Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳиммат"-и соҳибкорон. Ташаббуси худӣ ё иҷбори мақомоти давлатӣ?


Даҳсолаҳо таъмир нашудани роҳи деҳа Исломидинро водор кард, ки шахсан даст ба кор шавад. Исломиддин аз пули ҷамъкардааш дар муҳоҷират 5 километр роҳи деҳаашонро таъмир кард, то аҳолӣ аз он роҳат гузар кунанд. Дар Тоҷикистон мисли Исломиддин даҳҳо нафар ҳастанд, ки гоҳе маҷбурӣ ва гоҳе бо ташаббуси худ мехоҳанд кореро анҷом диҳанд, ки аслан он вазифаи давлат аст.

Ба гуфтаи коршиносон, мақомот маҳаллӣ дар солҳои ахир барои худ кашфиёти наве кардаанд, ки аксари корҳое, ки бояд онҳо анҷом диҳанд, ба “ҳиммати соҳибкорон” вогузор мекунанд.

Солҳои ахир дар Тоҷикистон раванде вусъат мегирад, ки ба гуфтаи мақомот “соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ бо ташаббуси худ” мехоҳанд кори хайре анҷом диҳанд.” Ин кори ба гуфтаи мақомот “хайр”, аксар вақт аз таъмири роҳ, пул ва мактабу омӯзишгоҳҳо иборат аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон барои истифода аз роҳҳои ба будҷа маблағ месупоранд ва соҳибкорон низ мегӯянд, кори “хайр” барои онҳо дарди сари нав шудааст.

"33 сола шудам, аммо таъмири роҳро дар хотир надорам"

Исломиддин Сироҷов, сокини ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт баъди баргашт аз муҳоҷират тасмим гирифт, ки роҳи деҳаашонро, ки даҳсолаҳо хароб буд, таъмир намояд. Аслан ба гуфтаи Исломиддин, ин корро ба хотири падари вафоткардааш анҷом дод, то сокинон дар ҳаққаш дуои хайр кунанд.

Исломиддин мегӯяд, ҳарчанд касе ӯро маҷбур накард ва аз ӯ ба унвони як муҳоҷир касе инро интизор ҳам надошт, аммо бештар аз 8 ҳазор сомонии ҷамъкардааш дар Русияро ба ин кор сарф кард. Исломиддини 33-сола мегӯяд, давоми ин солҳо дар хотир надорад, ки бори охир кадом сол роҳи деҳаашон кай таъмир шуда буд.

“Роҳҳои мо то дараҷае вайрон буд, ки мошинҳои майда бо азоб аз он мегузаштанд. Роҳ пур аз чуқуриҳои пасту баланд буд. Ягон меҳмон меомад, дар назди ӯ хеле шарм медоштем. Вақте барфу борон меборид, вазъияти роҳ боз бадтар мешуд”,-мегӯяд ӯ. Исломиддин афзуд, барои ин кораш аз касе миннатдориро мунтазир нест ва ба дархости масъулини ҷамоат дар бораи қадрдонӣ карданаш низ посухи рад додааст.

“Таҳдид карданд, ки дар намози ҷумъа номатонро эълон мекунем”

Ҳарчанд Исломиддин мегӯяд, таъмири роҳи деҳаро ихтиёран анҷом додааст, аммо кам нестанд онҳое, ки мегӯянд ҳукуматҳои маҳаллӣ маҷбуран аз онҳо барои таъмири роҳу пул, маблағ талаб мекунанд.

Сироҷ Аминов, як сокини вилояти Суғд аз ҷумлаи он афродест, ки мегӯяд, бо мақомоти маҳаллӣ дар ин бора муноқиша ҳам кардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, моҳи сентябр мақомот ба дари манзилаш омаданд, ки 200 сомонӣ барои таъмири роҳи маҳалла супорад. Сироҷ мегӯяд, ҳарчанд таъмири роҳи маҳалларо як соҳибкор ба ӯҳда гирифта буд, аммо бо ин вуҷуд, аз аҳолӣ низ маблағ ҷамъ карданд. Сироҷ мегӯяд, он замон маблағи гуфтаи раиси маҳалла дар дасташ набуд. Ҳарчанд фурсат хост, аммо талаб карданд, ки фавран маблағро супорад.

Ин роҳ аз сӯи Донишгоҳи Осиёи Миёна дар шаҳри Хоруғ сохта шудааст.
Ин роҳ аз сӯи Донишгоҳи Осиёи Миёна дар шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

“Баъд аз ин ман ҳам гуфтам, ки маблағро намесупорам. Таъмири роҳ вазифаи давлат аст ва ман ҳар сол 400 сомонӣ андози роҳ медиҳам. Бигузор давлат таъмир кунад, чаро ман барои таъмири роҳ маблағ месупорам. Ба мисли ман боз 3-4 нафаре будааст, ки аз пардохти маблағ саркашӣ кардаанд. Таҳдид карданд, ки дар намози ҷумъа дар назди ҳама номатонро эълон мекунанд. Бо ин ҳам ман қасдан намехостам маблағ супорам. Аммо бехабар аз ман аҳли оилаам аз тарси ангуштнамо нашудан дар деҳа, маблағро бурда ба раиси маҳалла супоридаанд,”-мегӯяд Сироҷ.

Сироҷ Аминов ҳамчунин мегӯяд, солҳои ахир пули таъмири роҳу пул ва мактаб аз онҳо маҷбуран ситонида мешавад, аммо дар “телевизион онро кори гӯё ташаббускорона гуфта нишон медиҳанд.”

"7 миллиони мардум барои таъмири роҳ"

Таъмири роҳ дар Тоҷикистон тибқи муқаррарот вазифаи давлат ба ҳисоб меравад ва дар кишвар аз шаҳрвандон пардохте бо номи “андоз аз истифодабарандагони роҳ” низ ситонида мешавад. Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳамасола аз ин ҳисоб ба будҷа 360 миллион сомонӣ маблағ ворид мешавад.

Аловиддин Аноятшоев, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт мегӯяд, соҳибкорон ва шахсони алоҳида соли равон барои таъмири роҳҳои дар кишвар бештар аз 7 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.

Ба таъкиди ҷаноби Аноятшоев, “аз ҳисоби соҳибкорон 345 километр роҳ ва 36 адад пул таъмир шудааст. Аз ҷониби ҳукуматҳо мум ҷудо мешавад. Соҳибкорон ва шахсони дигар дар минтақаҳо ба кормандони роҳдорӣ муроҷиат мекунанд ва онҳо корро анҷом медиҳанд”. Ин масъули Вазорати нақлиёт мегӯяд, шаҳрвандон бо ташаббуси худ хостори таъмири роҳ мешаванд ва касе онҳоро маҷбур намекунад.

"Ҳавола ба ҳиммати соҳибкор"

Коршиносон мегӯянд, ба ӯҳдаи шаҳрвандон гузоштани таъмири роҳҳо аз як ҷониб агар дасткӯтаҳии ҳукуматҳои маҳаллиро нишон диҳад, аз ҷониби дигар ношаффоф харҷ шудани андози супорида барои таъмири роҳҳоро ба намоиш мегузорад. Ислом Юсуфов, як рӯзноманигор аз вилояти Суғд мегӯяд, шаҳрвандон вақте мебинанд, ки муроҷиатҳои зиёдашон барои таъмири роҳҳо ба ҳукумат натиҷа намедиҳад, маҷбур мешаванд худ аз пайи ҳалли масъала шаванд.

Ҷаноби Юсуфов аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, “ташаббусҳо барои кори хайр” дар аксар ҳолат хок задан ба чашми боло аст, чун баъзе аз ин “ташаббусҳо” дар нимароҳ мемонанд. Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, “чанд сол пеш дар деҳаи мо раиси вилоят гуфт, ки шағалу қумро харед, техникаро мо таъмин мекунем роҳро таъмир мекунем. Мақомоти маҳаллӣ ба раиси вилоят намоиш додан мехостанд, ки соҳибкорон мустақилона мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Хулоса ин роҳ таъмир нашуд ва “ташаббуси худҷӯш”-и соҳибкорон низ нимкола монд.”

Ислом Юсуфов мегӯяд, мақомот маҳаллӣ дар солҳои ахир барои худ кашфиёти наве кардаанд, ки аксари корҳое, ки бояд онҳо анҷом диҳанд ба “ҳиммати соҳибкорон” вогузор мекунанд. Ҷаноби Юсуфов суол мегузорад, ки “кадом соҳибкорон аз дасти мақомоти андоз халосӣ ёфта, имкон пайдо мекунад, ки ягон гӯшаи диёрро обод кунад? Ҳоло ниёзи мақомот ба сӯи соҳибкорони бурунмарзии нигаронида шудааст.”

Ба “ҳиммат”-и соҳибкорон вогузор шудани таъмири роҳу пул ва мактабу омӯзишгоҳҳо дар ҳолест, ки ин қишри ҷомеа мегӯянд, зери бори гарони андоз фаъолияташон ба марзи зарар наздик мешавад, аммо мақомот боз барои онҳо мушкили нав эҷод мекунанд.

Як соҳибкоре, ки бо сабабҳои маълум нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, ба ӯҳдаи онҳо гузоштани таъмири қитъаи роҳ ё дигар кори ба қавли мақомот “хайр”, барои онҳо як дардисари иловагӣ шудааст, ки бидуни анҷом он, корашон дар ягон идораи давлатӣ ҳал намешавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2017 аз будҷа барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо 60 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG