Ҷашни умумимиллии Наврӯз имсол дар маркази вилояти Суғд баргузор мешавад. Ҳамарӯза дар маркази Хуҷанд садҳо тан аз ҷавонону кӯдакон ҳунарнамоии худ дар Карнавали Наврӯзиро тамрин мекунанд. Қисмате аз роҳи асосии мошингард аз рӯзи 15-уми март то ҷашни Наврӯз аз субҳ то нимрӯз баста аст. Дар ду канори роҳ садҳо сокинон ба тамошои тамрини карнавал ҷамъ меоянд.
Бахтиёр Қосимов, мудири шӯъбаи фарҳанги ҳукумати Хуҷанд ва аз дастандаркорони роҳандозии карнавали наврӯзӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин барои бори нахуст карнавал ё “корвони наврӯзӣ” маросими асосии таҷлили ин ҷашни миллӣ дар Тоҷикистонро зеб хоҳад дод. Ва дар он коргарону кишоварзон, донишҷӯёну талабаҳо кӯдакон ва сокинони одӣ ширкат мекунанд.
Вай афзуд: “Мо карнавалро ба тоҷикӣ “Корвони наврӯзӣ” ном гузоштем. Дар корвон намояндагони ҳама бахшҳои хоҷагии халқ дастовардҳои худро ба намоиш мегузоранд ва раҳпаймоиву ҳунарнамоиҳо мекунанд, анъанаҳову рақсу бозиҳои миллии наврӯзиро иҷро мекунанд.”
Ба гуфтаи Бахтиёр Қосимов, дар карнавали наврӯзии Хуҷанд ҳудуди 6 ҳазор иштирок мекунанд ва баргузории он дар маркази шаҳр дар назар гирифта шудааст. Рӯзи баргузории карнавал эълон нашуда ва биноба ба хабарҳои тасдиқнашуда, он рӯзи 25-уми март сурат хоҳад гирифт. Соли равон ҷашни асосии умумҷумҳуриявии Наврӯз дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бо иштироки раисҷумҳур ва баргузории Карнавал ё Корвони Наврӯзӣ, баргузор мегардад.
Дар хиёбони Камоли Хуҷандӣ, канори тамрингоҳи карнавал Зардолуи Наврӯзи 15-метра чун як рамзи ин ҷашни бузурги миллӣ қад афрохтааст. Донишҷӯёну талабаҳоро аз саросари Суғд ҳанӯз 2 моҳ пеш раҳбарияти муассисаҳо интихоб карда буданд. Ҷавонони муҳассили Коллеҷи омузгории Хуҷанд бо пойҳои чӯбин ба саҳна ворид мешаванд.
Як нафари онҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рост истодан ва қадам задан бо пойҳои чӯбинро мураббиён ба онҳо 2 ҳафта омӯхтанд ва ҳоло 3 рӯз аст дар тамрингоҳи асосӣ чӣ тавр дар карнавал саф гузаштанро ёд медиҳанд. Ба гуфтаи мусоҳибам, дар ҳама ин рӯзҳо мақомот онҳоро аз дарсхонӣ озод кардаанд: “Баъди ҷашни Наврӯз дарсҳои ақибмондаамонро мегузарем."
Дар карнавали наврӯзӣ аз афроди аз 7 то 70 сола ширкат мекунанд. Ҳама гурӯҳҳо бо либосҳои хоси ягона ҳозир мешаванд. Духтарон либосҳои миллии атлас ва адрас ва чакан ба тан хоҳанд кард. Аз тамринҳо ба назар мерасад, рақсу бозӣ ҳунарнамоиҳои асосии донишҷуёну талабаҳо дар карнавал хоҳад буд.