Шаби гузашта дар нахустин бозиҳои даври ҳазфии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразил, чаҳор даста аз Амрикои лотинӣ бо ҳам рақобат карданд.
Мизбони мусобиқот дастаи Бразилия дар як дидори бисёр сахту душвор Чилиро танҳо дар зарбаҳои ҷаримавӣ шикаст дод ва роҳии марҳилаи чорякфиналӣ шуд.
Ду даста давоми 120 дақиқаи бозӣ ҳамагӣ якборӣ дарвозаи якдигарро боз карданд ва ҳамин тавр дар зарбаҳои пеналӣ Бразил бо ҳисоби 3:2 Чилиро шикаст дод. Бо ин пирӯзӣ Бразил роҳии марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳон--2014 шуд.
Дар бозии дигари ин давр Колумбия тавонист бо ҳисоби 2:0 Уругвайро шикаст диҳад ва ба марҳилаи баъдӣ роҳхат бигирад.
Ҳамин тавр дар даври баъдӣ дастаи мизбони Ҷоми ҷаҳонӣ бо дастаи Колумбиия бо ҳам рақобат мекунанд.
Имшаб дар марҳилаи ҳазфии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ бозиҳои дидани дигар баргузор хоҳанд шуд. Соати 21:00 ба вақти Душанбе Ҳолланд бо Мексика ва соати яки шаби алакай 30 июн ба вақти Душанбе Коста-Рика бо Юнон рақобат хоҳанд кард. Ғолибони ин ду бозӣ низ дар даври баъдӣ ба дидори ҳам мераванд.