Дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз талоши бунёди давлати исломӣ дар оғози солҳои навадум нигаронӣ кард, бархе аз таҳлилгарон низоми дунявиро роҳи аз нооромиҳо берун омадани кишвар донистанд. Аммо ҳамзамон гуфтанд, ки ин низом ба ислоҳот ниёз дорад, вагарна дар оянда идораи давлатро ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Ин ҳақиқате аст, ки раиси ҷумҳур ошкоро мегӯяд ва мардум низ инро хуб мефаҳмад.Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки “ин системаи ҳокимият минусҳои худро дорад, ки непотизм ва сатҳи баланди фасод аз ин қабиланд ва ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро халал мерасонанд.” Ӯ гуфт, таҳкими ҳокимият аз ҳисоби афроди худӣ низ мустақилияти ниҳодҳоро зери савол бурда ва идораи давлатро ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад кард. Ин таҳлилгари тоҷик аз ҳукумат ва раиси ҷумҳур хост, ки элементҳои низоми демократиро дар давлатдории худ густариш диҳанд, “то давлат битавонад ба ҳама чолишҳо посухгӯ бошад”.
Дар робита ба изҳороти шаби гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи талоши бунёди давлати исломӣ дар оғози истиқлоли кишвар гуфт, “ин ҳақиқате аст, ки раиси ҷумҳур ошкоро мегӯяд ва мардум низ инро хуб мефаҳмад. Ҳатто нахустин даврони табадуллот ҳеҷ рабт ба Эмомалӣ Раҳмон надорад. Зеро замоне ки ӯ ба сари қудрат омад, аллакай Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги дохилӣ буд ва низоми дунявият тавонист, ки кишварро аз низоъ ва нооромиҳо раҳонад.”
Раҳмон: "Бадхоҳон нақшаи бунёди давлати исломиро доштанд"
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми сентябр, дар оғози маъракаҳои таҷлил аз 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон гуфт, солҳои аввали касби истиқлоли Тоҷикистон нерӯҳое буданд, ки бар хилофи хостаҳои мардум мехостанд "фарҳангу мазҳаби бегона"-ро бар сари мардум тоҷик бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд.
Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ, мегӯяд, ҳизби онҳо низ ҷузъе аз низоми дунявӣ дар Тоҷикистон аст, вале ҳукумат ба ҳама нирӯҳои ҷомеа, аз ҷумла ин ҳизби мухолиф бархӯрди яксон надорад ва “ҳатто ҷудокунӣ дар ин масъала ба назар мерасад”. Ҳол он ки, ба гуфтаи ӯ, ҳизби сотсиал-демократ аз ҷумлаи ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст ва бояд бо ин ташаккули сиёсӣ ҳамкорӣ ва бархӯрди мутамаддин сурат гирад.
Аммо Шокирҷони Ҳаким гуфт, “ҳизби сотсиал-демократ дар канор монда ва аз ҷониби давлат эътироф намешавад. Илова ба ин, усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ эълон шуд, аммо воқеан вуҷуд надорад. Ҳокимияти судӣ нест. Пас бояд сари ин зуҳуроту падидаҳо ҷиддӣ андеша шавад, то давлат рушд кунад ва ҳаёти мардум осоишта бошад”.
Аз сӯи дигар муовини раҳбари ҳизби сотсиал – демократҳои Тоҷикистон ба омилҳои беруна вобаста будани сиёсати хориҷии кишварро аз дигар заъфи истиқлоли Тоҷикистон донист.
25 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд.
Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлолият ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.