Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чакан"-ро тахриб карданд. АКСУ ВИДЕО


Шаҳрдории Кӯлоб ба тахриби бинои ширкати “Чакан” оғоз кардааст, ки дар дохили Боғи фарҳангу фароғати ин шаҳр воқеъ аст. Дар ҷойи ин ширкат, ба гуфтаи мақомот, Нишони Тоҷикистон қомат хоҳад афрохт.

Зариф Валиев, раиси ширкати “Чакан” дар Кӯлоб, ки шоҳиди вайрон кардани корхонааш буд, рӯзи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ фурсат надоданд, то ҷойи дигаре барои корхона пайдо кунад. “Пеш аз холӣ кардан, як ҷой зарур аст, маблағ даркор аст, ки ба коргарон диҳам. Ҳеч чизро намефаҳмам. Гуфтанд, ки тез холӣ кунед, аммо ояндааш чӣ мешавад, намедонам”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро бибинед:

Ширкати "Чакан"-ро дар Кӯлоб вайрон карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

Валиев аз он нигаронӣ кард, ки дар ҳоле бисёре аз сокинон ба ҷои кор ниёз доранд, мақомот барои тахриби корхонаи сохтаи ӯ остин барзадаанд. Вай гуфт, “раиси ҷумҳур доим таъкид мекунад, ки ҷойҳои корӣ таъсис диҳед, аммо инҳо чанд ҷои кориро кам карданд. Раиси шаҳр Хайруллои Амонулло боре ба наздамон наомад. Ҳоло чаппа кардани биноро оғоз карданд. Мо низ ашёи заруриро аз инҷо бароварда истодаем.”

Аммо мақомоти шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки идораи амвол хароҷоти ширкатро ҳисоб дорад ва қарор аст, барои моликаш дар ҷойи дигар қитъаи замин диҳанд ва маблағ пардохт кунанд. Пӯлод Ҳафизов, муовини шаҳрдори Кӯлоб дар умури сохтмон, гуфт, “Зариф Валиев дар кадом мавзеи шаҳр замин хост, ба ӯ ҷудо карда мешавад. Дар ин маврид ягон мушкил нест.”

Аксҳои бештар:

Зариф Валиев бинои ширкати “Чакан”-ро дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ бунёд кардааст. Ба қавли ӯ, даҳҳо зан барои кор дар ин ширкат ҷалб шуда ва навъҳои гуногуни чакан, аз қабили пироҳан, рӯймол ва тоқӣ медӯхтанд. Занҳо бар асоси қарордод кор мекарданд ва моҳе аз 700 то 1,5 ҳазор сомонӣ музд мегирифтанд ва акнун, ба гуфтаи Зариф Валиев, аз ҷойи кор маҳрум шуданд.

“Чакан” ягона ширкате дар Тоҷикистон аст, ки ба тавлиди гулдӯзиҳои чакан машғул аст. То замони таъсиси ширкати “Чакан”, ин навъи гулдӯзиро бештар хонадонҳои ҳунарманд анҷом медоданд ва фурӯшаш низ чандон роиҷ набуд.

Корхонаи "Чакан" пеш аз тахриб шудан
Корхонаи "Чакан" пеш аз тахриб шудан

Чакан як навъ гулдӯзии қадимист, ки то ҳол дар аксари навоҳии Тоҷикистон, ба хусус Кӯлобу Дарвоз ба таври густурда истифода мешавад. Дар аввали соли ҷорӣ ЮНЕСКО – муассисаи илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид чаканро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид кард.

XS
SM
MD
LG