Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов зимни як ҷаласа дар Остона ҷузъиёти ҳамлаи Алмааторо нақл кардааст. Баъди ин ҳамла дар Алмаато сатҳи сурхи хатари террористӣ эълон шудааст.
Ба гуфтаи Қосимов, рӯзи 18 июл соати 10-54 дақиқа марди мусаллаҳ бо туфангча назди назоратгоҳи шуъбаи корҳои дохилии Алмалин меоянд, як пулисро маҷруҳ карда, силоҳашро соҳиб мешавад. Баъдан вай аз силоҳи пулис сӯи қисмати навбатдории шуъба тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа чаҳор пулис маҷруҳ ва як шаҳрванди осоишта кушта мешавад. Ин мард баъдан ба кӯча баромада мошинеро манъ мекунад ва бо таҳдиди силоҳ, назди бинои бахши КДАМ ба кӯчаи Байзаков меравад. Дар роҳ сӯи мошини пулис тир мекушояд. Назди бинои бахши КДАМ аз мошин пиёда шуда, сӯи мошини дувуми пулис тир мекушояд. Инҷо низ ду пулисро маҷруҳ месозад. Вай мошини дигарро манъ карда ба маркази шаҳр меравад. Дар марказ бо пулисҳои навбатдор тирпарронӣ мекунад, ки яке аз онҳо ҷароҳати вазнин мебардорад ва пулиси дувум тавонистаст, ки марди мусаллаҳро безарар гардонад.
Ба гуфтаи вазир, ронандае, ки бо таҳдиди силоҳ марди гумонбарро интиқол додааст, боздошт шудааст.
Қосимов нақл кардааст, ки марди мусаллаҳи боздоштшуда мумкин аст дар қатли зан даст дошта бошад. Ба иттилои мақомот, шаби 18 июл аз туфангчае, ки гумонбари боздоштшуда дар шуъбаи корҳои дохилӣ истифода бурдааст, зане дар дохили мошинӣ кироя кушта шудааст.
Раиси КДАМ Қазоқистон Владимир Жумаканов хабар додааст, ки боздоштшуда Руслан Куликбоев, шаҳрванди 26-солаи Қазоқистон аст.