Ҷасади Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар оромгоҳе дар паҳлӯи масҷиди Хӯҷаи Хизр ва наздикии маҷмааи "Шоҳи Зинда"-и шаҳри Самарқанд ба хок супурда шуд. Ҳукумати Узбакистон мегӯяд, ки дафни Ислом Каримов бино ба васияти ӯ бо риояи ойинҳои мусулмонӣ сурат гирифтааст.
Телевизиони давлатии Узбакистон рӯзи 3 сентябр эълон кард, ки намози ҷанозаи Каримов бо ҳузури даҳҳо тан, аз ҷумла раҳбарони баъзе аз кишварҳо дар масҷиди Регистони Самарқанд гузошта шудааст. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ бо ҳайати ҳамроҳаш ҳузур дошт. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, оқои Раҳмон дар канори Шавкат Мирзиёев ва Рустам Азимов дида мешавад.
Аксҳои бештар инҷост:
Тобути бо парчами Узбакистон печондаи Ислом Каримов субҳи шанбе тавассути ҳавопаймо аз Тошканд ба Самарқанд бурда шуд. Самарқанд зодгоҳи Ислом Каримов аст ва чанде аз наздиконаш дар ин шаҳр ба хок супурда шудаанд. Дар миёни онҳое, ки тобути Ислом Каримовро аз Тошканд ба Самарқанд интиқол доданд, ҳамсараш Татяна Каримова ва духтари хурдиаш Лола Каримова-Тиллоева ҳам буданд. Вале духтари калониаш Гулнора Каримова ба мушоҳида намерасид.
Дар навори телевизионҳои давлатӣ дида мешуд, ки садҳо тан дар Тошканду Самарқанд аз ду тарафи кӯчаҳои асосӣ ҷой гирифта, бо Ислом Каримов ки 27 сол ҷилави идораи давлат дар ин кишварро дар даст дошт, видоъ карданд. Баъзеи онҳо ба рӯи мошини ҳомили ҷасади ӯ гул партофтанд. Дар баъзе аз наворҳо гиряи сокинон ҳам шунида мешуд ва иддае аз онҳо дар суҳбат бо телевизионҳои давлатии Узбакистон марги раҳбари худро дардовар хонданд.
Ҳукумати Узбакистон шоми 2-юми сентябр аз даргузашти Ислом Каримов бар асари сактаи мағзӣ хабар дод. Девони вазирони Узбакистон рӯзи 28-уми август аз бемории Каримов иттилоъ дода ва гуфта буд, ки барои ташхису табобати ӯ "вақти муайян зарур аст". Дертар Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии Ислом Каримов, низ дар паёме дар Фейсбук ва Инстаграм бемории падарашро таъйид карда ва гуфта буд, ки ӯ дар шуъбаи эҳё қарор дорад. Аммо аз замони эълони бемории Каримов то лаҳзаи эълони маргаш дар бораи вазъи саломатии ӯ иттилои дақиқ дар даст набуд.
Ҳоло Неъматулло Юлдошев, раиси Маҷлиси миллии Узбакистон, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар шудааст. Бино ба Қонуни асосии Узбакистон раҳбари Маҷлиси миллӣ баъди даргузашти раиси ҷумҳурӣ барои се моҳ ин вазифаро бар дӯш мегирад ва дар ин муддат интихоботи президентӣ баргузор ва раҳбари нав интихоб хоҳад шуд.
Зодаи Самарқанд
Ислом Каримов аз соли 1989 боз раҳбари Узбакистон буд ва дар ин муддат, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони сиёсии ӯ саркӯб шуда, аз шиканҷа ва ҳангоми ҷамъоварии пахта аз меҳнати маҷбурӣ фаровон истифода шудааст.
Ислом Каримов 30-юми январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, ибтидо Донишкадаи политехникии Осиёи Марказиро дар шаҳри Тошканд бо ихтисоси инженер-механик ва сипас Донишкадаи хоҷагии халқи Тошкандро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст. Аммо ӯ хеле зуд ба кори ҳизбӣ гузашт ва ба қавли тарафдоронаш, ҳама зинаҳои мансабро қадам ба қадам тай кард.
Аз фаъоли ҳизбӣ то раҳбари Узбакистон
Соли 1983 Каримов вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд. Дар тобистони соли 1989 ба курсии котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Узбакистон нишаст ва моҳи марти соли 1990 аз сӯи вакилони Шӯрои олӣ президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд.
Баъдан, дар соли 1991, Ислом Каримов дар нахустин интихоботи президентии Узбакистон иштирок карда, бо касби 86 дарсади овозҳо ғолиб омад. Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт.
Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Муҳлати охирини раёсати ҷумҳури ӯ бояд соли 2021 ба поён мерасид.