Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари Шаҳло: Ман ӯро хеле дӯст медоштам... (2 ВИДЕО)


Икром, шавҳари Шаҳло
Икром, шавҳари Шаҳло

Шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева, ки дар синни ҳамагӣ 25 худкушӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, худро дар марги ҳамсараш гунаҳкор намешуморад.

Икром Сатторов, шавҳари 32-солаи Шаҳло Рустамхоҷаева, ки 10 рӯз пеш худкушӣ кард, душанбеи 1-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол намедонад, ки чаро ҳамсараш даст ба ҷони худ зад. Ба гуфтаи ӯ, дар зиндагии муштараки онҳо ягон сабаби ҷиддие дар миён набуд, ки Шаҳлоро ба худкушӣ расонад.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони Шаҳлои 25-сола маҳз шавҳари ӯро сабабгори марги ин ҷавонзан мешуморанд. Онҳо мегӯянд, Икром пайваста духтари онҳоро лату кӯб мекард ва ӯро ба дараҷае расонд, ки маргро аз зиндагӣ авлотар донист.

Икром Сатторов рад намекунад, ки гоҳҳо бо ҳамсараш ҷанҷол мекард ва ба ӯ гапҳои пасту баланд гуфтааст, аммо мегӯяд, боре ҳам Шаҳлоро назадааст. Вай гуфт, Шаҳлоро хеле дӯст медошт ва бе ӯ зиндагӣ карда наметавонад.

Ниҳоят, духтари Шаҳлои ҷавонмарг
Ниҳоят, духтари Шаҳлои ҷавонмарг

Дар ҳоле ки Икром як андоза маъюс ба назар мерасид, гуфт, Шаҳло се рӯз қабл аз худкушиаш қаҳр кардаву ба хонаи модараш рафта буд. Байни зану шавҳар пиромуни хӯроки шому рахти хоб моҷаро сар зада буд. Икром мегӯяд, ҳамсараш нахостааст, барои ӯ ғизо омода кунад ва баҳона овардааст, ки хаста аст: «Баъд ман гуфтам, майлаш, ман худам хӯрокамро рафта мехӯраму ту то омадани ман ҷойгаҳамро парто. Омадам, ки ҳоло ҳам ҷои хобам омода нест. Шаҳло фақат ҷои хоби худашу ҳарду духтаронамонро партофтааст, аммо аз маро не. Шаҳло гуфт, ту рав, дар хонаи дарун хоб кун! Гуфтам, набошад, ҷои хобамро дар хонаи дигар парто. Дар хонаи дигар ҳам ба зудӣ ҷогаҳамро напартофт. Сахт асабӣ шудаму дарро сахт зада, берун баромадам. Шишаи дар шикст. Дар ҳавлӣ сигор кашида истода будам, ки Шаҳло «ғавғо» бардошта, ба падару модараш занг зада гуфтаст, то омада ӯро бубаранд. Гӯё ман маст бошаму ӯро зада мекушам. Ҳол он ки ман 6 соли охир умуман арақ наменӯшам.»

Икром гуфт, он шаб модараш дар хона набуд. Танҳо пас аз омадани падару модари Шаҳло, ӯ ба модараш занг зада аз воқеа хабардор кардааст. Модари Икром бо модари Шаҳло маслиҳат карда, Шаҳлоро ором карданд ва хостанд ба хонаашон баргарданд. Вале Шаҳло истодагарӣ карда гуфтаст, ки дар ин хона зистан намехоҳад ва ӯро ҳамроҳашон бубаранд. Икром мегӯяд: «Бо очааму хушдоманам маслиҳат карда гуфтем, ки бигузор Шаҳло равад, каме ором шавад ва баъди се рӯз боз гашта биёяд. Ҳамон рӯзе ки бояд ба хона меомад, ӯ худкушӣ кард.»

Сайёра Рустамхоҷаева, модари Шаҳло, ки дар ҳавлии истиқоматияш бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, шаби якшанбеи 17-уми август домодаш мастомаст духтарашро зери лату кӯб қарор додааст. Бино бар ин, духтараш дар соати 12-и шаб занг зада, аз модараш хостааст, то ӯро ба хонаашон бубарад. Модари Шаҳло мегӯяд, шабе ки Шаҳлоро ба хонаашон овард, ҳама баданаш сиёҳу кабуд буд. Ба қавли ӯ, қаблан ҳам чандин бори дигар духтарашро маҳз бар асари зӯровариҳои домодаш ба хона овардааст.

Марҳабо Рустамхоҷаева, апаи бузурги Шаҳло мегӯяд, сабаби ҳама ҷанҷолҳои Шаҳло бо шавҳараш зани дигар доштани Икром буд. Икром, ба гуфтаи ӯ, қабл аз хонадор шуданаш бо Шаҳло дар Маскав зани дигар доштааст: «Аз пушти зани пештарааш чанд бори дигар ҳам ҷанг шуда буданд. Вақти дар Маскав буданаш хоҳарамро аз хона пеш кардааст. Падарам, ки ҳамон шабу рӯз ҳамон ҷо буд ва ронанда шуда кор мекард, як ҳафта хоҳарамро рӯзона ҳароҳаш мегирифт ва шабона дар хонаи як шиносамон шабашро рӯз мекард. Оқибат падарам худашон хоҳарамро гирифта оварданд.»

Ба нақли пайвандони Шаҳло, ӯ қаблан як бори дигар ҳам қасди худкушӣ кардааст ва ӯро аз ғарқшавӣ хоҳарарӯсаш наҷот додааст.

Аммо Икром мегӯяд, ӯ танҳо Шаҳлоро дӯст медошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми зиндагиашон дар Маскав Шаҳло мегуфтааст, ки зиқ шудаам, маро Тоҷикистон равон кунед, ва ҷанҷол бардошта, се бор қасди худкушӣ ҳам кардааст. Як бор рагҳои дасташро буриданӣ шуда, бори дуюм аз ошёнаи сеюм худро партофтан хостааст ва бори сеюм худро ғарқ карданӣ шудааст.

Мақсуда Сатторова, хушдомани Шаҳло ба Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз келин кардани Шаҳло ба хонаводаи онҳо гуфта буданд, ки мо оилавӣ дар Маскав зиндагӣ мекунем. Аммо пас аз он ки ба Маскав рафтанд, Шаҳло, ба гуфтаи хушдоманаш, гиряву ҷангу ҷанҷолро бардоштааст, ки Тоҷикистон баргаштан мехоҳад: «Ҳар рӯз гапу кораш ҳамин буд. Ҳар қадар насиҳат мекардем, гӯш намекард. Зорӣ мекардам, ки моро фаҳм. Охир роҳи кам нест, ки дар ҳар се моҳ рафта омадан гирӣ. Аммо ӯ аз якравияш намемонд.»

Ҳам пайвандони Шаҳло ва ҳам хонаводаи шавҳараш таъкид мекарданд, ки Шаҳло ҳамеша мегуфт, ки дар он хона зистан намехоҳад.

Тавре аз сӯҳбат ба хонаводаи Шаҳло маълум шуд, Икром қаблан низ як маротиба Шаҳлоро талоқ додааст. Вале боз ривоят ёфта, дубора издивоҷ кардаанд.

Шаҳло дари рӯзҳои арӯсиаш
Шаҳло дари рӯзҳои арӯсиаш

Икром мегӯяд, азбаски Шаҳлоро хеле дӯст медошт, дубора ӯро ба никоҳи худ даровард. Қаблан Шаҳло як бор 8 моҳ ва бори дуюм як сол дар хонаи волидонаш зиндагӣ кардааст. Танҳо ду моҳ пеш ӯро холаҳои шавҳараш ба хонаи Икром бурдаанд. Аммо Икром аз ин охирин имконе ки дошт, истифода бурда натавонист.

Зариф Ғулом, собиқ додраси тоҷик бар асоси таҷрибаи корияш дар Тоҷикистон мегӯяд, бештари занҳое, ки қасди худкушӣ мекунанд, се далели асосӣ доранд - вақте зан зиёд зери фишор қарор мегирад, ҳангоме ба ӯ тӯҳмат мезананд, ки бо каси дигар муносибат дорад ваё ба далели вазъи бади молӣ: «Вақте ба иззати нафси зан мерасанд, ӯ чораи дигар намебинад ва даст ба худкушӣ мезанад. Ба хусус он занҳое, ки ба қавле, номусашон хеле баланд аст, тӯҳматро таҳаммул карда наметавонанд.»

Худкушии Шаҳлои 25-сола дар ҳоле расонаӣ шуд, ки бино ба омори расмӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон дастикам 1 зан қасди ҷони худ мекунад. Тибқи итиллои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нимаи аввали соли равон 318 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд, ки аз ин миён 153 нафарашон занон будаанд.

XS
SM
MD
LG