Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бадахшон як кӯдаки захмиро ҷарроҳӣ кард


Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон.
Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон.

Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон кӯдакеро, ки дар пайи тирпарронӣ дар Шуғнон ҷароҳат бардошта буд, ҷарроҳӣ кардааст. Амирҷон Солеҳзода, ёрдамчии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 6-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷарроҳӣ хуб гузашт.

Ӯ гуфт: "Ҳодиса дирӯз рӯх дода буд. Раисро хабардор карда буданд. Раис ба ташхисҳо шинос шуд. Ҳамаро аз назар гузарониданд ва дар амалиёти ҷарроҳӣ иштирок карданд. Худашон ҷарроҳи асаб ҳастанд, мутахассиси хуб мебошанд. Ин пеш аз нисфирӯзӣ буд. Ҷарроҳӣ бисёр хуб гузашт ва вазъи бемор мӯътадил ҳаст."​

Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон кӯдакеро, ки дар пайи тирпарронӣ дар Шуғнон ҷароҳат бардошта буд, ҷарроҳӣ кардааст.

Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон низ гуфт, Шодихони Ҷамшед ҷарроҳ аст ва новобаста ба машғулиятҳои зиёд, дар амалиётҳои ҷарроҳӣ иштирок мекунад. "Раиси вилоят сарфи назар аз масъулияти зиёд, дар вақтҳои зарурӣ кори табибиашонро низ анҷом медиҳанд", афзуд Нилуфар Асламшоева.

Раиси Бадахшон як кӯдаки захмиро ҷарроҳӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
Линки мустақим


Ин кӯдаке, ки раиси вилояти Бадахшон ӯро ҷарроҳӣ кард, дар пайи ҳамлаи амакаш, як рӯзи пеш аз сараш маъюб шуда буд.

Мақомоти интизомии вилояти Бадахшон Наврӯз Ниятбеков, сокини шаҳри Хоруғро, ки шаби 5-уми октябр бо тапонча хушдомани бародарашро кушт ва ҳамсару писари ӯро маҷрӯҳ намуд, боздошт карданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохили Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Некрӯз дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ба сӯи наздикони бародараш тир холӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ӯро субҳи имрӯз, 6-уми октябр, дар як хонае дар Хоруғ боздошт карданд.

“Ҳангоми тирпарронӣ хушдомани бародараш дар ҷои ҳодиса ҳалокшуда, писар ва ҳамсари бародараш дар бемористон бо ҷароҳатҳои вазнин бистарианд”- гуфт, ҳамсӯҳбати мо.

Шаҳри Хоруғ.
Шаҳри Хоруғ.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Некрӯз бо ҳамсари бародараш дар додгоҳ баҳси манзил доштанд. Ин баҳс пас аз даргузашти Далер Ниятбеков, бародари Некрӯз сар задааст. Додгоҳ баҳсро ба манфиати ҳамсари бародараш ҳал кардааст ва Некрӯз ба хашм омада, даст ба чунин амал задааст.

Дар як ҳафтаи ахир бори сеюм аст, ки дар пайи баҳсҳои хонаводагӣ, сокинон кушта мешаванд. Рӯзи дуюми октябр Маҷид Бердиев, сокини шаҳри Истаравшан, Нигора Қулиева, ҳамсари собиқашро бо 19 зарби корд ба қатл расонд. Шаби 4 ба 5-уми октябр низ Абдураҳмон Бадиев, як сокини 71-солаи ноҳияи Бохтар ҳамсари 45-сола ва духтари 16- солаашро захмӣ намуд ва бо роҳи худовезӣ, худкушӣ кард.

XS
SM
MD
LG