Дар Ӯзбакистон баъди тасдиқи номзадии Абдулло Орипоф ба мақоми сарвазириии ин кишвар тағйироти кадрии ҷиддӣ оғоз шудааст.
Сомонаи расмии ҳукумати Ӯзбакистон 15 декабр ҳайати нави Девони вазирони кишварашро нашр кардааст. Бар пояи иттилои манбаъ, Очилбой Раҳматов муовини аввали сарвазир, мудири Ҷамъияти саҳҳомии "Ӯзбекистон темир йӯлларӣ" ва раҳбари Маҷмаа оид ба масъалаҳои рушди маҷмӯии ҳудудҳо, соҳаи коммуналӣ, нақлиёт ва саноати сохтмон таъйин шудааст.
Манбаъ гуфтааст, ки маълумоти ҳайати шахсии Девони вазирон дар ҳоли таҷдид аст. Ботир Хоҷаев, ки то ин дам ба ҳайси муовини вазири иқтисод кор мекард, вазири нави молияи Ӯзбакистон интихоб гардидааст. Ӯ дар ин мақом Рустам Азимовро иваз кард, ки аз соли 2005 ба ин тараф вазири молияи Ӯзбакистон буд.
Баъди марги Ислом Каримов, президенти нахустин Ӯзбекистон аз Азимов ҳамчун меросбари асосии ӯ ном гирифта мешуд. Ба кадом мансаб таъйин шудани вазири пешини молияи Ӯзбекистон ҳанӯз маълум нест.
Рустам Азимов феълан курсии муовинии сарвазирияшро ҳифз карда, ба зиммаи ӯ раҳбарии Маҷмаа оид ба рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ вогузор аст. Муовини пешини сарвазир Адҳам Икромов вазири тандурустӣ ва раиси Кумитаи бонувон Танзила Норбоева муовини сарвазир таъйин шудаанд.