Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду сарбоз дар робита ба марги Рамазон Забиров


Рамазон Забиров дар рӯзи гуселаш ба хидмати ҳарбӣ
Рамазон Забиров дар рӯзи гуселаш ба хидмати ҳарбӣ

Дар робита ба марги Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи Ҳисор ва сарбози нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ду нафар боздошт шудаанд. Таҳқиқи ин қазия аз тарафи Додситонии ҳарбӣ идома дорад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ, рӯзи 12-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аммо ҳанӯз алайҳи ду сарбози боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ нашудааст. "Агар тасдиқ шавад, ки Рамазон Забиров аз латту кӯби ин ду сарбоз фавтидааст, баъд нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мегардад," - афзуд ӯ.

Мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар бораи чигунагии марги Рамазон Забиров қазоват кардан барвақт аст ва бояд то дастрас шудани хулосаи ниҳоӣ мунтазир монд.

Ҷасади беҷони Рамазон Забировро субҳи 5 август аз ҷойи хобаш ёфта ва рӯзи 7 август дар зодгоҳаш деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор ба хок супурдаанд. Ин нуктаро Муҳаммад Улуғхоҷаев низ тасдиқ кард ва гуфт, "худи ҳамон рӯз оид ба фавти сарбози қаторӣ Рамазон Забиров комиссияи махсус бо раҳбарии Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд (дар ҳайати 8 нафар), Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ва афсарони масъули РҚС КДАМ ҶТ (дар ҳайати 10 нафар) барои аниқ намудани ҳолати фавти сарбози қатори ташкил карда шуд. Ин қазия таҳти назорати қатъии фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон қарор дорад."

Хабарҳои рӯз аз 11-уми августи соли 2016
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:36 0:00

Мусоҳиби мо тасдиқ мекунад, ки Рамазон Забиров баҳори соли ҷорӣ аз тарафи Комиссариати ҳарбии Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои идомаи хидмат ба Отряди сарҳадии “Истравшан” фиристода шуда буд. Вале сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон иддаои волидони Рамазон Забировро дар бораи ин ки гӯё ҷасади ин сарбозро афроди масъул бе ягон шарҳ гузошта рафтаанд, беасос донист.

Ӯ гуфт, "ҳангоми супоридани ҷасади сарбоз, ба падару модар ва хешовандони Забировҳо, командири қисми ҳарбии 2857, муовини раиси шаҳри Ҳисор, комиссари ҳарбии шаҳр, раиси ҷамоати деҳот, имом-хатиби масҷиди ҷомеаи деҳа ва хешовандони сарбоз иштирок доштанд. Қайд кардан лозим аст, ки аз ҷониби командири Отряди сарҳадии 2857 ба падару модари сарбози фавтида маводи хӯрока ва кумаки яқвақта расонда шуд. Масъулини қисми ҳарбӣ тасмим гирифтаанд, ки дар маъракаҳои минбаъдаи хизматчии ҳарбии фавтида ёрдами худро мерасонанд."

Мавлуда Тағоева
Мавлуда Тағоева

Наздикони Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда ва баъдан ҷон додааст. Мавлуда Тағоева, модари Рамазон Забиров, дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми шустани ҷасади писараш дар зери манаҳ, сутунмуҳра ва тарафи рӯяш доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд ва ин баёнгари латту кӯб шудани ӯст.

Рамазон Забирови 18-сола писари калонии хонавода буда, бори таъмини наздиконашро бар дӯш доштааст. Зиндагии хонаводаи Рамазон Забиров хоксорона ва фақирона мегузарад.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба артиш мегӯяд, ин ҳодисаро таҳқиқ хоҳад кард. Хуршеда Раҳимова, як масъули ин созмон ба Озодӣ гуфт, ки аз ҳоло онҳо метавонанд наздикони Рамазон Забировро бо вакили дифоъ таъмин кунанд.

Тайи солҳои охир чанде аз сарбозон ҳангоми хидмат дар қисмҳои низомӣ ҳалок шуда, додгоҳҳои кишвар низ чанде аз омилони онҳоро ба зиндон фиристодаанд. Ахиран Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба падару модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG