Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба муҳокимаи парвандаи соҳибкор Абӯбакр Азизхоҷаев пардохтааст, ки ҳадди аққал як моҳ дар бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рудакӣ таҳти муолиҷа буд ва дубора ба боздоштгоҳи Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. Масъулини додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 28 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имрӯз рӯзи аввали мурофиаи Абӯбакр Азизхоҷаеви 60-сола баргузор шуд ва дар ҷараёни он айбнома ва санадҳое, ки аз ҷониби вакилони дифоъ пешниҳод гаштаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раҳбарии мурофиаи Азизхоҷаевро додрас Темур Ҳафиззода, муовини раиси суди Исмоил Сомонӣ ба дӯш дорад. Абубакр Азизхоҷаев, ки баъди боздошташ 26 феврали соли ҷорӣ бо моддаи 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (“Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”) айбдор дониста мешуд, баъдан аз ҷониби додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ инчунин бо моддаи 32, қисми 3 ҳам муттаҳам эълон шуд.
Азиз Сангинзода, раиси додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 28 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар шарҳи иттиҳоми дуюми зидди соҳибкор, ки “тайёрӣ ба ҷиноят” мебошад гуфт: “Моддаи 32 “Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят” буда, дар идомааш қисми иловагӣ дорад, яъне “тайёрӣ барои содир кардани ҷинояти дигар ё сӯиқасд барои содир кадани ҷинояти дигар мебошад. Сӯиқасд ба ҷиноят - ҷинояти хотимаёфта нест. Дар модда талабот пеш гузошта шудааст, ки ҳангоми сӯиқасди ҷиноят ҷазо набояд аз ҳадди муайян бештар бошад, агар додгоҳ айбдоршавандаро гунаҳкор ҳисоб кунад. Гунаҳории айбдоршавандаро мурофиаи судӣ, қарори судӣ ва хонаи машваратӣ мушаххас хоҳад кард”.
Ҷаноби Сангинов таъкид кард, ки то замони содир шудани ҳукми додгоҳ Абубакр Азизхоҷаев гумонбар мебошад ва дараҷаи гунаҳкорӣ ё бегуноҳии ӯро додгоҳ муайян мекунад. Умар Азизхоҷаев, бародари соҳибкор мегӯяд, худи ӯ ва вакили мудофеаш дар боздоштгоҳ бо вай пайваста мулоқот мекунанд ва, ба гуфтаи ӯ, Абӯбакр Азизхоҷаев ба онҳо батаъкид гуфтааст, ки худро аслан гунаҳкор намеҳисобад. Ҳоло дар шароити боздоштгоҳ соҳибкор аз болоравии фишори хун шикоят карда пайваста аз хешовандонаш овардани доруву дармонро талаб мекунад.
Боздошти соҳибкор мавриди нигаронии созмонҳои байналмилалии назири Human Rights Watch ва ё Парлумони Аврупо шуд. Дар изҳороти онҳо боздошти Азизхоҷаев ва иттиҳому парвандаи ӯ “сиёсӣ” арзёбӣ шуда, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мешуд, ки соҳибкорро озод кунанд. Ба қавли онҳо, Азизхоҷаев барои шикоятҳояш ба раиси ҷумҳурии кишвар аз болои ноадолатиҳо дар пешбурди бизнесу тиҷорат аз ҷониби афроди наздик ба ҳукумат азият мешавад.
Қабл аз боздошт давоми тахминан панҷ соли охир соҳибкор бо афрод ва ширкатҳои гуногун баҳсҳои судӣ дошт ва ноодилона баррасӣ шудани аризаҳояш шикоят мекард. Охири соли 2015 ӯ дар паи баҳсе бо як бонки маҳаллӣ хонаи худро ҳам дар маркази Душанбе аз даст дод. Хешовандони Азизхоҷаев мегӯянд, ки эҳтимолан собиқ шарикони тиҷоратии ӯ хостаанд, ки барои халос шудан аз шикоятҳои соҳибкор кори ӯро ба дасти тафтишот супоранду худашро боздошт кунанд.
Исми Абӯбакр Азизхоҷаев бори аввал дар охирҳои солҳои 1980-ум ҳамчун як тоҷир ва ҳам як шахси фаъоли ҷамъиятӣ вирди забон шуд. Ӯ бо навгониҳо дар нашру табъи буклетҳои хос шӯҳрат баровард. Дар соли 1989 барои эҳёи забони тоҷикӣ ба “Фонди забони тоҷикӣ” беш аз 50 ҳазор рубл тақдим кард, ки барои он даврон як маблағи хеле бузург маҳсуб мешуд. Ширкати ӯ ҳамин тавр бори аввал дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба истеҳсоли рақамҳои давлатии мошинҳо оғоз кардааст.
Солҳои 2000-ум дар авҷи маъракаи фурӯши пуштибонии Роғун ӯ эълон кард, ки бо маблағи як миллион сомонӣ саҳмия харида барои бунёди нирӯгоҳи азим саҳм мегузорад. Соли 2008 Азизхоҷаев барои пирӯзиашон дар мусобиқоти гуштии Бозиҳои олимпии Пекин ба Юсуф Абдусаломов 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба Расул Боқиев 3 ҳазор доллар тӯҳфа карда буд.