Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, раёсати ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки муҳокимаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби Шайх Темур дар боздоштгоҳи рақами аввали Душанбе сурат бигирад. Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои ҳамин, мурофиаи Шайх Темур на ҳамон тавре ки қаблан гуфта мешуд, ошкоро, балки паси дарҳои баста мегузарад ва имкони иштироки хабарнигорон вуҷуд надорад. Дар ҳоле ки қаблан ҳам намояндагони Додгоҳи олӣ ва ҳам вакилони мудофеи Шайх Темур мегуфтанд, мурофиа ба таври ошкор ва бо ҳузури хабарнигорон хоҳад гузашт. Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон", "монеъ шудан ба таҳсили фарзандон" ва "бисёрзанӣ" муттаҳам мешавад. Ӯро 16 феврали соли ҷорӣ бо дархости Додситонии кулл ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Шайх Темур то он замон дар "ҳабси хонагӣ" дар шаҳри Турсунзода буд. Ба гуфтаи додрасон, ӯ иттиҳомот дар бораи монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва бисёрзаниро эътироф кардааст.