Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Тикрити Ироқро бар дӯш гирифта ва гуфтааст, яке аз ҷангҷӯёне, ки ҳамлаҳоро анҷом дод, тоҷик будааст. Хабаргузории "Франс-Пресс" навиштааст, ки дар бомбгузорӣ ва ҳамлаҳои рӯзи шанбе, 24-уми сентябр, дувоздаҳ нафар кушта ва 23 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ба мисли "Давлати исломӣ" пайвастаанд
Гуфта мешавад, ки се ироқӣ ва Абумуҳаммад Тоҷикӣ, як ҷангҷӯи тоҷики ин гурӯҳ рӯзи шанбе ба посгоҳе дар шаҳри Тикрит ҳамла бурда ва чанд афсари пулисро куштанд. Абумуҳаммад Тоҷикӣ нақши бомбгузори маргталабро иҷро кардааст.
Баъди ҳамла яке аз ҷангҷӯён, мошини бомбгузоришударо ба посгоҳ равона кардааст ва ду маргталаби дигар камарбандҳои таркандаашонро дар наздикии ҷамъомади маъмурони пулис дар наздикии пойгоҳи низомие дар шаҳри Тикрит таркондаанд. Маълум нест, ки Абумуҳаммади Тоҷикӣ дар дохили мошин будааст ва ё камарбанди тарканда доштааст.
Мақомоти пулиси Тикрит ҳамла ба посгоҳ ва ҳалокати афсаронро таъйид кардаанд, вале дар бораи ҳуввияти ҷангҷӯён чизе нагуфтаанд. Ҷангҷӯёни тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ба худ номҳои арабӣ интихоб мекунанд ва дар гузашта ҳам гузоришҳо дар бораи кушта шудани як нафар бо номи "Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ" нашр шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ба мисли "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва хабари марги бештар аз 300 нафарашон ба хешовандонашон расидааст.
"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.
Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв карда, ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст.