Мақомоти шаҳри Кӯлоб дафтари пешини ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро, ки тайи бештар аз як сол боз дараш қуфл ва тирезаҳояш мӯҳр зада шуда буд, дар ихтиёри ширкати “Чакан” гузоштанд. Зариф Валиев, раиси ширкат, рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ҷобаҷогузории таҷҳизот ба корашон идома хоҳанд дод. Ду моҳ пеш шаҳрдории Кӯлоб бинои ширкати “Чакан”-ро дар дохили Боғи фарҳангу фароғати шаҳр тахриб карда ва дар ҷояш Нишони давлатиро сохт.
Навори видео инҷост:
То замони таъсиси ширкати “Чакан”, ин навъи гулдӯзиро бештар хонадонҳои ҳунарманд анҷом медоданд ва фурӯшаш низ чандон роиҷ набуд.
Зариф Валиев гуфт, қаблан мақомот ваъда дода буданд, ки пас аз анҷоми сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи сентябри имсол дар минтақа дафтари ҳизби мамнӯи назҳзатро барояш хоҳанд дод. Ӯ афзуд, “мақомот ба ин ваъдаи худ вафо карданд ва мо ҳам коргаронро дубора ба фаъолият мехонем.”
Аммо Валиев мегӯяд, ҳукумати Кӯлоб ин биноро ба ӯ ҳадя надодааст, балки онҳо тариқи музояда биноро харидаанд ва мақомот дар ивази корхонаи тахрибкардаашон ба ӯ 300 ҳазор сомонӣ хоҳанд пардохт. Ин миқдор пуле, ки Зариф Валиев мегӯяд, дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2003 барои сохтмони бинои “Чакан” сарф карда буд.
“Чакан” ягона ширкате дар Тоҷикистон аст, ки ба тавлиди гулдӯзиҳои чакан машғул аст. То замони таъсиси ширкати “Чакан”, ин навъи гулдӯзиро бештар хонадонҳои ҳунарманд анҷом медоданд ва фурӯшаш низ чандон роиҷ набуд. Чакан як навъ гулдӯзии қадимист, ки то ҳол дар аксари навоҳии Тоҷикистон, ба хусус Кӯлобу Дарвоз ба таври густурда истифода мешавад. Дар аввали соли ҷорӣ ЮНЕСКО – муассисаи илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид чаканро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид кард.
Баъди баста шудани ҳизби наҳзати исломӣ қароргоҳаш дар Душанбе ва минтақаҳои дигар холӣ мондааст ва зоҳиран мақомот онҳоро мусодира ва дар сурати зарурат истифода мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли гузашта фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ карда, ба гумони даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли гузаштаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, онро ҳизби террористӣ эътироф намуд.
Аммо масъулони ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамвора ин иттиҳомро рад намуда ва гуфтанд, ки дар ин ҳодиса даст надоранд. Аъзои ҲНИТ мӯътақиданд, ки ин ҳодисаҳо ангезаи сиёсӣ дошта ва ҳадафаш ҳам бастани танҳо ҳизби умдаи мухолифин дар Тоҷикистон будааст.
То кунун бо қарори додгоҳ 14 узви аршади ин ҳизб ба муддатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла ду нафарашон ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Танҳо Зарафо Раҳмонӣ, ягона зан дар миёни боздоштшудаҳо барои ду сол равони зиндон шуда, моҳи сентябр бар асоси қонуни афв озод гардид.