Шӯҳрат Рустамов, ҳомии ҳуқуқ аз Тошканд, бо нашри муроҷиатномае аз сокинони Узбакистон хостааст, ки интихоботи чоруми декабрро бойкот кунанд. Рустамов мегӯяд, пуштибонӣ аз Шавкат Мирзиёев – иҷрокунандаи вазифаи президент ва аз довталабони асосӣ дар интихобот – ҳимоят аз режими, ба қавли ӯ, золимонаи Ислом Каримов аст, ки дар ин кишвари сернуфуси Осиёи Марказӣ бештар аз 25 сол идома кард.
Дар рӯзҳои аввали баъди даргузашти Ислом Каримов сухан бештар аз эҳтимоли муборизаи се номзад ба курсии президентӣ - нахуствазир Шавкат Мирзиёев, вазири молия Рустам Азимов ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ ё СНБ Рустам Иноятов мерафт.
Ин ҳомии ҳуқуқ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар миёни номзадҳо ягон нафар нест, ки мушкили халқ ӯро ба ташвиш оварад. Чор довталаби курсии президентӣ мансабдороне ҳастанд, ки то имрӯз аз диктатура ҳимоят кардаанд ва ҳимоят мекунанд. Дар миёни номзадҳо ақаллан як намояндаи мухолифон нест."
Ба ҷуз ин, Шӯҳрат Рустамов дар муроҷиаташ ба шаҳрвандони Узбакистон гуфтааст, аз мақомдорон талаб кунанд, ки дар навбати аввал афроди бо ангезаҳои сиёсӣ ва динӣ маҳкумшударо раҳо карда, вазъи таъмини аҳолӣ бо газу барқ ва оби ошомиданиро беҳтар намоянд. Инчунин, вай хостааст, мақомот маоши коргаронро на тавассути кортҳои пластикӣ, балки ба таври нақдӣ ба дасташон диҳанд.
“Дар акси ҳол, дар ҷомеаи мо ягон тағйирот нахоҳад шуд. Дар ин интихобот ҳар яки Шумо ба оғози марҳилаи нави ғуломӣ кумак мекунад, ки ба камияш 25 соли дигар идома хоҳад кард. Чунки баъди ба мақоми нахуствазирӣ расидани Шавкат Мирзиёев дар кишвар таъқиби сокинон шиддат гирифт”, - афзудааст ӯ.
Шӯҳрат Рустамов дар замони дар сари қудрат будани Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, низ ба бойкоти интихоботи президентии соли 2015 даъват карда ва аз додситони кулли ин кишвар Рашид Қодиров хоста буд, то номзадии Каримовро ғайриқонунӣ эълон намояд. Рустамов мегӯяд, ҳарчанд то кунун ин даъватҳои ӯ ба таври васеъ аз тарафи мардум ҳимоят наёфтаст, вале бовар дорад, ки як зарра ҳам бошад, дар тағйири андешаи сокинон саҳм хоҳад гирифт.
Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки мушоҳида мешавад, дар дохилу хориҷи Узбакистон маъракаи ҳимоят аз Шавкат Мирзиёев афзудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ҳимоят аз ӯ саҳифаҳои вижаи “Фарзандони Каримов”, “Президенти нав – Узбакистони нав” ва “Ман ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам” ташкил шудааст.
Интихоботи президентии Узбакистон рӯзи 4 декабри имсол баргузор ва барои дарёфти курсии раҳбарӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ чаҳор нафар рақобат мекунанд. Номзади аслӣ барои дарёфти ин курсӣ Шавкат Мирзёев гуфта мешавад, ки дар аҳди Ислом Каримов солҳои зиёд дар мақоми нахуствазир буд ва аз 8 сентбр ба ин сӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон аст. Инчунин, барои иштирок дар интихобот, Сарвар Отамуродов – намояндаи ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров - аз Ҳизби сотсиал-демократ сабтином шудаанд.
Дар рӯзҳои аввали баъди даргузашти Ислом Каримов сухан бештар аз эҳтимоли муборизаи се номзад ба курсии президентӣ - нахуствазир Шавкат Мирзиёев, вазири молия Рустам Азимов ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ ё СНБ Рустам Иноятов мерафт. Ҳоло, эҳтимол музокироту машваратҳои пасипардаӣ дар масъалаи номзади аслии раёсатҷумҳурӣ ҳаллу фасл шудааст ва танҳо баргузории расмии интихобот лозим аст, ки мақоми муваққатии раҳбар ба президенти қонунӣ табдил шавад.
Ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам созмонҳои мудофеи озодии баён Узбакистони аҳди Каримовро борҳо барои набуди шаффофият, тамаркузи қудрат ва нақзи муқаррароти демократӣ танқид карда ва то ҳол ягон интихоботи Узбакистон аз ҷониби нозирони байналмилалӣ озод ва одилона арзёбӣ нашудааст. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури 78-солаи Узбакистон, рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Вай ҳудуди 27 сол раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дошт.