Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: "Азизхоҷаев барои интиқод аз ҳукумат боздошт шудааст"


Абубакр Азизхоҷаев.
Абубакр Азизхоҷаев.

Cозмони дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик даъват кардааст, ки соҳибкори мунтақиди ҳукумат Абубакр Азизхоҷаевро раҳо намоянд. Азизхоҷаев аз 4 моҳ ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch рӯзи 20-уми май бо нашри як изҳорот, аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки соҳибкори мунтақид Абубакр Азизхоҷаевро озод намояд. Абубакр Азизхоҷаев аз моҳи феврал ба ин тараф дар боздошт ба сар мебарад.

Бар пояи ин гузориш, ки дар торнамои расмии ин созмон нашр шудааст, Абубакр Азизхоҷаев баъди интиқодаш аз фасодкорӣ дар фаъолияти мақомот ва Шамсулло Соҳибов, масъули ширкати "Фароз" дастгир шуда ва мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст.

Стив Свердлов, як масъули ин созмон гуфтааст, ки боздошт ва таҳқири як нафар танҳо барои интиқод аз домоди президент дар кишваре, ки иддао мекунад ҳуқуқи башар ва волоияти қонун риоя мешавад, набояд иттифоқ афтад. Ин масъули Созмони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки Абубакр Азизхоҷаев бояд раҳо шавад ва онҳое, ки ӯро азият кардаанд, муҷозот шаванд.

Дар гузориши Созмони дидбони ҳуқуқи башар аз қавли наздикону пайвандони Абубакр Азизхоҷаев омадааст, ки интиқодҳои ӯ аз фасодкории мақомот сабаби эълон кардани айб алайҳи ӯ мебошад. Азизхоҷаев бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) айбдор мешавад.

Созмони Дидони ҳуқуқи башар дар ин изҳорот ҳамчунин аз дастрасии маҳдуди наздикон ба Абубакр Азизхоҷаев интиқод карда ва гуфтааст, ки дар мулоқоти ахир дар баданаш осори шиканҷа ошкор шудааст.

Абубакр Азизхоҷаев рӯзи 26-уми феврали соли равон дар наздики Маркази савдои Тоҷикистон (собиқ Фурӯшгоҳи марказӣ)дар маркази Душанбе боздошт шудааст. Ба дунбол, ӯ дар нимаи дувуми моҳи апрел дар шӯъбаи судии бемористони амрози рӯҳии Кӯктош бистарӣ шуд. Мақомот он замон гуфта буданд, ки аз нигоҳи рӯҳӣ Абӯбакр Азизхоҷаев, раҳбари ширкати “Дурнамо”, ҳоли хуб надорад, бинобар ин, тавсия шудааст, то беҳтар шудани саломатиаш дар шӯъбаи судии бемористони амрози рӯҳӣ дар маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шавад.

Қаблан пайвандон ва наздикони Абубакр Азизхоҷаев да Радиои Озодӣ гуфтанд, афроди алоҳидае, ки аз номи мақомоти баландпоя сӯҳбат мекарданд, тиҷорат ва ширкати ӯро аз худ карданд. Ба ин хотир, Абӯбакр Азизхоҷаеваз болои ин афрод пайваста ба раисҷумҳур ва дигар мақомҳо шикоят мебурд. Ин пайвандони Азизхоҷаев он замон гуфта буданд, ки эҳтимол ин афрод ба хотири халос шудан аз шикоятҳои бешумори Азизхоҷаев аз ин роҳ истифода кардаанд.

Боздошт, иттиҳом ва табобати иҷбории Абӯбакр Азизхоҷаев дар ҳолест, ки ӯ тайи панҷ соли ахир бо афрод ва ширкатҳои гуногун баҳсҳои судӣ дошт ва ҳамеша аз ноадолатиҳо дар баррасиҳои аризаҳояш шикоят мекард. Охири соли 2015 ӯ дар пайи як баҳс бо яке аз бонкҳои кишвар бар ивази қарзи қисман пардохтнашудааш, хонаи худро дар маркази Душанбе аз даст дод.

Азизхоҷаев моҳи январ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба ин муомилаи қарзӣ гуфта буд, ки “як солу як моҳ шуд дар суд саргардонем, ҳеҷ чиз ҳал нашуд. Ҳар моҳ барои дар хонаи худам нишастан ба корманди бонк 800 доллар иҷорапулӣ медиҳам.”

Абӯбакр Азизхоҷаеви 60-сола аз нахустин нафаронест, ки охири солҳои 80-ум ба тиҷорат оғоз кардааст. Ӯ бо навгониҳо дар нашру табъи буклетҳои хос шӯҳрат баровард . Дар соли 1989 барои эҳёи забони тоҷикӣ ба “Фонди забони тоҷикӣ” беш аз 50 ҳазор рубли замони Шӯравӣ ирсол карда буд, ки барои он даврон як маблағи хеле бузург маҳсуб мешуд. Ширкати ӯ ҳамин тавр бори аввал дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба истеҳсоли рақамҳои давлатии мошинҳо оғоз кардааст.

Азизхоҷаев дар баробари тиҷорат ба падидаҳои мусбати ҷомеа вокуниш нишон медод. Ӯ дар вақти ба фурӯш баромадани саҳмияҳои Роғун эълон кард, ки бо маблағи як миллион сомонӣ саҳмия харидааст. Соли 2008 Азизхоҷаев барои пирӯзиашон дар мусобиқоти гуштии Бозиҳои олимпии Пекин ба Юсуф Абдусаломов 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба Расул Боқиев 3 ҳазор доллар тӯҳфа карда буд.

XS
SM
MD
LG