Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории 7 масъули зиндони Қӯрғонтеппа дар пайи фирори Баҳрулло


Баъд аз фирори Баҳрулло Шарифов аз зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа ва дубора боздошт шуданаш дар Ваҳдат, ҳафт тан аз масъулон ва нозирони ин муассисаи ислоҳӣ аз кор озод шудаанд.

Дар пайи фирори Баҳрулло Шарифов, маҳбуси "хатарнок" аз зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа ҳафт тан аз масъулон ва нозиронаш барканор ва сӯҳбати зиндониён бо наздиконашон муваққатан қатъ шудааст. Як манбаъ дар зиндони Қӯрғонтеппа 14 июл дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, сардори маҳбас - Сафиаллоҳ Иззатуллоев, муовинаш - Тӯйчӣ Усмонов, сардори бинои маҳбас - Аминҷон Гулов ва, инчунин, чор нозир аз кор озод шудаанд. Феълан ба ҷойи Сафиаллоҳ Иззатуллоев иҷрокунандаи вазифаи сардори маҳбаси Қӯрғонтеппа Мухтор Ҷамолов таъин шудааст.

Манбаъ гуфт, ҳоло бар асоси шоҳидии як зиндонӣ бо лақаби "Эшони Баландпарвоз", ки ҳамутоқи Баҳрулло Шарифов, маҳбуси фирорӣ будааст, бар зидди масъулони зиндон парванда боз шудааст. "Эшони Баландпарвоз" дар рӯзҳое, ки ҳамутоқи Баҳрулло будааст, аз нақшаи фирори ӯ огоҳ шуда ва дар ин бора ба бархе аз масъулони маҳбас иттилоъ дода будааст.

Дар ҳамин ҳол, як маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа гуфт, аз рӯзи 4 июли соли ҷорӣ, ки Баҳрулло Шарифов фирор карда ва дубора аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат боздошт шуд, мулоқоти кӯтоҳмуддату дарозмуддати зиндониҳо бо хешу наздиконашон низ мувақатан манъ шудааст. "Ҳатто рафтани маҳбусонеро, ки дар устохона бо сохтани сандуқу гаҳвора машғул убданд, манъ карданд," -- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Нуралӣ Раҷабалиев, сардори Додситонии муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон гуфт, ки дар робита ба фирори Баҳрулло Шарифов бар асоси моддаи 347 (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва моддаи 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ӯ бинобар сирри тафтишот будан аз ҷузъиёти ин парванда худдорӣ кард, аммо гуфт, 2 ҳодисаи фирори маҳбус Баҳрулло Шарифов дар матбуот бозтоби мухталиф ёфтааст ва бо анҷоми тафтишот хабари дақиқ дар иртибот ба ин ҳодиса интишор дода хоҳад шуд".

Баҳрулло Шарифов, як маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа, ки рӯзи 4 июли соли ҷорӣ бо пинҳон шудан дар бағоҷи "Кемри"-и сардори маҳбас фирор карда буд, баъди як рӯз аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат боздошт ва ба мақомоти Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлия супурда шуд. Як манбаъ аз зиндони Қӯрғонтеппа бо шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, то замоне ки маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат тамос нагирифтанд, масъулони маҳбаси Қӯрғонтеппа аз фирори Баҳрулло Шарифов бехабар будаанд.

Ба қавли манбаи мо, Баҳрулло Шарифов ҳамроҳи як маҳбуси дигар бо номи Суннат Қаландаров, ки баъд аз фирори Баҳрулло дар утоқи ҷаримавии маҳбас ё ШИЗО нигаҳдорӣ мешавад, калиди эҳтиётии мошини "Кемри"-и сардори маҳбасро бо истифода аз фурсат гирифта, нақшаи фирорро тарҳрезӣ кардаанд. Ӯ афзуд, “рӯзи шанбеи 4 июл вақте маҳбусҳо ба саҳни зиндон бароварда шуданд, мошини раис чун ҳамеша дар гӯшае меистод ва Баҳрулло Шарифов бо истифода аз калиди мошин, бағоҷи онро боз намуда, дар дохили он пинҳон шудааст.”

Ҳамсӯҳбати мо идома дод, ки сардори маҳбас вақте ба хонааш дар ноҳияи Данғара меравад, Баҳрулло дар роҳ аз бағоҷи мошин фаромада, ба тарафи зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат рафтааст.

Баҳрулло Шарифов соли гузашта дар пайи куштор ва сӯзондани зани 29-сола дар шаҳри Ваҳдат бо моддаи 104 қисми 2 (куштор) ба 23 соли зиндон маҳкум шуда ва барои адои давраи ҷазо ба маҳбаси Қӯрғонтеппа интиқол ёфт. Он вақт Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, Шарифов 18 сентябри 2014 аз ҳиссиёти авбошӣ Хосият Умароваро ба тариқи бӯғӣ кардан ба қатл расонда, сипас ҷасадашро дар канори роҳ дар байни деҳаҳои Гургхурда ва Ширинбулоқи Ваҳдат сӯзондааст.

Ин сокини шаҳри Ваҳдат аз ин пеш бар асоси моддаи 149-и Кодекси ҷиноӣ барои 11 сол равонаи зиндон шуда, аммо баъдан дар соли 2014 тибқи қонуни афв озод шудааст.

XS
SM
MD
LG