Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи зиндонбоне, ки ба ҷои Ёфтаков Одинаевро озод кард


Маъруф Одинаев
Маъруф Одинаев

Додситонии Маскав дар робита ба фирори шаҳрванди тоҷик Маъруф Одинаев алайҳи ёвари навбатдори сардори боздоштгоҳи рақами 5 бо иттиҳоми хунукназарӣ парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Додситонии пойтахти Русия рӯзи 21 март дар сомонаи расмиаш аз ифтитоҳи парванда алайҳи ёвари навбатдори сардори боздоштгоҳи рақами 5 бо иттиҳоми хунукназарӣ хабар дод. Исми ин боздоштгоҳи воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои “Водный стадион”-и шаҳри Маскав моҳи январ дар пайи фирори шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаев вирди забони матбуот шуд.

Додситонии Маскав мегӯяд, фирори ин маҳбус аз боздоштгоҳи “Водник” ба далели аз сӯи маъмурони боздоштгоҳ дағалона поймол шудани тартиби қонунии озод кардани боздоштшудаҳо муяссар шудааст.

Бино ба ин манбаъ, дар пайи фирори Одинаев ёвари навбатдори сардори боздоштгоҳи рақами 5-ро аз мақомаш барканор ва алайҳаш бар асоси қисми якуми моддаи 194-уми Кодекси ҷиноии Русия (хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин банди қонун барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 120 000 рубл, муодили тақрибан 1700 доллар, ё корҳои ислоҳӣ бюа мӯҳлати то 1 сол ваё ҳабс ба мӯҳлати то 3 моҳро пешбинӣ мекунад.

Додситонии кулли Русия дар поёни моҳи январ гуфта буд, ки дар пайи фирори Маъруф Одинаев беш аз 20 корманди ФСИН – Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия, бо шумули сардори боздоштгоҳи рақами 5 ва 4 раҳбари дастгоҳи идораи зиндонҳои пойтахти Русия ба ҷавобгарии интизомӣ кашонда шуданд ва имкон дорад, дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми хунукназарӣ парванда ҳам боз шавад.

Дар ҳамин ҳол, Маъруф Одинаев, ки баъди 4 рӯзи боздошташ дастгир ва дубора дар ҳамон боздоштгоҳи рақами 5 пушти панҷара андохта шуд, ва шаҳрванди дигари низ 22-солаи Тоҷикистон Тағоймурод Ёфтаков, ки ба кумак ба фирори ҳамватанаш гумонбар мешавад, ҳамчунон дар боздошт қарор доштаанд.

Изи латукӯб дар бадани Ёфтаков
Изи латукӯб дар бадани Ёфтаков

Суннат Давлатшоев, бародари Тағоймурод Ёфтаков, рӯзи 22 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш дар ин парвандаи пурсарусадо ҳамчун гумонбар мегузарад: “Моҳи феврал додгоҳ мӯҳлати ҳабси Тағоймуродро то 13 апрел тамдид кард. Маъруф Одинаев баъди боздошт гӯё аввал баёнот додааст, ки ӯ фирорашро бо бародари ман маслиҳат карда буд. Ҳоло аз ин гапаш гаштааст, вале Тағоймурод то 13 апрел ҳамчун гумонбар дар боздошт мемонад. Умедворем, ки ин навбат додгоҳ ҳақро ба ҳақдор расонаду ӯро озод кунад.”

Алайҳи Маъруф Одинаев ва Тағоймурод Ёфтаков бар асоси қисми дуюми моддаи 313-уми Кодекси ҷиноии Русия (фирор аз боздошт, ки аз сӯи гурӯҳи афрод бо нақшаи пешакӣ анҷом шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия ҳамчун ҷазо то 5 соли корҳои ислоҳӣ ва ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Наздикони Тағоймурод Ёфтаков исрор меварзанд, ки Маъруф Одинаев, вақте ки ин ҳамватанаш хоб буд, худро Ёфтаков муаррифӣ карда, маъмурони боздоштгоҳро гӯл задааст ва тавонистааст фирор кунад.

Тафтишот аммо зоҳиран ба фарзияи дигар, яъне имкони маслиҳати пешакӣ байни ин ду маҳбус, ки ҳарду аз Тоҷикистонанд, пойфишорӣ мекунад.

Тағоймурод Ёфтаков моҳи сентябр бо ҷурми зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис ба 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Ҳукми ӯ рӯзи 13 январ ба поён мерасид ва бояд озод мешуд. Аммо, ба гуфтаи мақомоти боздоштгоҳи рақами 5, ки ба далели дар назди истгоҳи метрои “Водный стадион” ҷойгир шуданаш бо номи боздоштгоҳи “Водник” маъруф аст, Маъруф Одинаев ӯро розӣ кунондааст, ки дар боздошт бимонад ва ба ҷояш вай озод шавад.

Рӯзи 13 январ, соати 15, вақте зиндонбонҳо садо мекунанд, ки “Тағоймурод Ёфтаков бо чизҳояш берун шавад”, Маъруф Одинаев худро Ёфтаков муаррифӣ карда, аз 6 посгоҳ мегузарад ва фирор мекунад. Ба нақли Суннат Давлатшоев, бародари ӯ Тағоймурод Ёфтаков соати 15 хоб будааст ва вақте бедор мешавад, зиндонбонҳоро садо мекунад, ки мӯҳлаташ тамом шудааст ва бояд вайро озод кунанд. Аммо зиндонбонҳо мегӯянд, Ёфтаковро барвақт озод кардаанд...

Тағоймурод Ёфтаковро шаби 14 январ озод карданд, вале ӯ алакай рӯзи дигараш бо иттиҳоми кумак ба фирори Одинаев аз нав боздошт шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки маъмурони боздоштгоҳ ӯро баъд аз фирори Одинаев латукӯб кардаанд.

Маъруф Одинаев танҳо рӯзи 17 январ дар вилояти Маскав дастгир ва дубора ба ҳамин боздоштгоҳи рақами 5 оварда шуд. Ӯ баъди боздошташ ба хабарнигори нашрияи “Московский комсомолец” гуфтааст, хеле мехост ба озодӣ барояд ва ҳеҷ намехост, ними умраш пушти панҷара гузарад.

Маъруф Одинаев моҳи апрели соли 2015 бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд. Дар матбуоти Русия Одинаев баъди фирораш аз боздошт "граф Монте Кристои тоҷик" ном бурда мешавад. Вале акнун ба ин "Монте Кристои тоҷик" бар иловаи иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, барои фирораш аз боздошт боз то 5 соли дигари зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG