Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ” ба зинаи севум баромад


"Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки бар тими "Барқи тоҷик"-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, дар ҷадвал ба ҷойи севум баромад.

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода рӯзи 2 ноябр дар бозии даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бар тими мизбон - "Барқи тоҷик"-и Душанбе - бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Се голи меҳмононро Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов ва Фаридун Шарифов ва як голи мизбононро Фирӯз Раҳматов ба ҳадаф расонданд.

Баъд аз ин пирӯзӣ "Регар-ТадАЗ" бо 30 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи севум баромад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 16-ум

"БАРҚИ ТОҶИК" - "РЕГАР-ТАДАЗ" — 1:3

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 38 (0:1). Комрон Турсунов, 55 (0:2). Фаридун Шарифов, 64 (0:3). Фирӯз Раҳматов, 90+3 (1:3).

«Барқи тоҷик» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев, Фаррух Фузайлов, Сафархон Мирзоев, Ромиз Баҳриддинов, Сергей Абрамов, Фирӯз Юсуфов (Шодмон Тағойзода, 74), Вайсиддин Сафаров, Самад Шоҳзуҳуров, Сорбон Карамов, Соломон Течи, Фирӯз Раҳматов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фаррух Чориев, Бахтиёр Азимов, Расул Файзов (Шерзод Муҳаммадиев, 80), Фаридун Шарифов, Нозим Бобоҷонов (Акбар Бобомуродов, 83), Фирӯз Қараев (Музаффар Сироҷиддинов, 80), Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Фаррух Фузайлов, Сергей Абрамов («Барқи тоҷик»), Далерҷон Тухтасунов, Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

2 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

15

14

1

0

58-2

43

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

11

3

2

32-14

36

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

8

6

2

24-12

30

4

«Равшан» (Кӯлоб)

15

9

2

4

34-24

29

5

«Хайр» (Ваҳдат)

16

8

4

4

20-23

28

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

7

2

6

13-17

23

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

16

3

3

10

15-27

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

16

3

2

11

13-28

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

2

4

10

6-30

10

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

0

1

15

4-42

1

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 18 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 16 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 7 тӯб.

Ёдовар мешавем, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Баъди он ки рӯзи 1 ноябр дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ аз бошгоҳи ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, “Истиқлол” барои рақибонаш дастнорас шуд ва пешакӣ мақоми аввалро соҳиб гашт.

“Истиқлол”, ки бо 43 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натоиҷи се бозии боқимонда муқобили «Барқи тоҷик», «Равшан» ва «Хуҷанд», медалҳои тиллои мусобиқотро азони худ кард.

“Хуҷанд” барои дарёфти ҷойи дувум ва медалҳои нуқра муддаии аслӣ маҳсуб мешавад. Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ се даста – “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Хайр” - талош доранд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мавқуфгузоштаи даври чордаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои«Равшан» ва «Истиқлол» рӯзи чоршанбеи 5 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб соати 14:30 шурӯъ мешавад.

XS
SM
MD
LG