Ҷасади полковник Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷандро рӯзи 19-уми июн дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Хоруғ ба хок супурданд. Алимамадови 52-сола шаби 17-уми июн ҳангоми фирори маҳбусон аз ин муассисаи ислоҳӣ, кушта шуд.
Марзия, духтари тағои полковник Алимамадов имрӯз, якшанбеи 19-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади ӯ шаби 18 ба 19 июн ба Хоруғ расид ва имрӯз ба хок супорида шуд. Вай гуфт, писари аммааш дар деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ба дунё омада, як умр дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон кор кардааст. Аммо ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, хонаводаи полковник солҳои баъд ба Хоруғ кӯчид ва ба ин хотир маросими ҷанозаи ӯ низ дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Пайвандонаш мегӯянд, ки ӯ солҳои зиёд дар ин сохтор дар Хоруғу Қӯрғонтеппа ва баъдан дар Хуҷанд кор кардааст. Алимамадов аз ҷумла солҳои 1990- 1992 дар Хоруғ дар сафи мақомоти милиса кор кардааст. Аммо дар солҳои ахир бо зану фарзандонаш дар Хуҷанд ба сар мебурд.
Наздиконаш мегӯянд, Ёрмамад Алимамадов ҳини интиқол ба бемористон ҷон додааст ва онҳо то ҳанӯз намедонанд, ки ӯ чи гуна кушта шуд. Вале як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ин полковник ҳангоми задухӯрд бо маҳбусони фирорӣ аз се зарби корд дар ноҳияи дил ва шикамаш, ҷон додааст.
Гулназир, яке аз ҳамдеҳагони Ёрмамад Алимамадов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ёрмамад Алимамадов панҷ бародари дигар дошт, ки се нафари онҳо аллакай аз дунё рафтаанд. Ва ҳоло як бародари ӯ дар мақомоти милисаи Бадахшон фаъолият дорад ва дигарӣ ронандаи таксӣ аст. Аммо ӯ гуфт, дар бораи фарзандони худи ин полковник чизе намедонад, зеро онҳо дар Хуҷанд ба воя расидаанд. Гуфта мешавад, ки полковник Алимамадов соҳиби се фарзанд - як писар ва ду духтар - буд.
Наздикони ин полковник аз сӯҳбати бештар ба далели мотам худдорӣ карданд.
Шаби 17 июн, соати тақрибан 20-45 се маҳбус - Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов полковник Алимамадовро кушта, талоши фирор аз зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро карданд. Аз ин се нафар Мирзозариф Қаюмов ҳангоми фирор кушта шуд. Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ шуд ва ӯро билофосила дастгир карданд. Рамзуллохон Дадохонов тавонист фирор кунад, вале ӯ ҳам рӯзи 19-уми июн дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти интизомӣ кушта шуд.