Дар Испания сабабҳои ба маризии Эбола гирифтор шудани як ҳамшираи шафқат тафтиш мешавад. Ин хонуми 40-сола ду рӯҳонии испаниеро парасторӣ мекард, ки дар Африқои ғарбӣ ба Эбола гирифтор шуда, дар Испания аз олам даргузашта буданд. Ӯ нахустин шаҳрванди Испания аст, ки дар худи кишвар ба ин вабои марговар гирифтор шудааст.
Расонаҳои испанӣ рӯзи 7 октябр навиштанд, ки вазъи ҳамшираи шафқат мӯътадил аст ва ӯ ахиран ба ҳуҷраи махсуси бемористони Шоҳ Карлоси 3 интиқол ёфт.
Дар ҳамин ҳол Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи душанбе аз нақшаи тафтиши тиббии ҳама мусофироне хабар дод, ки вориди Амрико мешаванд. Ӯ дар баёния аз ҳукуматҳои дигар давлатҳо интиқод кард, ки дар мубориза бо хурӯҷи маризии Эбола ба таври зарурӣ вокуниши шадид намекунанд.
Ба иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бар асари хурӯҷи Эбола дар Африқои Ғарбӣ тақрибан 3400 нафар ба ҳалокат расидаанд.