Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупоро надидану... мурдан


Имсол яке аз маргбортарин солҳо барои муҳоҷиронест, ки бо убур аз баҳри Миёназамин қасди рафтан ба Аврупоро доштанд. Вале... то он ҷо нарасиданд.

Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҳоли расидагӣ ба қазияи дарёфти 10 нафарест, ки ба воситаи нерӯҳои дарёии Малта, Юнон ва Италия аз ғарқшавӣ наҷот ёфтаанд. Онҳо рӯзи сешанбе аз ваҳшати муҳоҷирон дар ҷараёни ин садамаи дарёӣ ҳикоят кардаанд.

Ба қавли наҷотёфтагон, ҳама чиз аз он ҷо сар шуд, ки қочоқчиёни инсон дар миёни баҳр аз муҳоҷирон талаб кардаанд, савори қаиқ ё заврақи дигаре шаванд. Муҳоҷирон заврақи ҷадидро ноамн шумурда, ҳозир нашудаанд, ба он савор шаванд. Қочоқчиён бо қаиқи худ он қадар ба заврақи муҳоҷирон зада ва мунтазир шудаанд, то қаиқи ҳомили 500 нафар комилан ғарқ шавад.

Наҷотёфтагон мегӯянд, 300 нафаре, ки дар табақаи зер буданд, фавран ғарқ шуданд, як нафар ҳам аз шиддати ноумедӣ худро дор кашидааст. Вале 200 муҳоҷири дигар ба якдигар кумак карда, ҳар чизе дар дастрасашон буд, овехтанд, то дар об шиновару зинда бимонанд ва чандин нафар ҳам се рӯзи тамом зинда мондаанд. Аммо вақте ҳаво бадтар, мавҷҳо баланд ва бод шадид шудааст, онҳо ҳам як ба як зери об рафтаанд.

Леонард Дойл, сухангӯи Созмони байналмилалии муҳоҷират, мегӯяд, то ба ҳол аз миёни ҳудуди 500 муҳоҷири киштии ғарқшуда, танҳо се ҷасад кашф шудааст. Ба гузориши хабаргузории Олмон, бештари мусофирони киштӣ шаҳрвандони Сурия, Миср ва Фаластин буда, теъдоди назарраси кӯдаконро бо худ доштаанд. Онҳо 10 рӯзи пеш сафарашонро аз бандари Домит дар Миср шурӯъ кардаанд.

Сухангӯи созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, онҳо дар ҳоли бозрасии як киштии гумшудаи дигар бо 200 мусофир дар соҳилҳои Либиё ҳастанд. Бар асоси эъломи ин созмон, аз аввали сол то ба ҳол теъдоди муҳоҷироне, ки ҷони худро дар роҳ ба сӯи Аврупо аз даст додаанд, наздик ба 3 ҳазор аст. Уилиям Лейси Свинг, дабири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират, ба хабаргузории Олмон гуфтааст, теъдоди кушташудагон дар соҳил ва обҳои Аврупо такондиҳанда ва ғайриқобили қабул аст. Ӯ гуфтааст, “ин рискҳое, ки муҳоҷирон мепазиранд, мо наметавонем ба сарнавишти онҳо бетаваҷҷуҳ бошем”.

Тобистони имсол Созмони байналмилалии муҳоҷират хостори таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба фоҷиаи марги муҳоҷирон дар баҳрҳо, ба унвони як мушкили ҷаҳонӣ, на як мавзӯи фақат маҳдуд ба баҳри Миёназамин шуда буд. Имсол яке аз маргбортарин солҳо барои муҳоҷиронест, ки бо убур аз баҳри Миёназамин қасди рафтан ба Аврупоро доштанд. Хабаргузории Ассошиайтед- Пресс низ менависад, мақомҳои муҳоҷиратии Италия нисбат ба кушта шудани 700 нафар дар ду садамаи ҷудогона изҳори нигаронӣ кард. Омори кушташудагон дар ду ҳафтаи гузашта баробари теъдоди кушташудагони садамаҳои дарёӣ дар кулли соли гузаштаи милодист.

XS
SM
MD
LG