Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Рустам Азимов аз мақоми муовини нахуствазир


Шавкат Мирзиёев ва Рустам Азимов
Шавкат Мирзиёев ва Рустам Азимов

Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон, ки дар гузашта чанд музокироти ҳайатҳои расмии Тошканду Душанберо раҳбарӣ карда буд, аз мақомаш озод шудааст. Ӯ рӯзи 6-уми июн раёсати ширкати миллии “Узбекинвест”-ро бар уҳда гирифтааст, ки ба қавли коршиносон дар карйераи ӯ зинаи поинтарин аст. Ҳоло ба ҷои Азимов муовини пешини вазири молияи Узбакистон Ҷамшед Кучкаров муовини аввали нахуствазир шудааст.

Рустам Азимов бори охир ба ҳайси муовини аввали нахуствазири Узбакистон дар раъси як ҳайати расмӣ рӯзи 27-уми декабри соли гузашта ба Тоҷикистон омада ва дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ дар Душанбе иштирок кард.

Рустам Азимов ҳамагӣ ним сол ба ҳайси муовини аввали нахуствазир дар ҳукумати Шавкат Мирзиёев кор кард. Сироҷиддини Ислом, шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ, гуфт, Азимов аз аввал таҳти фишори шадиди раҳбарияти нав буд ва тахмин зада мешуд, ки дар ин мақом чандон дер намепояд. Ӯ гуфт, аз як тараф эҳсоси рақобат ва аз тарафи дигар бепушту паноҳ мондани Рустам Азимов пас аз марги раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон Ислом Каримов ба ин вазъ сабаб шудааст.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Барканории Рустам Азимов дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар ҷаласаи ҳукумат кормандони бонкҳо ва идораи молияро “бекорхӯҷа” ва “порахӯр” номида, аз муовини аввали нахуствазир интиқод кард, ки ба ин вазъ сабаб шудааст. Мирзёиев дар ин ҷаласа хитоб ба Рустам Азимов гуфт, мо худамон бахши иқтисодро ба ин ҳол овардем. Барои онки кормандони молия фаъолият намекунанд.

Рустам Азимов дар замони раёсати президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов дар мақомҳои вазири омору макроиқтисод, вазири иқтисод ва аз соли 2005 то 2016 вазири молия ва муовини нахуствазири Узбакистон буд.

Таҳлилгарони ғарбӣ ва Русия Рустам Азимовро яке аз ворисони асосии Ислом Каримов медонистанд. Ӯ баъди даргузашти раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон дар баробари Шавкат Мирзиёев ва Рустам Иноятов, яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом ба шумор мерафт.

Аммо дар ҷаласаи якҷояи ду палатаи порлумони Узбакистон Шавкат Мирзиёев, нахуствазири собиқ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва сипас дар интихобот президенти Узбакистон интихоб шуд. Рустам Азимов аз ҷумлаи онҳое буд, ки аз номзадии Мирзиёев ҳимоят кард ва курсии муовини аввали нахуствазирро барои худ ҳифз намуд.

Рустам Азимов ва Эмомалӣ Раҳмон. Рӯзи 27-уми декабри соли 2016
Рустам Азимов ва Эмомалӣ Раҳмон. Рӯзи 27-уми декабри соли 2016

Рустам Азимов бори охир ба ҳайси муовини нахуствазири Узбакистон дар раъси як ҳайати расмӣ рӯзи 27-уми декабри соли гузашта ба Тоҷикистон омада ва дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ дар Душанбе иштирок кард. Ин сафари нахустини ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон баъд аз марги Ислом Каримов ва ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев буд.

XS
SM
MD
LG