Мухолифони боздоштшудаи Қирғизистон Бектур Асанов ва Кубаничбек Қодиров ҳанӯз ҳам дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳастанд. Дар ин бора намояндаи расмии КДАМ Роҳат Сулаймонов хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, боздоштшудаҳо дар доираи парвандае, ки қаблан боз шуда буд, ба КДАМ барои анҷоми корҳои тафтишиву ҷустуҷӯӣ оварда шудаанд. "Бино бар қонунгузорӣ мо ҳақ дорем, ки онҳоро то 48 соат боздошт кунем", - гуфт Сулаймонов.
Хадамоти матбуоти КДАМ мегӯяд, Асанов ва Қодиров ба қасди бесубот гардондани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар ба хотири анҷоми табаддулот ва ғасби ҳукумат бо роҳи зӯроварӣ гумонбар мешаванд.
Пештар аз ин дар Интернет ду сабти садое нашр гардид, ки се-чаҳор мард, эҳтимолан, роҳбарони мухолифин байни ҳам суҳбат мекунанд. Гумон меравад ин садоҳо марбути сиёсатмадорони мухолиф Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров, Азимбек Бекназаров ва Давлат Турдуналиев ҳастанд. Баътар КДАМ гуфт, ин садоҳо воқеиянд.