Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯбакр Азизхоҷаев - Аз арши бизнес то фарши бемористони Кӯктош


Абӯбакр Азизхоҷаев
Абӯбакр Азизхоҷаев

Абӯбакр Азизхоҷаев, соҳибкори як замон хеле муваффақ баъди ду моҳи боздошт барои табобати иҷборӣ ба бемористони Кӯктош интиқол ёфт.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбари “Дурнамо”, як ширкати нашриётиро, ки дар таҳқири миллату давлат ва паст задани шаъну эътибори миллӣ гумонбар мешавад, ба табобати иҷборӣ равон кардаанд. Абубакр Азизхоҷаев рӯзи 26-уми феврали соли равон дар наздики Маркази савдои Тоҷикистон (собиқ Фурӯшгоҳи марказӣ) дар маркази Душанбе боздошт шудааст.

Мақомот мегӯянд, аз нигоҳи рӯҳӣ Абӯбакр Азизхоҷаев, раҳбари ширкати “Дурнамо” ҳоли хуб надорад, бинобар ин, тавсия шудааст, то беҳтар шудани саломатиаш дар шӯъбаи судии бемористони амрози рӯҳӣ дар маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шавад.

Як манбаъи огоҳ аз ҷараёни тафтишоти ин парванд рӯзи 26-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Азизхоҷаев бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) айбдор мешавад. Ин манбаъ мегӯяд, Азизхоҷаев бо воситаи мактубҳои пай дар паяш ба мақомот ва ҳангоми сӯҳбатҳояш бо афроди алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ “шаъну эътибори миллӣ”-ро паст задааст.

Ҳоло ба гуфтаи мақомот, то беҳ шудани вазъи рӯҳӣ ин тоҷири тоҷик дар бемористон нигаҳдорӣ мешавад ва пас аз табобат парвандааш ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Дар сурати собит шудани ҷурми Абӯбакр Азизхоҷаев, дар асоси банди номбурдаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ба ӯ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Абӯбакр Азизхоҷаев
Абӯбакр Азизхоҷаев

Аммо пайвандон ва наздикони Абӯбакр Азизхоҷаев ин иттиҳомро бепоя мехонанд. Дар мактубе, ки аз номи як наздики ин тоҷир ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, афроди алоҳида, ки аз номи мақомоти баландпоя сӯҳбат мекарданд, тиҷорат ва ширкати ӯро аз худ карданд. Ба ин хотир, Абӯбакр Азизхоҷаев аз болои ин афрод пайваста ба раисҷумҳур ва дигар мақомҳо шикоят мебурд. Ин пайванди Азизхоҷаев, ки аз зикри номаш худдорӣ мекунад, гуфт, эҳтимол ин афрод ба хотири халос шудан аз шикоятҳои бешумори Азизхоҷаев аз ин роҳ истифода кардаанд.

Боздошт, иттиҳом ва табобати иҷбории Абӯбакр Азизхоҷаев дар ҳолест, ки ӯ тайи панҷ соли ахир бо афрод ва ширкатҳои гуногун баҳсҳои судӣ дошт ва ҳамеша аз ноадолатиҳо дар баррасиҳои аризаҳояш шикоят мекард.

Охири соли 2015 ӯ дар пайи як баҳс бо яке аз бонкҳои кишвар бар ивази қарз қисман пардохтнашудааш хонаи худро дар маркази Душанбе аз даст дод.

Азизхоҷаев моҳи январ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба ин муомилаи қарзӣ гуфта буд, ки “як солу як моҳ шуд дар суд саргардонем, ҳеҷ чиз ҳал нашуд. Ҳар моҳ барои дар хонаи худам нишастан ба корманди бонк 800 доллар иҷорапулӣ медиҳам.”

Ин видео як моҳ қабл аз боздошти ин соҳибкор сабт шудааст:

"Ин хона қашанг аст, дигар хонаи ман нест.."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Абӯбакр Азизхоҷаеви 60-сола аз нахустин нафаронест, ки охири солҳои 80-ум ба тиҷорат оғоз кардааст. Ӯ бо навгониҳо дар нашру табъи буклетҳои хос шӯҳрат баровард . Дар соли 1989 барои эҳёи забони тоҷикӣ ба “Фонди забони тоҷикӣ” беш аз 50 ҳазор рубли замони Шӯравӣ ирсол карда буд, ки барои он даврон як маблағи хеле бузург маҳсуб мешуд. Ширкати ӯ ҳамин тавр бори аввал дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба истеҳсоли рақамҳои давлатии мошинҳо оғоз кардааст.

Азизхоҷаев ба Расул Боқиев 3000 доллар ҷоиза дода буд
Азизхоҷаев ба Расул Боқиев 3000 доллар ҷоиза дода буд

Азизхоҷаев дар баробари тиҷорат ба падидаҳои мусбати ҷомеа вокуниш нишон медод. Ӯ дар вақти ба фурӯш баромадани саҳмияҳои Роғун эълон кард, ки бо маблағи як миллион сомонӣ саҳмия харидааст. Соли 2008 Азизхоҷаев барои пирӯзиашон дар мусобиқоти гуштии Бозиҳои олимпии Пекин ба Юсуф Абдусаломов 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба Расул Боқиев 3 ҳазор доллар тӯҳфа карда буд.

Азизхоҷаев беш аз даҳ рӯз аст, ки дар ӯӯъбаи судии бемористони амрози рӯҳии Кӯктош бистарӣ шудааст ва маълум нест, ки табобати ӯ то кай давом мекунад? Дар сурати берун шудан аз бемористон парвандаи ӯ ба додгоҳ меравад ва ин соҳибкори як замон хеле муваффақи тоҷик метавонад аз кати бемористон ба ҳуҷраи зиндон бикӯчад.

XS
SM
MD
LG