Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аълочии милиса" ба сержанте, ки Мавзунаро аз худкушӣ наҷот дод


Сержант Парвизҷон Ёқубов, ки ҳафтаи гузашта як сокини шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир наҷот дод, бо фармони вазири умури дохилӣ унвони "Аълочии милиса"-ро соҳиб шудааст.

Сержант Парвизҷон Ёқубов, ки ҳафтаи гузашта Мавзуна Зокирова -- як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз қасди худкушӣ дар дарёи Сир боздошт, бо нишони сарисинагии "Аълочии милиса" сарфароз шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, фармони Рамазон Раҳимзода дар ин бора 31 март содир шуда, таъкид гардидааст, ки ин унвон "барои содиқона ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, дарки баланди масъулият ва нишон додани ҷавонмардӣ, ҳамзамон наҷот додани шахси ғарқшуда" супорида мешавад.

Ёқубов корманди хадамоти таъминотии пулиси шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ рӯзи 25 март Мавзуна Зокироваи 25-соларо, ки ба қасди худкушӣ аз болои купрӯки дарёи Сир худро ба об партофта буд, аз хатари ғарқшавӣ наҷот медиҳад.

Худи Парвизҷон Ёқубов рӯзи 26 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “як нафари ношинос ба шӯъбаи дохила занг заду хабар дод, ки як зан худро ба дарё андохтааст. Ман зуд худамро ба соҳил расондам, ки вай аллакай дар об аст. Дигар вақти либоскашӣ набуд ва ман бо

либосам худро ба оби Сир заадам. Об хеле сард буд ва то онки худамро ба ин зан расондаму берунаш овардам, ягон 10-15 дақиқа гузашт. Вақте аз об берунаш овардам, ба ман таънаомез гуфт ки: "Маро беҳуда наҷот додӣ..." Ин занро баъд мошини “Ёрии таъҷилӣ” бурд.”

Мақомоти умури дохилии Суғд гуфтанд, таҳқиқи ин ҳодисаро, ки Мавзуна Зокирова чаро қасди худкушӣ дошт, додситонӣ бар уҳда дорад. Худи Парвизҷон Ёқубов дар мавриди шахсияти зане, ки наҷот додааст, гуфт, ин зан шавҳар ва фарзанд дошта, гӯиё ба далели мушкили хонаводагӣ мехостааст, худкушӣ кунад.

Ҳамон рӯз сомонаи расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса зери унвони “Ҷасорати корманди милитсия” матлабе нашр карда, гуфта буд, "кормандони милитсия баробари ҳифз намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тинҷию осоиштагӣ дар кишвар, ҳамчунин муҳофизи ҳаёти ҳар як инсон буда, бо далерию омодагии ҳамаҷониба дар ҳама ҳолат аз худ корнамоӣ нишон дода, садоқат ба касби пуршарафи хешро собит месозанд."

Парвизҷон Эркинҷонович Ёқубов соли 1991 ба дунё омада, соли 2009 мактаби рақами 17-и шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ ду сол боз дар бахши таъминоти шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Парвизҷон ду сол пеш хонадор шудааст.

Вилояти Суғд аз нигоҳи шумори худкушиҳо, бахусус дар миёни занон, дар Тоҷикистон дар ҷои якум меистад. Теъдоди онҳое, ки ба далоили мухталиф, вале асосан ба маҳзи мушкилоти иҷтимоӣ ваё ҷанҷолҳои хонаводагӣ даст ба ҷони худ мезананд, бахусус дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он бештар мушоҳида мешавад. Худкушиҳо дар ин минтақа бо шеваҳои мухталиф, аз ҷумла ба дор кашидан ё нӯшидани доруи зиёд анҷом мешаванд, вале як бахши аъзами онҳое, ки мехоҳанд ба зиндагӣ падруд бигӯянд, худро аз рӯи пул ба Сирдарё меандозанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд. Вилояти Суғд аз нигоҳи худкушии занҳо дар кишвар дар ҷои аввал меистад ва танҳо дар соли 2014 дар ин вилоят 125 зан дар ин минтақа ба ҷони худ қасд кардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳое ки қасди худкушӣ мекунанд, ҷавонанд, вале зери бори гарони мушкилоти зиндагӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ илоҷе ба ҷуз буридани риштаи умрашон барои худ намеёбанд.

XS
SM
MD
LG