Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 рӯз то оғози Бозиҳои олимпӣ. (РЕПОРТАЖ АЗ БРАЗИЛИЯ)


Варзишгарони тоҷик рӯзи дувум аст дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5-уми август ифтитоҳ меёбанд, омодагӣ мебинанд.

Дар айни ҳол аз ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии кишвар дохиланд, шаш нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), инчунин Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) бо мураббиёни худ дар ошёнаҳои 9-ум ва 12-уми бинои рақами 14-и Деҳаи олимпӣ зиндагӣ мекунанд.

Барои ҳайати варзишии Тоҷикистон ҳамагӣ 9 ҳуҷра, ки 17 кати хоб дорад, ҷудо шудааст. Дар ҳар як ҳуҷра дунафарӣ иқомат мекунанд, ки барояшон шароити зарурӣ фароҳам аст. Умуман, дар ҳудуди деҳа 31 бинои истиқоматӣ, майдонҳои теннис, футбол, ҳафт ҳавзи шиноварӣ, дармонгоҳ, толори бадансозӣ ё фитнес, маркази иттилоотӣ ва майдончаҳо барои чорабиниҳои фарҳангӣ (рақсу бозӣ ё дискотека) ҷойгир шудаанд.

Барои амнияти ширкаткунандагони Бозиҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Деҳаи олимпӣ низ таҳти назорати шабонарӯзии кормандони пулис ва хадамоти амниятӣ қарор дорад.

Яке аз вазифаҳои душвортарин ин омода кардани ғизост. Барои варзишгарон ғизои миллии бисёр кишварҳо пешкаш мешавад. Масоҳати ошхонаи Деҳаи олимпӣ ба се майдони футбол баробар аст.

Рӯзи 1 август дар Деҳаи олимпӣ маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Гурзандоз Дилшод Назаров ва ду мураббиаш рӯзи 3 август ба Рио-де-Жанейро меоянд. Зимнан, Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мешавад, интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.

“Мо дар Олимпиадаи Рио аз Дилшод Назаров медал чашмдорем. Инчунин ду варзишгари дигари мо – дзюдочӣ Комроншоҳи Устопириён ва муштзан Анвар Юнусов низ имкони ба даст овардани ҷоизаҳои Бозиҳоро доранд, вале ин аз натоиҷи қуръакашӣ дар ин намудҳо бастагӣ дорад. Ҳар бегоҳ дар ситоди корӣ мо масъалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳоро баррасӣ мекунем”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар дар Олимпиадаи Рио мебошад.

АКСҲОИ БЕШТАРРО ИНҶО БУБИНЕД:

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Ҳоло дар ин ҷо фасли зимистон аст ва ҳарорати ҳаво аз +18 то +25 дараҷа мебошад. Иқлими Бразилия гарму рутубатнок аст. Фарқи вақти байни Душанбе ва Рио-де-Жанейро ҳашт соатро ташкил медиҳад.

Варзишгарони тоҷик ба Бразилия пештар омадаанд, то ин ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ шаванд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август барпо мегарданд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.

Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Амрикои Ҷанубӣ маҳсуб мешаванд. Дар назар аст, ки дар ин Бозиҳо 10500 варзишгар аз 206 кишвар ширкат мекунанд. Дар қиёс бо Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон ба барномаи Олимпиадаи Рио-2016 ду намуди нави варзиш – голф ва регби-7 – дохил шудаанд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

6-16 август, бокс

Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзулло Латифов,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG