад ва бозпурсии вай аз ҷониби мақомоти тафтишот идома дорад. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз истифодаи силоҳ дар "разбор"-ҳои Бадахшон нигаронӣ карда, дар чанд соли гузашта ба ҷамъоварии силоҳи сокинон дар минтақа пардохтанд. Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар панҷ соли гузашта аз сокинони вилояти Бадахшон беш аз 1200 силоҳи оташфишон мусодира шудааст.

Тирпаронии гурӯҳи ҷавонон дар Хоруғ баъди як соли тирпаронӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон рух дод, ки дар пайи он низ як ҷавон кушта шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, Бадавлат Кименов - сокини бистсолаи ноҳияи Рӯшон ва донишҷӯи соли дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - баъди он кушта шудааст, ки ӯ ва ҳашт дӯсту ҳамроҳаш дар назди бинои "Тоҷиктелеком"-и Рӯшон ронандаи худрави тамғаи "Ланд-Крузер" Асрат Ёқубов (1978)-ро латту кӯб намудаанд.

Хоруғ, моҳи августи соли 2013. Акс аз бойгонӣ
Хоруғ, моҳи августи соли 2013. Акс аз бойгонӣ

Маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли Абдулло Назаров, раиси пешини идораи амнияти вилоят дучори нооромиҳо шуда буд. Дар он сол мақомоти амниятӣ амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар минтақа ба роҳ андохтанд ва бино ба гузоришҳо, дар натиҷа аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.​

Баъдан, дар моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ эътирозҳои Хоруғ оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуда ва 4 тани дигар захм бардоштанд.

Баъд аз ин ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти маъмурони ОМОН ба назди бинои раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситониро оташ заданд. Дар як ҳодисаи дигар дар шаби 23 майи соли 2014 дар назди бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон боз як нафар куштаву ду тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG